Фаҳмидани инки чи замоне вақти издивоҷи шумост кори содае аст: Ҳар вақт аз танҳои хаста шудед ва омодаги пайдо кардед. Аммо инки бидонед ангезаи издивоҷатон воқеи аст ё фақат ба хотири фишори дигарон ё ру дар руи бо дигарон издивоҷ мекунем, масъалаи муҳимме аст.

Агар шароити поинро доред, яъне вақти издивоҷатон расида аст.

Худатонро танҳо намебинед

Вақте ба солҳои ояндаи зиндагиатон фикр мекунед ва барои ояндаатон барнома мерезед, дар руъёҳое, ки месозед мард ва зани зиндагиатонро ҳам канори худатон тасаввур мекунед. Барои шумое, ки омодаи издивоҷ ҳастед, ҳама чиз дар сояи якасе ки қарор аст дар каноратон бошад, таъриф мешавад ва барномарези бидуни дар назар гирифтани хостаҳо ва маҳдудиятҳои ӯ, маъное надорад.

Аз танҳоиатон мегузаред

Барои шумое, ки ҳоло бештар аз ҳамеша омогаи сохтани зиндаги муштарак ҳастед, талош барои танҳо будан ва хилваткардан бо худ, ҷояшро ба майли канори касе будан медиҳад. Агар ҳанӯз барои издивоҷ кардан омода набошед, танҳоӣ бароятон ҳатто аз будан бо ӯ ҳам арзишмандтар хоҳад шуд ва ба баҳонаи инки ба фурсате барои хилват кардан бо худ ниёз доред, аз будан дар канори ӯ дури хоҳед кард.

Хотироти гузаштаро бастаед

Шояд собиқаи шикастҳои ошиқонаеро дар хотирот дошта бошед аммо агар беонки мутаваҷҷеҳ шуда бошед, чанд вақте аст ба хотири шикастҳои қадимиатон азоб намекашед, яъне барои оғози як робитаи нав омодаед.

Мехоҳед беҳтар аз ҳамеша бошед

Сохтани як зиндагӣ хуб ба шумо барои тағири ангеза медиҳад ва аз шумо одами беҳтаре месозад. Агар омодаи издивоҷ бошед, бо тамоми тавонатон барои бартараф кардани заъфҳоятон талош хоҳед кард ва ҳатто барои сохтани зидании оромтар ва мураффаҳтар бештар аз ҳамеша энержи хоҳед гузошт. Ҳатто агар моли дунё бароятон чандон арзише надошта бошад, баро як оғози беҳтар бештар аз ҳамеша кор хоҳед кард ва аз хостаҳое, ки пеш аз ин ба роҳати баровардашон мекардед, хоҳед гузашт то ба андозаи кофи барои сохтани зиндаги тоза пасандоз дошта бошед. Кор кардан бештар дигар шуморо азоб находад дод ва ба пасандоз не ба чашми маҳрум кардани худ аз хостаҳоятон, балки ба унвони талош барои ҳамвор кандани роҳе, ки бо ҳамсари ояндаатон қарор аст аз он бигузаред, нигоҳ хоҳед кард.

Мехоҳед модар ё падар шавед

Муҳим нест, ки то имрӯз ба баччадор шудан алоқа доштаед ё не ва муҳим нест агар то имрӯз ҳатто як навзодро ҳам дар оғуш нагирифта бошед. Агар фикри издивоҷ дар зеҳнатон ҳак шуда бошад, аз имрӯз бештар аз гузашта ба модар ё падар шудан фикр хоҳед кард.

Метавонед эътимод кунед

Замоне, ки қудрати эътимод кардан ба дигаронро пайдо кардаед, яъне омодаи издивоҷ ҳастед ва дӯст доред ба касе эътимод ва иттико дошта бошед.

Наметарсед

Шумо медонед сохтани як зиндаги тоза кори осоне нест ва ҳатман мушкилот ва сахтиҳои зиёдеро ба ҳамроҳ меоварад, бо ин вуҷуд он қадар барои сохтани як зиндаги муштарак далел додред, ки аз сахтиҳо натарсед ва ояндаро мубҳам ва ҳато ваҳаштовар тасаввур накунед. Ин ба мъанои он нест, ки нигарони нисбат ба оянда надоред. Ҳатто гирифтани тасмиме, ки ба дуруст буданаш имон доред ҳам метавонад нигаронкунад бошад. Ба Худованд таваккул кунед, ки ӯ беҳтарин ҷо барои таваккул кардан аст.

тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст