Зиндагӣ як корвони тулоние аст, ки манозилу мароҳил ва ҳадафи волое дорад. Ҳадафи инсон бояд ин бошад, ки аз вуҷуди худ ва мавҷудоти перомунаш барои такомули маънавию нафсонӣ истифода намояд. Аслан мо барои ин ба дунё омадаем. Мо дар ҳоле вориди дунё мешавем, ки аз худ ихтиёре надорем. Кӯдакем ва таҳти таъсир ҳастем, аммо тадриҷан ақли мо рушд мекунад ва қудрати ихтиёр пайдо мекунем. Инҷо он ҷое аст, ки лозим аст инсон дуруст бияндешад ва дуруст интихоб кунад ва бар асоси ин интихоб ҳаракат кунад ва ба пеш биравад.

Агар инсон ин фурсатро ғанимат бишуморад ва аз ин чанд сабоҳе, ки дар ин дунё ҳаст хуб истифода кунад ва битавонад худашро ба камол бирасонад, он рӯзе, ки аз дунё хориҷ мешавад, мисли касе аст, ки аз зиндон хориҷ шудааст ва аз ҳамон лаҳза зиндагии ҳақиқӣ оғоз мешавад.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст