Танҳо чизе, ки метавонад ихтилофоти муҳими зану шавҳарро монанди ихтилофи моли, ғаризи, илми, фарҳанги ва ихтилофоти ноши аз дахолати дигаронро ҳалл кунад; гузашт ва иғмоз аст.
Ихтилоф дар хонаводаҳо махсусан байни зану мард амри комилан табии аст. Муҳол аст марду зан монанди якдигар фикр кунанд. Зеро ҳар кадом дар хонаводае ҷудогона бузург шудаанд, дорои шахсияти хосс, ақоид ва афкоре махсуси худ ва сифатҳое, ки дар асари виросат ё тамрин ба даст оварада ва бар он одат намудаанд, мебошанд. Бинобар ин мард ё зан набояд интизор дошта бошанд, ки тарафи мутақобил монанди онҳо фикр кунад ва дақиқан мутобиқи назари онҳо амал намояд.
Бо вуҷуди ин тафовутҳои табии, ихтилоф дар байни зану мард амри одди аст ва ҳеҷ зану марде наметавонанд дар рӯи замин ҳамсароне бо сад дар сад иттиҳоди салиқа пайдо намоянд. Ва бо таваҷҷуҳ ба ин ихтилофҳо, танҳо гузашт ва иғмоз аст, ки метавонад хонаводаро ором ва дар масири рушд ва таоли муваффақ бидорад.
Ҳангоме ки ноҳанҷориҳое даруни хонаводаҳо решаёби мегардад, ин натиҷа ҳосил мешавад, ки дар ҳар сурат кутоҳе ва қусур аз ҷони яке аз афроди хонавода сурат гирифта аст, вале афроди дигар ҳозир ба гузашт ва хатои ӯ набудаанд. Лизо ба як ноҳанҷори хонавода мубаддал шуда аст. Ин асли тарбияти дар хонавода он қадар муҳим ва корсоз аст ки гоҳ мутхассисони умури хонавода риояти онро муҳимтарин ва асоси тарин асли иҷоди оромиш дар хонавода медонанд.
Гоҳ дида мешавад барои мо риояти ин асл, яъне гузашт аз хатои дигарон кори бисёр сахт ва ғайри мумкин ба назар мерасад дар ҳоле ки ин сифати оли аз даруни инсон сарчашма мегирад ва аз алтофи вижаи Худованд ба бандагони хеш аст ва дар натиҷа риояти он ғайри мумкин нахоҳад буд. لا یكلف الله نفسا الا وسعها ”(
Инсон вуҷудаш бо каромат ҳамроҳ буда аст لقد كرمنا بنی آدم ”( бузургвори ва бузург маниши сифате аст, ки Худованди Мутаол дар вуҷуди мо ба амонат ниҳода аст. Аз лавозими ин сифати илоҳи гузашт ва афв нисбат ба дигарон мебошад. Нуқтаи муқобил ин хасиса, равиши муқобила ба мисл ва интиқом ва сиёсати зарба дар баробари зарба аст ки таҳти унвони “кудак маниши” аз он ёд мешавад. Гузашт аз пояҳои рафиъи хонаводаи мутаодил аст.
Хонаводаи мутоадил ба маънии хонаводаи беайбу нақс нест балки шеваи бархурди онҳо бо нақс ва кости тарафи муқобил шеваи матлуб ва инсони ва ислоҳгарона аст ба гунае, ки бо вуҷуди мушкилот, руҳи таодул бар хонавода ҳоким аст.
Бале бинои хонавода барои устувори, бештар аз ҳар чиз ниёз ба гузашт ва бузургвори дорад. Ғурури беҷо ва нагузаштан аз хатоҳои дигарон ба осони бинои тафоҳум ва таодулро дар ин конуни илоҳӣ мутазалзил мекунад. Мо бояд инро бидонем, ки ҳамаи инсонҳо дар маърази хато ва иштибоҳ ҳастанд.
Ин қонун кулли аст, ки ҳамаи инсонҳо, ба ҷуз паёмбарон ва афроде ки аз гуноҳ пок ҳастанд баёни 20 то 30 дарсад дорои хато ва иштибоҳ мебошанд, пас аҳмон гуна ки мо дуст дорем дигарон аз айбҳои мо бигузаранд мо ҳам бояд гузашт аз дигаронро тамрин намоем то ин сифати писандида дар вуҷуди мо ба сурати малака дар ояд. Чаро ки айбҷуи ва айбгуи ба роҳати шодкоми ва нишотро аз зиндаги берун намуда ва ҷави оканда аз душмани ва кинаро бар хонавода ҳоким менамояд.
Дар Қуръони Карим бар ин асл бисёр таъкид шуда аст. Ба унвони намуна дар сураи Оли Имрон вақте сифати муттақинро баён мекунад мефармояд: ”والكاظمین الغیظ و العافین عن الناس و الله یحب المحسنین
“Хашми худро фуру менишонандв а аз бади мардум дар мегузаранд ва Худованд дустдори некукорон аст.”
Афроди хонавода махсусан зану шавҳар ғолибан бар асари иштибоҳҳои дигаре хашмгин шуда ва даст ба муқобила ба мисл мезананд, ки маъмулан ба суратҳои мисли дод задан, қаҳр кардан, ва ё ҳатто задан ва шикастани баъзе аз чизҳо ошкор мешавад, ки дар ҳар ҳол фазои хонавода ноором мегардад. Қуръони Карим мефармояд: Аҳли тақво ингуна нестанд балки онон ҳангоме хашмгин шудан аз ҳамсари хеш хешми худро фуру мебаранд ”والكاظمین الغیظ” ва болотар онки аз хатои ӯ мегузаранд ”و العافین عن الناس” ва ӯро мебахшад зеро фуру бурдани хашм ба танҳои кофи нест чаро ки мумкин аст кина ва адоват ва душмани аз қалби инсони хашмгин реша кан накунад лизо ”كظم غیظ ва фуру бурдани хашмроо бо афв ва бахшиш ҳамроҳ мекунанд то қалби худро шустушу диҳанд. Ва олитарин онки дар марҳилаи баъд, бо неки кардани ӯ, аз ҷумла ҷуброн кардани бади ҳамсар бо хуби ва ё ба руи ӯ наёвардан ва маломат накардани решаи душманиро дар дили ӯ ҳам месузонанд ва қалби ӯро нисбат ба хеш меҳрубон мегардонанд ва ”والله یحب المحسنین ” ки бо ин кор шоиста дусти Худованд ва маъбуди хешро насиби худ мегардонанд.
Дар ояти дигаре аз Қуръони Карим ба наҳви зеботаре ба ин асли тарбияти муҳим дар хонавода ишора менамояд:
« .... و ان تعفوا و تصفحوا و تغفروا فان الله غفور رحیم»
“Агар афв кунед ва чашм бипушед ва бибахшед (Худованд ҳам, шуморо мебахшад) чаро ки Худованд бахшанда ва меҳрубон аст.”
Дар ин оят аз се калимаи “афв, сафҳ ва ғафр” истифода шуда аст ки силсилаи маротиби бахшиши гуноҳ ва хатои афродро баён менамояд. Вақте касе хатое мекунад ҳам истеҳқоқи муҷозот дорад ва ҳам истеҳқоқи маломат. Афв, гузашт аз муҷозот аст вале сафҳ як дараҷа болотар аст. Яъне на танҳо муҷозот намекунад ба рӯи тарафи ҳам меоварад, номашро ҳам намебрад ва лизо авлиёуллоҳ ҳамеша мақоми болотар аз афв доранд яъне афви онҳо аб сурати сафҳ аст.
Ғафр, боз дараҷаи болтаре аст яъне руи гуноҳро бо раҳмат бипушонад ва лизо мегуем мағфирати илоҳи ғафр кори Худованд аст. Яъне на танҳо муҷозот намекунад, ба рӯи бандааш ҳам намеоварад, рупуши ҳам мекунад яке аз ин ҷиҳат ки намегузорад дигарон аз он иттилоъ пайдо кунанд ва дигар онки аз раҳмат ва фазли худ ҳам чизе ба ӯ изофа медиҳад.
Чи зебо ва ба ҷост, ки дар робитаҳои афроди хонавода махсусан зану шавҳар ин асли тарбияти Қуръон ба кор бурда шавад; ба унвони намуна гоҳ мешавад дар асари фишор кори зан дар хона монанди баччадори, ошпази ва назофати хонавода, зан аз назари ҷисми хаста шуда ва ин хастаги дар руҳи ӯ низ асар мегузорад ва дар натиҷа ҳангоми омадани мард дар хона ва тақозои ӯ дар анҷоми коре бо ӯ пархош менамояд. Дар хонаводае ки Қуръони бошад мард на танҳо хамшгин намешавад ва ӯро мебахшад. Балки ба руи худ ҳам намеоварад. Ҳамчунин бо овардани мева ва ё як пиёла чой бадии ӯро ҳам бо хуби мепушонад. Ва бар акс гоҳ мард аз беруни хона меояд ва бар асари фишори кори руҳаш низ дучори хастаги аст вақте ҳамсар барои суҳабт кардан назди ӯ меояд. Мард тунди менамояд ва ҷавоби ӯро намедиҳад. Инҷост ки зан низ бояд ба рӯи худ наёварда ва ҳамсарашро бибахшад ва бо пазирои аз ӯ, бадии ӯро бо хуби бипушонад.
Метавон тасаввур намуд, ки иҷрои ин равиши тарбияти қуръони дар хонавода, чигуна ин ниҳо илоҳиро ба конуни муҳаббат ва самимият табдил менамояд ва маҳфиле мешавад барои тарбият ва рушди фарзандони қуръони.
Шояд бигуем иҷрои ин се марҳила афв, сафҳ ва ғафр дар ин равиши қуръони аз уҳдаи авлиё бармеояд, чаро ки мо ҳамвора ин навъ бархурдро аз Паёмбар(с) ва бузургони дин дидаем ва мо наметавонем. Дар ҷавоб хоҳем гуфт: Агар дар ин равиши қуръони, ҳатто марҳилаи аввал, яъне фуру бурдани хашми худ ва гузашт ва хатои дигаронро битавонем дар хонавода иҷро намоем оромиш ва саодати хонаводаи мо тазмин хоҳад шуд.
Оби дарёро агар натавон кашид ҳам ба қадри ташнаги бояд чашид.