Издивоҷ баъд аз булуғи фикри ва иҷтимои афрдои иттифоқ меафтад аммо барои доштани як издивоҷи муваффақ, духтарон ва писарон ниёзманди ёдгири маҳоратҳое ҳастанд, ки бо ҳам буданашронро содатар, ошиқонатар ва созгоронатар мекунад. Ин маҳоратҳо агар чи ҷузви маҳоратҳое аст, ки афрод дар ҳамаи мароҳили зиндаги ба онҳо эҳтиёҷ доранд аммо дар издивоҷ нақши пуррангтаре хоҳанд дошт ва духтар ва писарҳои ҷавон бояд беш аз дигарон ба ёдгири ин маҳоратҳо аҳамият бидиҳанд.

Худшиносӣ

Аввалин ва заруритарин маҳорате, ки духтар ва писарҳо пеш аз издивоҷ бояд касб кунанд, маҳорати худшиноси аст. Ҳар фарде пеш аз издивоҷ бояд рафторҳо, ахлоқҳо ва интизорҳои худашро аз зиндаги мушаххас карда бошад. Худогоҳи ба маънои шинохсти эҳсосот, ҳадаф ва барномаи зиндаги ва саргармиҳо, тавоноиҳо, заъфҳо, арзишҳо, масъулиятҳо, орзуҳо ва истеъдодҳост. Худогоҳи ба ин далел муҳим аст ки ҳар духтар ва писрае пеш аз издивоҷ бояд бидонанд чи ҳадафе доранд ва бар ҳамон асос дар зиндаги барномарези кунад. Аагар фарде худашро аб мизони мавриди ниёз нашиносад, дар интихоби шарики зиндагиаш наметавонда муваффақ амал кунад.

Тасмимгирӣ

Доштани маҳорати тасмимгири яке дигар аз маҳоратҳои муҳимми пеш аз издивоҷ аст. Тасмимгири ва ба дунболи он доштани иродаи қавӣ, ба маҳорат ниёз дорад. Дар зиндагии муштарак мавқеъҳои зиёде пеш меояд, ки агар шумо маҷбур ба тасмимгири ҳастед ва бояд бидонед болиғона ва шуҷоона ва бо дар назар гирифтани мантиқ ва маслиҳат тасмим бигиред. Инҷо дигар падару модар наметавонанд барои ҷузиёти зиндагии шумо тасмим бигиранд. Шумо ва ҳамсаратон бояд маҳорати тасмимгири дошта бошед то ҳам зиндагиатонро дуруст идора кунед ва ҳам роҳро барои дахолатҳои нобаҷои дигарон бибандед.

Агар фарде маҳорати тасмимгири дошта бошад, тасмиҳои хирадмандонатре хоҳад гирифт ва ба таври табии муваффақтар хоҳад буд. Ҳар фаред барои тасмимгири хирдамандона бояд 3 қадам бардорад. Дар қадами аввал, фард бояд ба назари худаш аҳамият бидиҳад ва ба як ҷамъбанди усули бирасад. Ба ин қадам, қадами худхоҳона ҳам гуфта мешавад. Дар қадами дуввум, фард бояд бо иззати нафси боло, назари дигаронро дар бораи тасмимаш бипурсад. Дар қадами севвум ҳам, фард бояд бо барраси назари худаш ва дигарон ба як тасмими дуруст ва мантиқи бирасад ва бо иродаи қавӣ, тасмиҳояшро амали кунад.

Ибрози самимият

Тавонои ибрози муҳаббат ва самими будан, ки аз нишонаҳои рушд ва булуғи отифии ҷавон аст, бояд пеш аз издивоҷ ҳосил шуда бошад ва ҷавон омодаи издивоҷ, бояд аҳамияти ин мавзуъро бидонад ки яке аз муҳиматрин сармояҳои ӯ барои издивоҷи муваффақ, расидан ба рушд ва тавонманди дар зиндаги аст. Чи басо духтар ва писарҳое ки аз имконоти моли ва модди фарвоне бархурдор ҳастанд аммо аз онҷо ки маҳорати муҳаббат кардан ва ишқ варзиданро наёмухтаанд, баъд аз муддати кутоҳе чун қодир ба таҳаммули тарафи муқобилашон нестанд ва наметавонанд посухгӯи ниёзҳои отифи ӯ бошанд, ба роҳати зиндаги муштаркашонро бо мушкиле ба номи талоқи отифи ва ҳатто шикаст ба поён мерасад.

Иртиботи муассир

Омухтани маҳоратҳои иртиботи нав ва муассир дар расидан ба ҳамоҳанги, ризоят ва оромиш нақши қобили таваҷҷуҳе дорад. Дар воқеъ бахше аз маҳораҳои иртиботи дар хуб гуш додан, хуб ҳарф заданд ва хуб таҷзия ва таҳлил кардани суҳбатҳои дигарон нуҳуфта аст. Духтар ва писар бояд бо вижагиҳои рафтори ҷинси муқобил ошно бошанд то вокунишҳои муносибтаре дошта бошанд; ба таври мисол, писаре ки медонад, духтарҳо эҳтиёҷ ба ҳамсаре доранд ки суҳбатҳояҳонро гуш диҳад ва гуфту гу бо ҳамсарашон хаста намешаванд ва ин мавзуъро ба беҳтарин шеваи мумкин мудирият мекунанд.

Ҳамдили ва ҳамроҳи

Ҳамдили ба маънои тайиди рафторҳои фарди муқобил нест балки фақат ба ин маъно аст, ки ҳамсарамон ва шароиташро дарк кунем. Нотавони дар баёни ҳамдили яъне шумо дар мувоҷеҳа бо фарди муқобил шуруъ ба насиҳат, роҳнамои ва ироаи роҳи ҳалл, сарзаниш, ба рух кашидан ва муқоиса, бе аҳамият ва кучак кардани мушкил, иғроқомез ё бузург кардани мушкил, таъриф ва таҳсин кунед. Барои он ки ҳамдили ба беҳтарин шакл анҷом гирад, бояд битавонед ба эҳсосот ва ҳаяҷоноти ҳамсаратон таваҷҷуҳ кунед. Аз диди ӯ ба суҳбатҳояш хуб гуш диҳед. Дар ҳоле ки ба сураташ нигоҳ мекунед, эҳсосотатонро ба ӯ иникос диҳед ва саъй кунед бо эҳсоси тарафи муқобилатон ҳамроҳ ва ҳамранг шавед. Гоҳе вақтҳо афрод ба иштибоҳ, тасаввур мекунанд тафоҳум ба ин маъност, ки мо бо фарди муқобил, комилан ҳамфикр ва ҳам ақида бошем, дар ҳоле ки иътилоф ва тафовут дар дидгоҳҳо, салиқаҳо, орзуҳо, ақоид ва алоиқ ва .... амри табии ва комилан одди аст. Аммо ончи ин ихтилоф ва тафовутро метавонад барои мо, қобили дарк ва фаҳм созад, ҳамон ҳамдили аст ки ба воситаи он, метавонем бисёре аз мушкилоти иртиботии худ бо дигарон, хоса шарики зиндагиамонро бартараф созем.

Ҳалли ихтилоф

Ошкор шудани ихтилофҳо ва тафовут байни афрод, иттифоқи одди ва табии аст, аммо муҳимтар аз он, ин аст ки афрод бояд маҳорати ҳалли ихтилофотро дошта бошанд ва битавонанд ихтилофҳо ё сӯи тафоҳумҳои худ бо дигаронро ба гунаи мантиқи ва мусолиматомез ҳалл кунанд. Гуш додани фаъол ба суҳбатҳои ҳамсар, саъй дар дарк ва пазириши эҳсосоти ӯ ва сӯи истифода аз роҳкорҳои коҳиши нороҳати монанди шухи ва мизоҳи ба ҷо, дигар кардани баҳс, қадам задан, ба гардиш рафтан ва ... метавонад дар ҳалли ихтилоф муассир бошад ва бояд духтар ва писар омодаи издивоҷ дар ба кор бурдани ин равишҳои тавонманд бошанд. Барои онки битавонед ихтилофҳои худро ҳалл кунед бояд битавонед бидуни пархош ва тавҳид ва тунди суҳбат кунед. Ихтилофҳоро пеш аз онки решадор шаванд ҳалл кунед ва аз ҳама муҳимтар, онҳоро инкор накунед. Нодида гирифтани мушкилот ва суҳбат накардан дар бораи онҳо боис мешавад захмҳо амиқ шаванд ва ба содаги дармон намепазиранд. Баъд аз тамоми инҳо бояд барои ҳалли ихтилофот омодагии узрхоҳи ва пазириши хатоҳоятонро дошта бошед.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст