Издивоҷе, ки Худои Мутаол суннат қарор дод ва офариниш ҳам онро металабад, яке аз неъматҳо ва асрори Илоҳӣ ва яке аз падидаҳои иҷтинобнопазири зиндагии башарӣ аст.
Таълимоти динӣ аз ҷумла оёти Қуръон, дар баёни фалсафаи издивоҷ ба ҳамин асл таваҷҷӯҳ дошта, пайванди заношӯиро, ки аз зеботарин лаҳзаҳои зиндагии занону мардон аст, онро аз оёт ва нишонаҳои Илоҳӣ ва сарчашмаи оромиш ва осоиш медонад:
وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِّتَسْكُنُوا إِلَيْهَا ً
“Ва аз нишонаҳои Ӯ ин аст, ки аз ҷинси худатон ҳамсароне барои шумо офарид, то дар канорашон ором гиред...”. Сураи Рум ояти 21
Ва боқӣ мондани насли башарро натиҷаи ин амри муборак ва пурбаракати издивоҷ мешуморад:
وَاللّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَاجًا وَجَعَلَ لَكُم مِّنْ أَزْوَاجِكُم بَنِينَ وَحَفَدَةً
“Ва Худованд барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо писарон ва наводагоне падид овард…”. Сураи Наҳл ояти 72
Инак лаҳзаи пуршукӯҳи як пайванди осмонӣ фаро мерасад. Ду раҳрави ҷавон мехоҳанд бар асоси хост ва ризояти Худованд, даст дар дасти ҳам, роҳи зиндагиро ба сӯи ҳадафи болои он сайр кунанд.
Ростӣ, ин чи паймони маҳкам ва муҳимме аст!
Табиат ва ғаризаи одамӣ ва равони пурталотумаш “ҳамсар” металабад. Руҳи беқарораш бе “ӯ” эҳсоси нуқсону камбудӣ мекунад. Худованд ҳар якро бе дигарӣ намеписандад ва ҳазрати Паёмбар(с) абди солеҳ ва бандаи маҳбубаш ҳам ин амри мубораки “издивоҷ”-ро суннати хеш ва роҳи расидан ба ризояти Илоҳӣ ва ҳифзи нисфи аз дин муайян мекунад.
Мехоҳи бештар бидонанд то бо ҳушёрӣ ва огоҳӣ аз “издивоҷ, як арзиш аст яъне ояти Илоҳист” ки ту худ як ояти Илоҳӣ ҳасти. Огоҳ бош, ки дастури издивоҷ аз ҷониби Павардигори туст. Парвардигори ту барои такомул ва пешрафти модди ва маънавият ин амри муборак вапурарзишашро ба андозаи нисфи имон қарор додааст.