Парвардигори ҳастӣ дар каломи нуронии хеш, аз вуҷуди ду гавҳари арзишманд дар миёни мо инсонҳо хабар дода ва ба тарзи шигифтоваре онҳоро сутуда ва мақом ва манзилате мисолзаданӣ барои онҳо қоил шудааст. Ин ду гавҳари гаронсанг, яке вуҷуди пурхайру баракати падар аст, ва дигаре, вуҷуди пурмеҳру отифаи модар.

Мақом ва манзилате, ки он ягона холиқи ҳастӣ барои падару модар қоил шуда, мӯъминони роҳи ҳақ ва ташнагони роҳи фазилат ва камолро ба шигифтӣ водоштааст. Худованди беҳамто дар бахше аз каломи нуронии хеш, инсонҳоро нисбат ба некӣ дар ҳаққи падару модар суфориш намуда ва дар ин бора ба зебоӣ фармуда: “Ва одамиро дар бораи падару модараш суфориш кардем; (аз он рӯ, ки) модараш вайро бардошт (дар шикам) дар ҳоли нотавонӣ бар нотавонӣ (яъне ҳамли ӯ барояш сустӣ ва нотавонии рӯзафзун буд), ва даврони ширхорагии ӯ дар ду сол аст; (суфориш кардем), ки шукргузори Ман (Худой) ва падару модарат бош, ки саранҷоми ҳама ба сӯи Ман аст.” (Луқмон/14).

Чунон ки мулоҳиза фармудед, дар ин ояти шарифа, Худованди беҳамто шукргузорӣ аз падару модарро дар канори шукргузории хеш қарор додааст, ки ин худ баёнгари аҳаммияти фавқулода волое аст, ки он ягона холиқи ҳастӣ барои он ду гавҳари боарзиш қоил шудааст.

Модар дар эҳтиром, саҳми бештаре дорад

Аз Паёмбари гиромии ислом (с) дар мавриди ҳаққи модар суол карданд, он ҳазрат (с) дар посух фармуд: ҳайҳот, ҳайҳот, агар ба шумори регҳои биёбон ва қатраҳои борон дар хидмати модар биистед, баробар бо як рӯзе ки дар шиками ӯ будед нахоҳад буд. (Мустадрак, 15/182).

Фармоиши Паёмбари раҳмат (с) ҳақиқате аст, ки каломи нуронии ҳазрати Ҳақ низ онро таъйид менамояд. Он ягона холиқи ҳастӣ дар сураи муборакаи Аҳқоф дар бораи ин амр фармуда: “Ва мо инсонро ба некӣ дар бораи падару модараш суфориш кардем; модараш бо душворӣ ӯро ҳамл кард ва бо душворӣ ӯро зоймон намуд.” (Аҳқоф/15).

Дар ҳадис омадааст, ки марде назди Паёмбари гиромии ислом (с) омад ва арз кард: эй Паёмбари Худо! Ба чӣ касе некӣ кунам? Фармуд: ба модарат. Арз кард: баъд аз ӯ ба чӣ касе некӣ кунам? Фармуд: ба модарат. Барои севвумин бор арз кард: баъд аз ӯ ба чӣ касе? Ҳазрат фармуд: ба модарат. Ва дар чаҳорумин бор вақте ин суолро такрор кард, ҳазрат фармуд: ба падарат. (Кофӣ, 2/159-160).

Оё ҳаққи модарамро адо кардам?

Дар ривоят омадааст, ки марде модари пир ва нотавони худро бар дӯш гирифта буд ва ба тавофи хонаи Худо машғул буд, дар ҳамин ҳангом, хидмати Паёмбари раҳмат (с) расид ва арз кард: оё ҳаққи модарамро бо ин амал адо кардам? Ҳазрат (с) дар ҷавоб фармуд: на, ҳатто як нафаси ӯро ҷуброн накардӣ! (Тафсири “Фи зилолил-Қуръон”, Сайид Қутб нақл кардаам, ҷ.7, саҳ.415).

Агар як шаб модар бо ту маънус бошад, аз як соли ҷиҳод дар роҳи Худо беҳтар аст!

Яке аз муҳимтарин воҷиботи дин ва дастуроти асосии ислом, ки аз аҳаммияти вижае бархӯрдор аст, мавзӯъи ҷиҳод ва пайкор дар роҳи Худост. Ҳол, дар мавриди ин воҷиби муҳимми илоҳӣ, донистани ин амр лозим ва зарурӣ аст, ки агар аҳёнан рафтан ба ҷиҳод, мӯҷиби нороҳатии волидайн шавад, будан дар хидмати падару модар муҳимтар аз ҷиҳод аст, магар ин ки ҷиҳод ҷанбаи вуҷуби айнӣ пайдо кунад.

Дар ривоят аст, ки марде назди Паёмбари Акрам (с) омад ва арз кард: ман ҷавони бонишоте ҳастам ва ҷиҳодро ҳам дӯст дорам, вале модаре дорам, ки мухолифи ширкати ман дар ҷиҳод аст ва аз ин амр нигарон ва нороҳат мешавад. Паёмбари раҳмат (с) дар посух фармуд: баргард ва бо модари хеш бош, қасам ба он Худое, ки маро ба ҳақ ба паёмбарӣ барангехтааст, агар як шаб модар бо ту маънус бошад, аз як соли ҷиҳод дар роҳи Худо беҳтар аст! (Кофӣ, 2/163).

Нигоҳи муҳаббатомез ба модар, ибодат аст.

Яке аз шеваҳои амалии ибрози муҳаббат, нигоҳи утуфатомез ба модар аст. Ҳар нигоҳ паёме дорад. Нигоҳи муҳаббатомез ба модар, дар ҳақиқат паёми сипосгузорӣ ва қадрдонӣ аз заҳматҳои бешумори ӯро ба ҳамроҳ дорад. Аз ин рӯст, ки дар ривояте, нигоҳи муҳаббатомези фарзанд ба модар, ибодат баршумурда шудааст. Ҳамчунин дар фармоише аз Паёмбари Акрам (с) омадааст: “Ҳангоме ки фарзанд бо меҳру муҳаббат ба чеҳраи модари худ нигоҳ мекунад, дарҳои осмон ба раҳмат гушуда мешавад.” (Модар, конуни меҳрубонӣ, Ҳамзам Каримхонӣ).

Ризоятии модар

Яке аз нишонаҳои ин ки як нафар мусалмон бо имон аз дунё рафта ин аст, ки ҳангоми марг калимаи шаҳодат (Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун Расулуллоҳ) бар забон ҷорӣ созад. Нақл аст, ки рӯзе ба Расули Акрам (с) хабар доданд, ки фалон ҷавони мусалмон дар сакароти марг ва ҷон додан аст, вале наметавонад калимаи шаҳодат бар забон ҷорӣ созад.

Ҳазрати Расули Акрам (с) бар сари болини он ҷавон ҳузур ёфт ва хитоб ба он ҷавон фармуд: бигӯ,Ло илоҳа илаллоҳ! Вале мисли ин ки забони ҷавон қуфл шуда бошад, наметавонист калимаи шаҳодат бар забон биёварад.

Ҳазрат чанд бор такрор кард, вале ҷавон ба гуфтани калимаи тайибаи Ло илоҳа илаллоҳ қодир набуд.

Зане дар канори бистари ҷавон машғули парасторӣ аз ӯ буд, ҳазрат (с) аз он зан пурсид: оё ин ҷавон модар дорад?

Зан посух дод: бале, ман модари ӯ ҳастам.

Ҳазрат фармуд: оё аз фарзандат нороҳат ва норозӣ ҳастӣ?

Гуфт: оре, муддати панҷ сол аст, ки бо ӯ сухан нагуфтаам.

Ҳазрат фармуд: аз фарзандат розӣ шав.

Арз кард: ба эҳтироми шумо, аз ӯ розӣ шудам ва Худованд низ аз ӯ розӣ бошад.

Сипас ҳазрат (с) ба он ҷавон фармуд: бигӯ,Ло илоҳа илаллоҳ!

Дар ин мавқеъ буд, ки он ҷавон тавонист калимаи тайибаро бар забони худ ҷорӣ кунад. (Ба нақл аз Достони ҷиҳил ҳадис аз Расули Худо (с), Абдуллоҳи Солеҳӣ).

Ҳол, навиштори мазбурро бо шеъре аз шодравон Лоиқ Шералӣ дар васфи модар ва ҳамчунин бо чанд ҷумла хитоб ба модари азизам ба поён мерасонам:

Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,

Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.

Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,

Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.

Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,

Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар.

Зи рӯят нур меборад ба рӯи зиндагониям,

Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.

Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв,

Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.

Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?

Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.

Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,

Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар.

Модар! Эй мазҳари раҳмати Худо! Эй саросар меҳрубонӣ! Туро меситоям ва азиз медорам, туро қадр мениҳам ва бузург мешуморам, ки ту роҳе ба сӯи биҳиштӣ! Ризои Худоро аз ризои ту меҷӯям ва аз хашми ту, ки хашми Худост, дурӣ мекунам!

Tojikon.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст