Ҳеч боғбонеро сарзаниш намекунанд, ки чаро гирди боғи худ симхору девор кашидааст. Чун боғи бедевор аз осебу зарар дар амон  нест ва мева ва маҳсуле барои боғбон боқӣ наме-монад. Ҳеч кас ҳам бо номи «озодӣ», девори хонаи худро бар намедорад ва шабҳо дари ҳавли-ашро боз намегу-зорад; чун хатари дуздӣ ҷиддӣ аст.

    Ҳеч соҳиби ганҷу ҷавҳаре ҳам ҷавоҳироти худро бе муҳофизатдар пеши диди раҳгузарон қарор намедиҳад то бидурахшад, ҷилва кунад ва дил бирубояд; чун худи ҷавоҳир рабуда мешавад. Ҳар чизе, ки қиматтар бошад , дарсади нигаҳбониаш низ болотар меравад. Ҳарчи, ки нафистар бошад, тарси рабудан ва ғорат карданаш бештар аст ва нигаҳбониаш лозимтар. Агар дари шишаи атрро боз бигзорӣ, атраш мепарад. Агар риштаи марворидатро дар сандуқ нагузорӣ ва дари онро набандӣ, гум мешавад . Агар дар муқобили тирезаи хонаат тӯр назанӣ, аз неши пашшаҳо ва  музоҳимати магасҳо дар амон нахоҳӣ буд. Вақте роҳи пашшаҳоро мебандӣ, худро «ҳифз» кардаӣ, на «маҳдуд» ва зиндонӣ. Вақте дари хонаро мебандӣ ё пушти панҷараи утоқ парда меовезӣ, хонаи худро аз даромадани бегона ва аз нигоҳҳои нороҳаткунанда дар паноҳ қарор додаӣ, на инки худро дар қайду  банду зиндон афканда бошӣ. Агар барои эминӣ аз хатарҳо ва осудагӣ аз ташвишдиҳандагон , худро бипӯшонӣ, касе айб намекунад, агар ҳам айб кунад, эътино намекунӣ; зеро суханашро бе-мантиқ ва ноогоҳона медонӣ.  Инки «дил бояд пок бошад» баҳонае барои гурези ҷоҳи-лона аз ҳамин масуният ва покӣ аст ва овехтан ба шохаи «беқайдӣ», вагарна аз дили пок ҳам набояд ҷуз нигоҳ ва рафтори пок бархезад.

Зоҳироинаи ботин аст ва...«аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст». Зан, ба хотири арзиш ва каромате, ки дорад , бояд маҳфуз бимонад ва дар бозори савдогарони шаҳват, худро ба баҳонаи чанд нома ва лабханд , нафурӯшад. Зан бахотири латофате, ки дорад, набояд дар дастҳои зишти комҷӯёни девсират, ки ниқоби меҳрубонӣ ва ишқ бар чеҳра доранд, пажмурда шавад ва пас аз он ки гули покиашро чинданд, ӯро дур андозанд ё зери пояшон лагадмол кунанд. Зан ба хотири покие , ки дорад ва меросдори покии Маряму Фотима (а) аст, набояд бозичаи ҳавас  ва олуда ба вируси гуноҳ гардад.

 Гавҳари покӣ ва ифоф камарзиштар аз тилло ва пулу  маҳсули боғ ва васоили хона нест. Дуздони имон ва ғоратгарони шараф низ фаровонанд. Соддагӣ ва хомӣ аст, ки касе худро дар ҷойгоҳи диду тамошои заҳролуд ва чашмҳои нопок қарор диҳад ва ба дилбарӣ ва ҷилвагарӣ бипардозад ва хаёл кунад бемордилон ва роҳза-нони ифофро ба васваса намеандозад ва аз заҳри нигоҳҳо ва неши пашшаҳои шаҳват,  дар амон мемонад. Баъзе аз «нигоҳ»-ҳо вируси «гуноҳ» пахш мекунад. Ва баъзе аз чеҳраҳо, ҳашароти музоҳим ва халалрасон ҷамъ мекунад.

Хароб кардани ҳамаи деворҳо ва бардоштани ҳамаи пардаҳо ва боз гузоштани ҳамаи панҷараҳо, нишонаи тираандешӣ аст на равшанфикрӣ; аломати ҷоҳилият аст на тамаддуну пешрафт.

Бовар намекунӣ? Ба сарнавишти касоне нигоҳ кун, ки пас аз  расвоӣ ва беобурӯӣ, бо ду дасти пушаймонӣ бар сари ғафлати хеш мезананд ва бар ҷаҳолати худ лаънат мефи-риcтанд.

Касе, ки аз ҷамоати расво нагурезад, расвои ҷамоат мешавад. Онки имонро бар луқмаи ноне мефурӯшад, онки Юсуфи зебоиро бар чанд сиккаи қалбакӣ   иваз мекунад; онки «кӯдаки поку бегуноҳ»-ро назди садҳо гурги гурусна мебарад ва ба тамошо мегузорад, рӯзе ҳам «пушти девори надомат» ашки ҳасрат бар домани пушаймонӣ хохад рехт ва дар охират ҳам, дар оташи бепарвоии худ хоҳад сӯхт.

Аз аввал, ки ҷомаи ифоф сафеду  шаффоф аст, набояд гузошт чиркобаи гуноҳ бар он пошида шавад.

Аз аввал бояд ҳушёр буд, ки косаи чинӣ   нашиканад ва ин ҷоми булӯрин рах бар надорад. Аз аввал набояд бар пои бегона, иҷозаи ворид шудан бар киштзори покнажод  дод, ки бӯтаҳои навраси исмату покиро лагадмол кунад.

     Вале... гиря беҳосил асту  бесамар, вақте, ки шоха шикаст ва гул чида шуд!

Yosin.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст