Аҳммият ва зарурати тарбияти одамӣ, бар касе пӯшида нест. Ҳеҷ мазҳаб ва гурӯҳе нест, ки аҳаммият ва зарурати тарбияти одамиро инкор кунад, ихтилофот ҳама дар аҳдоф ва равишҳои тарбияти одамист, зеро аз вижагиҳои одамӣ тарбият пазирии ӯст. Нозил шудани китобҳои осмонӣ ва фиристодани расулон ва паёмбарон барои тарбият ва ҳидояти ӯст.
Пешвоёни мо дар ривоёти мутааддиде бар зарурат ва аҳаммияти тарбият дар ин даврон таъкид кардаанд.
Паёмбари Акрам(салаллоҳу алаҳи ва олиҳи васаллам) мефармоянд:
مَا نَحَلَ وَالِدٌ وَلَدَهُ نُحْلًا أَفْضَلَ مِنْ أَدَبٍ حَسَنٍ
"Ҳеҷ падаре ҳадияи беҳтар аз тарбияти некӯ ба фарзандаш надодааст."
Ва ҳамчунин имоми Содиқ(а) мефармояд:
وَ تَجِبُ لِلْوَلَدِ عَلَى وَالِدِهِ ثَلَاثُ خِصَالٍ اخْتِيَارُهُ لِوَالِدَتِهِ وَ تَحْسِينُ اسْمِهِ وَ الْمُبَالَغَةُ فِي تَأْدِيبِه
"Фарзанд бар падар се ҳақ дорад: Интихоби модари муносиб барои ӯ, (модари воҷиди шароит ва ҳамшаън) номи нек ниҳодан бар ӯ ва ҷиддияту талош дар тарбияти ӯ."
Дар зер аз истилоҳи тарбият ва таъорифи истилоҳии он, ишора мекунем.
1. Тарбият: кашондани одамист ба сӯи арзишҳои волои инсонӣ, чунон ки он арзишҳоро бифаҳмад, дӯст бидорад ва ба кор оварад.
2. Тарбият: маҷмӯи умурест, ки дар созандагии шахсияти рӯҳиӣ инсон дахолат дорад.
3. Тарбият: ба феълият расондани истеъдод ва ба камол расондани мустаидди камол аст.