Пешниҳоде барои як сафари тулонӣ
Ибтидоитарин ниёз дар зиндгаи муштарака, барои эҳсоси саодат ва хушбахти, шинохт аст. Вақте тасмим ба издивоҷ мегиред беҳтар аст то шинохти фарди мутақобил сари суфраи ақд “бале”ро нагуед.
Як сафари дароз
Мутолиа барои барномарези беҳтар як сафар аҳамияти зиёде дорад ва сафаре дар азои ҳафтод сол балки бештар, ҳатман арзиши соатҳо мутолиаро дорад.
Агар ба шумо ҳамин ҳоло хабар диҳанд ки қуръа ба номи шумо афтода аст ва шумо ба фалон кшвари Европои барои сафар интихоб шудаед хеле хушҳол мешавед ва аз ҳамакнун худро барои он сафар омода мекунед. Яке аз корҳое ки дра канори таҳияи лавозими сафар ва харид анҷом хоҳед дод, мутолиа дар бораи он кишвар аст. Каме мутолиа мекунет то он кишварро бишиносед ва аз ҷоҳои дидани ва марказҳои муҳимми тафреҳи ва саёҳати ва харидаш огоҳ мешавед. Ин беҳтарин роҳ барои расидан ба як барномарези матолуб аст то битавонед дар он муддати маҳдуд беҳтарин истифодаро бибаред. Илова бар инки бо донистани он кишвар дигар дар тангно қарор намегиред.
Издивоҷ мисли як сафар
Мумкин аст ҳамин имрӯз тасмиме бигиред ва албатта мумкин аст ман ин тасмимпро чанд сол пеш гирифта бошед ки бо шахсе бо вижагиҳои мутафовит ҳамсафар шавед. Дар аввал ин сафар бо ин одам мутафовит як қароре гузошта ва худро нисбат ба он қарор мутааҳҳид медонед. Номи он қарор издивоҷ аст ва аз он ба баъд, ҳамсафар садо мекунед. Хуб, барои ин сафар ва барои ҳамнишин бо ин шахсият мунҳасир ба фард чи барномае доред? Чи қадар дар бораи ӯ мутолиа кардаед ва аз руҳиёт, ахлоқиёт ва шеваи рафтор бо ӯ иттилоот ба касб кардаед?
Марду зан, ду махлуқи Худованд ҳастанд бо вижагиҳо ва истеъдодҳои гуногун. Ҳарчанд дар бисёре аз ҷиҳатҳо, тафовуте миёни онҳо нест, аммо тафовутҳои бузурге байни зану мард вуҷуд дорад. Агар касе аз ин тафовутҳо ва баъзан тазодҳо огоҳ набошад, рафторҳояш мутаносиб бо ҷинси мухолиф нахоҳад буд ва интизороти ро низ бароварда нахоҳад шуд. Зимни инки ниёзҳо ва тавақуъҳои худаш ҳам дар он зиндаги ҳосил намешавад. Зиндагӣ ки суде барои тарафай надошта бошад ва рафъи ниёзҳои аъзои он ақим бимонад, натиҷае ҷуз хусрон ва талхкоми ё ҷудои ва талоқ нахоҳад дошт.
Тафовут, воқеияти инкорнашудани
Агар касе гумон кунад ки марду зан ҳар ду яке ҳастанд ва тафовуте миёни онҳо нест ва ба баёни дигар, занон ҳамон корҳоеро анҷом диҳанд ки мардон метавоанд ва мардон низ метавоанд онгуна бошанд ки занон ҳастанд, аввалин хишти каҷ хоҳад буд. Вақте илм собит мекунад ки зан сохтори мутафовит аз мар дорад, тафовуте ки ҳам дар бадани онҳо намуд дорад ва ҳам дар руҳиёт ва халқиёт, дар ин сурат хатост ки ҳар дуро бар як кор бигуморем ё бо ҳар ду бо як шева бархурд кунед ва аз ҳар ду як чиз бихоҳем.
Пас вақте байни ин ду мухлуқи Худованд, тафовут вуҷуд дорад, ҳамзисти саодатмандона онҳо мусталзими огоҳи аз ин тафовутҳо хоҳад буд. Огоҳи аз хислатҳо, хостаҳо, тарзи фикру навъи нигоҳ, тавоноиҳо ва қобилиятҳо метавонад ба тасмимигири дар бораи ин сафар муассир бошад.
Бисёре аз ихтилофот ва нокомиҳои зиндаги хонаводаги аз надоштани шинохсти шуруъ мешавад ва дар муқобили калидид ҳалли бисрё ез инҳо, касби шинохти завҷайн нисбат ба якдигар аст. Шинохте ки болотар аз донистани ранг ва хуроки мавриди алоқаи ҳамсар аст.
Шинохти ҳамсар, ҳунар аст.
Вақте мард шинохти дурусте аз ҳамсараш дошта бошад, медонад ки ҳангоми гиряи ҳасараш чи кунад, пургуи ҳамсарашро дарк мекунад ва алоқаи ҳамсараш ба хонаводаашро мефаҳмад ва медонад дар муқобили ин рафторҳо чи вокунше дошта бошад. Зан ҳам вақте ҳамсарашро шинохт иқтидорашро намешиканад, иллати сукутҳо гоҳ бегоҳро меднад ва бо мавқеиятшиноси саҳеҳ, замони муносиб абарои дарди дил бо шавҳарашро пайдо мекунад.
Шинохти ҳамсар як маҳорат аст, ҳамчунон ки ронандаги маҳорат маҳсуб мешавад. Вақте касе зеру бами мошину роҳ ва ронандагиро надонад, наметавонад аз ӯ ронанадгаи дуруст ва моҳиронае дид. Марде ки шинохте нисбат ба занон ва руҳиёти онҳо надорад ва аз зане ки мардонро намешиносад, наметавоанд тавақуъи рафтори дуруст ва хушбахти дар зиндагиро дошт.
Таҷриба, роҳи хубе барои шинохт аст аммо кифоят намекунад. Чаро ки бисёре аз нуктаҳои калидиро дар зери саҳифаҳои китобҳо ва бо мутолиа метавон ёфт. Илова бар инки бисёре аз занон ва мардон хостаҳо худ ва далели интихзобашон ё огоҳ нестенд ё аз ошкор кардани он барои ҳамсарашон шарм медоранд.
Мавлавӣ дар китоби Маснавии Маънави мегуяд:
Ҳар ки нақси хешро диду шинохт
Андар истекмоли худ даҳ асба тохт
Фосилаи зану мард аз ҳамдиагр зиёд аст аммо розҳое дар мавриди мардон ва занон вуҷуд дорад. Ин розҳо калиди ҳалли муаммои зиндаги ва нақшаи дастёби ба ганҷи оромиш ва хушбахти аст. Замоне ба ин ганҷ даст хоҳед ёфт ки худатонро бишиносед, ҳамсафаратонро бишиносед ва барои шинохти беҳтар дар ин замина мутолиа кунед ва дар сурати лузум ба мушовира муроҷеа кунед. Бо ин тавсифҳо, барои ҳафтод сол зиндагӣ, чанд соат бояд мутолиа кард?