Ишқ, ки бо издивоҷ ҳамроҳ аст, мушаххасоте дорад ки бо ҳар навъ отифа, дӯст доштан ё ҳатто ошиқ шудан диграе мутафовит аст. Ишқ дар издивоҷ ба рушд ва фарди мунҷар мешавад. Булуғро дар пай дорад ва бо ҳамроҳи як фарди дигар, шуморо ба камоли инсони мерасонад.
Дар инҷо 10 воқеияти муҳимро дар бораи ишқ ва издивоҷ барои шумо мегуем, ки ҳар фарде дар остонаи издивоҷ бояд аз онҳо огоҳ бошад.
1.Робитаҳои муваффақ бо ёфтани як фарди муносиб ва шоиста оғоз намешавад, балки бо муносиб ва шоиста будани худи фард оғоз мешавад. Атрофиёни шумо оинае аз худи шумо ҳастанд. Агар атрофиёнтаонро намеписандед, бидонед ки худи воқеиатон матлубатон нест. Агар ба дунболи ҳамсаре қудратманд ва болиғ ҳастед, бояд худатон фарди болиғ ва мустақил ва тавонманде бошед. Агар ба дунболи фарди соф ва пок мегардед, бояд ибтидо софи ва покиро дар худатон иҷод кунед.
2.Гоҳе, фарде ки маҷзуби ӯ мешавем, касе аст ки мо ҳамеша орзӯ доштаем шабеҳаш бошем ё дар робитаи гузаштаи худ қодир ба ҳалл, канор омадан ва ё дастёби ба он набудаем. Издивоҷ бо чунин фарде, сарнавишти хубе надорад. Чаро ки ҷазб шудани афроди мутафовит ба ҳам баъд аз муддате беҳавсалаги ба бор меоварад ва аз сӯи дигар, як тараф робита аз ин ки мудом ба тарафи дигар хидмат мекунад ва камбудиҳои ӯро бартараф кунад хаста хоҳад шуд.
3.Шояд бархе афрод ба далели рафъи ниёзҳои модди ё ҷинси канори якдигар зиндаги кунанд аммо воқеият он аст, ки афрод ба таври нохудогоҳ вобастаи фарде мешаванд, ки ниёзҳои эҳсоси ононро ирзо мекунад.
Бинобар ин, дар интихоби ҳамсар касеро пайдо кунед, ки шуморо ба лиҳози фикри, ҳисси ва отифи сероб мекунад. Шефтаги ва ошиқи як навъ вобастаги аст. Бинобар ин барои инки фардеро шефтаи худ кунед, бикушед ниёзҳои эҳсоси ва маънави вайро бароварада созед.
4.Танҳои ва иззафти нафси поин ду омили бисёр таъсиргузор ҳастанд, ки бисёреро бар он медорад ки дар як робитаи носолим ворид шаванд ё бимонанд. Ин афрод тасаввур мекунанд як робитаи носолим беҳтар аз надоштани робита ва танҳои аст. Аммо воқеият ин аст ки осебҳои мондан дар як робитаи сард, хастаовар, маъюб ва як тарафа бисёр бештар аз танҳои аст.
5.Занон маъмулан ҷазби мардоне мешаванд, ки қадре тудор ва худдор бошанд, худро ниёзманд ва вобаста зан нишон надиҳанд ва аз назари эҳсоси каме дур аз дастрас ба назар бирасанд. Аммо ин фақат дар ибтидои робита маъно дорад. Дар зиндагии муштарак, ниёз ба наздики отифи ва муҳаббат дидан ва муҳаббат карда вуҷуд дорад. Бо тамоми инҳо як нута ҳамеша собит аст. Ҳеҷ зане аз марди заиф, вобаста, нотавон, бетаклиф ва илтимоскунанда хушаш намеояд. Дар воқеъ онҳо аз мардҳои фоқиди эътимод ба нафс, вобаста, мураддад, бидуни барнома, ғайри моҷароҷӯ ва тарсу гурезонанд.
6.Ба ҳамон нисбат, мардон ҳам ҷазби заноне мешаванд, ки дараҷоте аз истиқлоли эҳсоси ва фикриро аз худ буруз (ошкор) медиҳанд. Аммо зан зиёди мустақил, зане ки якрав ва гап гапи худаш бошад ё худро аз мард бениёз нишон диҳад, ба ҳеҷ унвон матлуби мардҳо нест. Заноне, ки дар айни занонаги, тааққул ва истиқлол, ба мардашон такя мекунанд ва ба ӯ фурсат медиҳанд ҳидояти киштии зиндагиро ба даст бигирад, ҳамон заноне ҳастанд ки мардҳо дуст доранд барои ҳамаи умр дар канорашгн бошанд.
7.Афроде хоҳони чизе ҳастанд, ки наметавонанд дошта бошанд. Бинобар ин худро комилан дар ихтиёри касе қарор надиҳед. Дар ҳамон ибтидои ошнои тамоми исилоҳоти шахси, дониш, истеъдодҳо ва ишқи худро барои ҳамсари ояндаашон ошкор насозед. Иҷоза иҳед ӯ зарра зарра шуморо кашф кунад. Дар аврони ошнои тамом вақти худро ба шарики зиндагиатон ихтисос надиҳед бигузоре.д Вақте ҳам барои дилтанг шудан бимонад.
8.Издивоҷ ба мо кумак мекунад то сифатҳо монанди садоқат, дилсӯзи, бахшоиш, хидмат кардан, аз худ гузаштаги, фидокор, масъулиятпазири, тааҳҳуд, ҳамкори, ҳамдили, эътимод ва ишқи ғайри машрутро дар худ парвариш диҳем. Издивоҷ ба мо кумак мекунад то маҳоратҳои рафъи ихтилоф, робитаи иҷтимои ва иртиботи муассирро биёмузем. Издивоҷ ба мо кумак мекунад то ба булуғи ҳаяҷони ва иҷтимои бирасем. Дар воқеъ, издивоҷ бештар аз дастовардҳои модди, дастовардҳои руҳи дорад ва кайфияти рафтори шуморо беҳбуд мебахшад.
9.Шумо ҷузъи асли ҳар робита ҳастед. Бинобар ин ҳаргоҳ мехоҳед як робитаи соли ва муҳаббатомез бо дигарон дошта бошед, аввал бояд бо худатон робитаи солим ва муҳаббатомез барқарор кунед. Ва ин амр муяссар намешавад магар бо кашфу шинохт худатон. Худатонро дуст дошта бошед то битавонед дигаронро дуст дошта бошед. Ба худатон эҳтиром бигузоред то битавонед ба дигарон эҳтиром бигузоред. Ба худатон мутмаин бошед то битавонед ба дигарон эътимод кунед.
10.Дар поён бидонед, ки таърифи як робитаи муваффақ робитаи набудани тазодҳо, ихтилофи салиқаҳо ва ақоиди мутафовит нест, балки ҳунари таҳаммулпазири, пазириш, эҳтиром гузоштан ва канор омадан бо тафовутҳо ва тазодҳо аст.