Доштани ҳамсар, илова бар ин ки заминасози рафъи ниёзҳои отифи ва ғаризи аст, масъулиятпазири ва тааҳҳуди инсонро афзоиш медиҳад ва сабаб мешавад шахс худро амонати ҳамсар бидонад ва дар ҳифзи худ аз лағзишҳо бештар талош кунад.

Издивоҷ

1.Тақарруб ба Худованд ва ҷалби раҳмати илоҳӣ

Паёмбари азизамон ҳазрати Муҳаммад(с) фармуданд, ки аз назари ислом ҳеҷ биное дар назди Худованд маҳбубтар аз издивоҷ нест.

Ва имом Содиқ(а) мефармоянд: Ҳар кас ки мехоҳад Худоро бо ҳолати поки ва покизаги мулоқот намояд бо доштани ҳамсари солеҳ мулоқот намояд.

Пас маълум мешавад ҳар кас издивоҷ кунад Худовандро аз худаш хушнуд карда ва Худованд ҳам раҳмату лутфи худашро шомили ҳоли ӯ ва ҳамсараш хоҳад кард. Имом Содиқ(а) фармудаанд: Дар чаҳор мавқеъ дарҳои осмон ба раҳмат боз ва раҳмати илоҳӣ мешавад: 1.Ҳангоми бориши борон. 2.Ҳангоми боз шудани дари хонаи Каъба.3.Ҳангоми нигоҳ кардан фарзанд ба сурати волидайн (аз рӯи муҳаббат) 4.Ҳангоми издивоҷ.

2.Амал ба суннати Расули Худо(с)

Беҳтарин ва комилтарин улгуи камол, Расули Худо(с) ҳастанд ва ҳар кас ба он ҳазрат шабоҳати бештаре дошта бошад, комилтар аст ва дар байни суннатҳо ва шеваҳои инсонсози он ҳазрат, суннати издивоҷ, суннате муҳим ва мавриди таъкид аст. Ин ҷумлаи ҳазрат маъруф аст ки фармуданд: Издивоҷ суннати ман аст; пас ҳар кас аз суннати ман рӯй гардонд, аз ман нест.

Ҳифзи дин (бандаги беҳтар нисбат ба Худованд)

Доштани ҳамсар, илова бар ин ки заминасози рафъи ниёзҳои отифи ва ғаризи аст, масъулиятпазири ва тааҳҳуди инсонро афзоиш медиҳад ва сабаб мешавад шахс худро амонати ҳамсар бидонад ва дар ҳифзи худ аз лағзишҳо бештар талош кунад. Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: Ҳар кас издивоҷ кунад ниме аз дини худро ҳифз карда аст, пас бояд тақвои илоҳӣ пеша кунад барои ҳифзи нимаи дигар.

Хилқати инсон ба гунае аст ки бо ҳамсари комил мешавад ва ба оромиш мерасад ва бидуни доштани ҳамсари худ ва ҳам по ва ҳамоҳанг, оромиши комил нахоҳад дошт ва ҳаргуна таскиндиҳандаи дигар ба сурати ноқис ва муваққат ба инсон оромиш медиҳад.

4.Масунияти бештар аз домҳо ва васвасаҳои Шайтон

Шакке нест ки Шайтон душмани инсон ва ҳамвора дар камини ӯст ва аз ҳар фурсате барои осеб расондан ба руҳи инсон истифода мекунад; аммо вақте ҷавон бе зан аст ва маҳор кардани ҳавасҳои нафсони барои ӯ сахттар, Шайтон бештар ба ӯ тамаъ мекунад. Издивоҷ ӯро дар қуллае қарор медиҳад чунон ки дарстраси Шайтон ба ӯ сахттар мешавад. Аз ин рӯст ки Паёмбари Акрам(с) фармуданд: Эй ҷавонон, агар тавони издивоҷ доред иқдом намоед ки издивоҷ кумак мекунад роҳаттар чашм аз ҳаром бипушед ва покдоман бошед.

5.Ёфтани ёр дар паймудани роҳи камол

Саодат ва хушбахтиро агар ба қуллаи баланде ташбеҳ кунем, доштани як ёри хуб ва паймудани ин роҳ ва расидан ба қулла, фоидаҳои бисёр дорад: Инсон эҳсоси танҳои ва дилсард намешавад ва дар натиҷа сахтии роҳ камтар ба чаш меояд; агар пои яке билағзад дигаре дасти ӯро мегирад; рақобати солим хоҳанд дошт ва аз ин ҳаракат рӯ ба пеш бештар лаззат мебаранд. Чи зебост сухани ҳазрати Алӣ(к) дар тавсифи ҳамсари худ ки вақте Паёмбари Акрам(с) аз ишон пурсиданд: Заҳро чигуна ҳамсаре барои шумост? Арза дошт: Ӯ хуб ёваре аст дар роҳи бандагии Худо.

6.Оромиши руҳи

Хилқати инсон ба гунае аст ки бо ҳамсар комил мешавад ва ба оромиш мерасад. Ҳамонгуна ки булбул дур аз гул ва парвона дур аз шамъ ором ва қарор надоранд, инсон ҳам бидуни доштани ҳамсари хуб ва ҳампо ва ҳамоҳанг, оромиши комил нахоҳад дошт ва ҳаргуна таскин диҳандае дигар ба сурати ноқис ва муваққат ба инсон оромиш медиҳад. Ин ҳақиқатро аз каломи холиқи инсон бардошт мекунем ки дар ояти 21 сураи Рум мефармояд:

“Ва аз нишонаҳои азамати Парвардигор ин аст ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсаре офарид ки дар канори ӯ ором бигиред.”

Албатта агар дар интихоби ҳамсар диққати лозим нашавад, ё дар қиболи ӯ ба вазифаҳои илоҳии худ амал накунем, мумкин аст ҳамин василаи оромиш ба омили нигарони табдил шавад ки дар ин сурат касе ҷуз худи мо шоистаи сарзаниш нахоҳад буд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст