Аврупо ва қаламрави Исломӣ қарнҳо иртиботи наздике бо якдигар доштаанд. Имрӯза бисёре аз таърихнависон ва ҷомеашиносон эътироф мекунанд, ки Ислом муҳимтарин далели ҳаракати Аврупо аз даврони торикӣ ва ноогоҳӣ ба даврони қуруни вусто ва зуҳури Ренесанс(давраи навоварии адабӣ ва фарҳангӣ) будааст. Дар замоне ки Аврупо дар тибб, ситорашинсӣ, риёзиёт ва бисёре дигар аз риштаҳои илмӣ ақиб монда буд, мусалмонон ганҷинаи бекароне аз илму огоҳӣ ва имконоти васеъ барои пешрафтро дар ихтиёр доштаанд.

Иртиботе, ки онҳо бо дунёи Ислом барқарор кардаанд, нахустин қадам ба сӯи дигаргун кардани ҳаёт ва зиндагии Аврупо буд. Аврупо, ки ҷаҳлу нодонӣ, даргирӣ ва ҷанг ва истибдод бар он ҳукмфармо буд, бо тамаддуни пешрафта ва тарақии ҷаҳони Ислом мувоҷеҳ шуд ва дид, ки сокинон он ҳам бисёр муваффақ ва мутамаддин ҳастанд ва ҳам комилан дар риштаҳои тиббӣ, ситорашиносӣ ва риёзиёт пешрафта ҳастанд. Ҳамон тавре, ки дар зиндагии иҷтимоияшон мутамддин ва пешрафта ҳастанд. Онҳо ҳамчунин дарёфтанд, ки арзишҳое монанди таҳаммулу раводорӣ, фаҳму дарки мутақобил, шафқату дилсузӣ ва аз худ гузаштагие, ки дар он замон хеле кам дар Аврупо ёфт мешуд, ҷанбаҳои гуногуни ахлоқи олӣ ва баландмартаба ҳастанд, ки мусалмонон онро ривоҷ дода ва ба масъулиятҳо ва вазоифи худ огоҳии комил доранд.

Анделус макони иқтидору азамати мусалмонон, дар бахши ҷунубии қораи Аврупо воқеъ шуда буд. Анделус то замони суқути худ дар авохири қарни 15, таъсири фарҳангии бисёре бар Аврупо дошт. Бештаре аз таърихдонон, ки дар бораи таъсири Анделус бар Аврупо мутолиа ва таҳқиқ мекунанд, иттифоқ бар ин доранд, ки ин подшоҳӣ бо сохторҳои иҷтимоии худ ва тамаддуни сатҳи болое, ки дошт, аз тамоми Аврупо пешрафтатар буд ва яке аз авомили аслӣ дар тавсеа ва пешрафти тамаддуни Аврупо ба ҳисоб меояд.

Бланку Ибанз таърихдони машҳури Испониёӣ менависад: шикасти Испониё аз шимол набуд, балки фотиҳони мусалмон аз ҷунуб омаданд. Дар воқеъ ин чизе беш аз як пирӯзи буд; як ҷаҳиши тамаддунӣ буд. Ба ҳамин далел ғанитарин ва дурахшонтарин тамаддуне, ки то он замон дар Аврупо шинохта шуда буд, мутаваллид шуд ва дар саросари қуруни вусто байни қарнҳои ҳаштум то понздаҳум рушд карду шукуфо шуд. Дар ин давра мардуми шимолӣ ба делели ҷангҳои динӣ ва мазҳабӣ пароканда шуданд ва вақте ба далели хушунатҳои бераҳмонае, ки ноши аз ҷанг ин тараф ва он тараф саргардон буданд, ҷамъияти Анделус аз марзи 30 милён нафар гузашт. Бо ин теъдоди ҷамъият, ки дар он замон бисёр зиёд ба ҳисоб меомад, ҳар қавму тоифае аз ҳар дину мазҳаб метавонистанд озодона ба онҷо нақли макон кунанд ва бо адолату баробарӣ дар онҷо бо шуру шавқ зиндагӣ кунанд.

Қуртуба пойтахти подшоҳии Анделус бо он хиёбонҳои нуронӣ ва равшани худ, нисбат ба бисёре аз шаҳрҳои Аврупо фарқи калон дошт ва тибқи навиштаи Ҷон Дабелю Дерпер таърихнависи Инглистонӣ 700 сол баъд аз он беш аз як чароғи умумӣ дар Лондон вуҷуд надошт.

Бо суқути Гранада охирин шаҳри подшоҳии мусалмонон дар нимҷазираи Иберия дар соли 1492, саранҷом подшоҳи Анделус аз миён рафт. Аммо акнун аврупоиён бо импературии Усмонӣ мувоҷеҳ шуда буданд, ки оғози пешрафт дар нимҷазираи Болкон(номи таърихи ва ҷуғрофиёии Аврупои ҷунуби шарқӣ аст ва кишварҳое, ки дар он қарор доранд иборатанд аз: Югославия, Руминия, Булғористон, Албания, Юнон ва қисмате азТуркия), дар қарни 15 буд, ки дар натиҷаи чандин пирӯзии пушти сари ҳам ва кишгардонии(тағйири ойин) дастаҷамъӣ дар миёни мардуми Болкон пеш омад.

Ин тағйири дин ҳаргиз ба зур ва таҳти фишор анҷом нашуд. Дар он замон ахлоқиёти исломӣ аз тариқи усмониҳо барои касоне ки гувоҳи медоданд Исломро озодона интихоб кардаанд, ба иҷро гузошта мешуд. Тамаддуни Усмонӣ, ки бар асоси арзишҳои ахлоқии Қуръонӣ монанди адолат, баробарӣ, тасоҳул(адами сахтгирии ифротӣ) ва шафқату меҳрубонӣ бино шуда буд, ба муддати 400 сол дар Болкон боқӣ монд ва осори он ҳунӯз ҳам қобили мушоҳида аст( бахши азиме аз боқимондаҳои ин тамаддун дар ҷанг тавасути нерӯҳои Серб вайрон шуд, аммо ин иқдомот наметавонад ҳақоиқи таърихиро тағйир диҳад). Ин тамаддун, ки бар асоси омӯзаҳои Қуръонӣ бино шуда буд, Исломро ба бахши муҳиме аз Аврупо табдил кард. Ҳатто имрӯза низ ҷамъияти зиёде аз мусалмонони Аврупо дар мантақаи Болкон зиндагӣ мекунанд.

Яке аз афроде, ки муътақид аст тамаддуни аврупоӣ чизҳои зиёде аз Ислом омухта аст, Принс Чорлез валиаҳди Уелс аст. Принс Чорлез тамаддуни исломӣ ва ончиро императури Анделус ва Усмонӣ ба Аврупо омухтаанд, ингуна тавсиф мекунад: дипломатӣ, тиҷорати озод, марзҳои боз, равишҳои таҳқиқи илмии инсоншиносӣ, одоби муошират, мӯд, тиббӣ ҷойгузин ва бемористонҳо ҳамаги аз ин бузургтарин шаҳр дар миёни шаҳрҳо, ба даст омад. Исломи қуруни вусто дар замони худ дини тасоҳул ва раводорӣ қобили таваҷҷуҳ буд, ки ба адёни мухталиф иҷоза медодо мутобиқи расмҳои динии худ амал кунанд ва намуна мисоле буд, ки мутаасифона то қарнҳо баъд Ғарб аз он улгубардорӣ накард. Аммо нуктаи қобили таваҷҷуҳ дар ин миён ин аст, Ислом мудатти зиёде аст, ки бахше аз Аврупо буда аст. Ибтидо дар Испониё сипас дар нимҷазираи Болкона ва саҳми бузурге дар тамаддуни он дошта аст; тамаддуне, ки аксари мо ғолибан ба иштибоҳ гумон мекунем, ки ҳамагӣ ғарбӣ ҳастанд. Ислом дар тамоми ҷанбаҳои талоши башарӣ бахше аз гузашта ва ҳоли ҳозири мо аст. Ислом ба сохту эҷоди аврупои мудерн кумак кардааст. Ислом бахше аз мероси мост ва чизи ҷудое аз он нест.

Энгмар Карлесун сафир Шветсия, ки дар Туркия ба хотири китобаш бо унвони“Ислом ва Аврупо” шинохта шудааст, мегӯяд: дар даврони импературии Анделусӣ масеҳиён, мусалмонон ва яҳудиён дар сулҳу оромиш дар канори якдигар зиндагӣ мекарданд, ки бояд аз он ба унвони як улгӯ дар Аврупои ҳоли ҳозир истифода кард.

Велфганг Петеритзич намояндаи олии Босния ва Ҳерсеговина дар ҷомеаи байналмиллал дар навишторе, ки дар маҷалаи“Нью-Йорк Таймз” мунташир шуд, таъкид мекунад, ки мубориза бар зидди тераризм набояд ба сӯи мубориза бо Ислом талақӣ шавад ва ҳаргиз набояд фаромуш шавад, ки Ислом дар воқеъ бахше аз Аврупо аст. Ӯ дар мақолааш баён мекунад:“ вақте фаротар аз парадигмаи Ислом ва Аврупо гом бар медорем, ба ин натиҷа мерасем, ки Ислом бахше аз суннати Аврупоӣ аст”. Нигоҳ доштани ин воқеияти таърихӣ дар зеҳн роҳе аст барои пешгирӣ аз ҳарҷу марҷ ва ошуфтагие, ки тарафдорони назарияи бархурду тамаддунҳо моиланд эҷод шавад. Тафовутҳои мавҷуд дар тамаддунҳо далеле барои бархурду даргирӣ нест, балки ин тафовуту фарқиятҳо метавонанд муҳимтарин василаи тавсеа ва гуфтугӯ бошанд.

Ҳорун Яҳёи Турк донишманди улуми динӣ .

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст