Нохушнудии Худованд аз зану марди танҳо

Худои Мутаол аз зану марди танҳо хушнуд нест, махсусан онҳое, ки ҷавонанд ва бори аввалашон аст. Махсуси ҷавонҳо ҳам нест. Худои Мутаол издивоҷ ва зиндагии муштаракро дӯст медорад.

Марду зане, ки ҳамаи умрро ба танҳоӣ мегузаронанд, аз диди Ислом матлуб нест. Ин гуна афрод мисли як мавҷуди бегона дар маҷмӯаи пайкараи инсонӣ аст. Ислом ин тавр хоста, ки хонавода селули ҳақиқии маҷмӯаи пайкараи ҷомеа бошад на фарди танҳо.

Баракот ва хушнудии Худованд дар издивоҷ

Фурсати издивоҷ ва ором гирифтан дар маҷмӯаи хонавода, яке аз фурсатҳои муҳимми зиндагӣ аст. Барои зану мард – ҳарду – ин як василаи оромиш ва осоиши руҳӣ ва дилгарм шудан ба идомаи фаъолияти зиндагӣ аст. Василаи тасалло ва пайдо кардани як ғамхори наздик, ки барои инсон дар тули зиндагӣ лозим аст. Қатъи назар аз ниёзҳои табии инсон, ки ниёзҳои ғаризӣ ва ҷинсӣ мебошад, масъалаи таваллуди насл ва доштани фарзанд ҳам худ аз дилхушиҳои бузурги зиндагӣ аст.

Пас мебинед, ки ҳарду тараф, ки инсон нигоҳ мекунад, издивоҷ як амри муборак ва як падидаи бисёр муфид аст. Албатта яке аз муҳимтарин фоидаи издивоҷ, ҳамон ташкили хонавода аст ва бақияи масоил мисли доштани насл ва ... дар дараҷаи ду мебошад.

Инак духтару писари азизу ҷавони мо хуб медонанд, ки ҳадафи аслӣ дар “издивоҷ” ва натиҷаи олии ин пайванди муқаддас “ташкили хонавода” аст.

Дар рӯзгори мо ҳама аз хонавода мегӯянд ва дағдағаи хонаводаро доранд. Ҷомеашиносон аввалин ҳалқаи шаклгирии бунёни ҷомеаро хонавода медонанд. Равоншиносон решаи ҳолоти равонии инсонҳоро дар хонавода ҷустуҷӯ мекунанд. Донишмандони тарбият, нуқтаи азимати тарбиятро хонавода медонанд ва муслиҳони иҷтимоӣ ҳар навъ таҳаввули ислоҳгароёнаро марбут ба хонавода медонанд ва ...

Ба ростӣ хонавода чӣ қадар аҳамият дорад?

Назари Ислом дар ин бора чист?

Чигуна метавон шолудаи хонаводаро маҳкам кард?

Ва...

идома ...

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст