Ғафлат аз ниёзҳои ҷисмони қобили ҷуброн аст вале бе таваҷуҳи ба ниёзҳои руҳи ва ахлоқи таъсири мустақим бар руҳу равони фард дорад ва ҷуброн кардани ин хадшаи руҳи бисёр мушкил аст. Инсонҳо дорои ду навъ ниёз ҳастанд яке ниёзҳои ҷисми ва модди ва дигаре ниёзҳои руҳи ва ахлоқӣ. Замоне ки зану мард бо якдигар пайванди заношӯи мебанданд таваҷҷуҳ ба ин ниёзҳо аз ҷониби ҳамсар бисёр аҳамият пайдо мекунад. Дар ин мавриди таваҷҷуҳ ба ниёзҳои руҳи ва отифи бештар аз ниёзҳои ҷисмони аҳамият дорад, зеро ғафлат аз ниёзҳои ҷисмони қобили ҷуброн аст вале бетаваҷҷуҳи ба ниёзҳои руҳи ва ахлоқи таъсири мустақим бар руҳу равони фард дорад ва ҷуброн кардани ин хадшаи руҳи бисёр мушкил аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ончи дар боло гуфтем ба бархе аз ниёзҳои руҳи ва ахлоқи ба таври хулоса ишора кунем, ки таваҷҷуҳ ба ин ниёзҳо метавонад ба беҳтар шудани зиндаги заношӯи кумаки шоёне намояд.
1.Шумо бояд бидонед, ки ҳамсаратон дар муқобили дигарон чи навъ рафтореро нисбат ба худаш дӯст дорад. Пас аз огоҳи ҳамон корро бикунед, зеро агар ғайр аз ин рафторро анҷом диҳед, дар руҳияи ҳамсаратон таъсири су мегузоред. Такрори ин осори су низ натиҷааш маълум аст фосилаи амиқе миёни шумо ва ҳамсаратон иҷод мекунад.
2.Шумо бояд бидонед ки ҳамсаратон беш аз ҳар чиз кадом ахлоқу рафтори шуморо дар хона дӯст дорад. Бо огоҳи аз он, ҳамон рафторро аз худ нишон диҳед чун дар ғайри ин сурат ҳамсаратон аз лиҳози руҳи аз шумо фосила мегирад ва ин фосила ба тадриҷ бештар мешавад то ба ҷое мунфаҷир гардад.
3.Бояд ба ин матлаб таваҷҷуҳ дошта бошем, ки пеш аз издивоҷ озод будед ва ба ҳар куҷо мехостед мерафтед ва бо ҳар касе ки моил будед муошират мекардед, вале ҳоло озод нестед. Ҳамсаратон соатҳост ки хонаро барои вуурди шумо омода карда ва интизори шуморо мекашад, лизо набояд ба танҳои машғули ба тафриҳ шавед. Агар лозим аст ки барои анҷоми коре дер ба хона биёед аз қабл далелашро ба ҳамсаратон бигуед, чун интизори маҷҳул руҳро хаста мекунад ва агар такрор шавад як ҳолати яъс дар зиндаги заношӯи ба вуҷуд меоварад.
4.Ҳамчунон зан бояд бидонад, ки набояд бидуни иттилоъи шавҳараш мудати зиёде аз хона берун бошад. Вале агар ба хонаи хешовандаш даъват шавад аз пеш ҷараёнро ба шавҳараш бигуяд агар иҷоза дод биравад вагарна.
5.Агар бархурде миёни ду хешованд рух бидиҳад, марду зан набояд худро дохили даъвои хонаводагии дигарон қарор бигиранд ва аз як тарафи даъво ҳимоят намоянд. Ҳатто он бархурд набояд таъсире дар рафтори зану шавҳар ба ҷо бигузорад.
6.Зан набояд пас аз ба дунё омадани бача, ҳамаи муҳаббати худро маътуфи ӯ бикунад ва шавҳарро фаромуш намояд, балки бояд ба шавҳар бифаҳмонад ки ин фарзандро бадин ҷиҳат дӯст дорад ки пораи ҷигари шавҳараш аст ва дар набуди ӯ хотироти шавҳарашро барояш зинда мекунад, чун дар ғайри ин сурат ба мард латма ворид мешавад ва ба дунболи пайдо кардани муҳаббати дигаре меравад, ки натиҷаи ин кор бисёр равшан ва ранҷовар аст.
7.Аз ҳама муҳимтар ин ки нисбат ба ҳам вафодор бошанд чун ин сифати вафодори бузургтарин такягоҳи зану мард дар зиндаги муштаракашон аст. Ҳар кадом аз онҳо бо эҳсоси ин вафодори мутмаин мешаванд, ки танҳо нестанд. Дар ҳамаи ҳол ёру мунису ғамхоу дилсӯзе доранд ки дар саломати ва бемори ва хушиҳову сахтиҳо ва ба хусус дар даврони пири танҳо нестанд.
8. Гузашти замон издивоҷро дар назари шумо як амри одди ҷилва наҳидед ва нисбат ба ҳам сард нашавед балки саъй кунед ҳамон иштиёқу алоқарор ки дар аввали издивоҷ нисбат баҳам доштед ҳифз кунед, чун агар ғайр аз ин бошад хона кам кам дар назри шумо зиндон мешавад ва ҳар кадом саъй мекунанд аз ин зиндон наҷот ёбанд, мумкин аст баъзе аз занон ва шавҳарони ҷавон бигуянд ин кор чигуна имкон дорад? Дар ҷавоби онон мегуем шумо метавонед бо зинда нигаҳ доштани хотироти рӯзҳои издивоҷ он иштиёқу алоқарор дар худ ҳифз кунед. Ҳар сол рӯзи издивоҷи худро ҷашни сода бигиред албатта дар ҳузури хешовандон ва ё аъзои хонавода бадин васила хотироти худро зинда нигаҳ медоред.
9.Аз сахтгириҳои бемантиқ дури кунед. Мутаассифона бештари мардум дар сари як силсила надешаҳои воҳи ва ғайри мантиқи муроқибат аз зану фарзандонро бо сахтгири ва амъоли фишор иштибоҳ мекунанд. Дураст аст ки муроқибат аз фарзандон ва ҳамсар лозим аст ва як амали ахлоқи ва қалони аст лекин ҳеҷ гуна робитае бо сахтгири ва аъмоли хушунат ва истибдод надорад, чун он муроқибатҳо бояд аз рӯи ақлу тадбир ва эҳтиёт анҷом шавад то тарафи муқобил эҳсос накунад ки таҳти муроқибат ва котрол аст, чун ошкор шудани ин эҳсос ҳам тарафро водор ба ситезаҷӯи мекунад ва ҳам муқаддимаи дилсарди нисбат ба тарафи муқобл аст.
10. Ба ҳарфи бадгуён аҳамият надиҳед. Мумкин аст касе бо шумо душман бошад. Ҳасодат ва айбҷуи як одати табии ва хислати нописанд аст ки мутаассифона дар бештари мардум вуҷуд дорад ба хусус дар мавриди мушоҳидаи саодати ва хушбахтии хонаводаҳо; чун вақте як ҳамсояи ҳасуд ва ё хешованд наздики ҳасуд зиндаги ва рифоҳи шумо зану мардро бубинад нохудогоҳ ҳисси ҳасодат, онҳоро водор ба иқдом бар зидди шумо мекунад.
Аз маҷмуъи ин матлабҳо чунин натиҷа мегирем ки муҳимтарин вазифаи барои зану мард дар зиндаги муштарак он аст ки ба ниёзҳои руҳи ва ҷисми якдигар таваҷҷуҳ дошта боашнд ва нагузоранд ҳеҷ кадом аз авомили хориҷи дар зиндаги онон муассир воқеъ шаванд. Дар инҷо гузашт ва фидокори ва шаҳомат лозим аст то завҷайн битавонанд аз ҳарими зиндагии худ дифоъ кунанд.