Ҳамсари интихобии шумо бояд тамоми меъёрҳои асоси ва муҳими мавриди назари шуморо ки лозимаи як зиндагии ҳамроҳ бо хушбахти ҳастро доро бошад. Ин ба он маъно нест ки дар тамоми ин параметрҳо ва меёрҳо сад дар сад ва комил бошад, балки ба ин маъност ки ҳадди ақалҳоро дошта бошад.
Муҳимтарин меъёр дар издивоҷ таносуб аст. Агар таносуб вуҷуд дошта бошад ба худи худ бисёре аз мушкилот ҳалл мешавад. Дар муқобил, ҳатто бо вуҷуде ки шумо ва ҳамсаратон инсонҳои комил ва идеоле бошед, агар шаклу шамоилатон, шахсиятатаон ва хостгоҳи иҷтимоиатон баҳам нахурад ва бо ҳам мутаносиб набошад, мумкин аст натавонед бо ҳам хушбахт шавед. Вуҷуди ихтилоф дар байни афрод ва ба вижа зану шавҳарҳо хеле табии аст ва набояд интизор дошта бошем ки як зану мард дар зиндаги муштарак мисли ҳам фирк кунанд ва ё рафтороҳи онон комилан шабеҳ ба ҳам бошад.
Он чи ки муҳим аст ва бояд ба он таваҷҷуҳ шавад навъу мизони ин ихтилофот аст ки бо таваҷҷуҳ ба нисби будани он дар абйни афрод ва завҷҳои мухталиф, фарқ мекунад ва ба ҳамин далел ҳам қатъан роҳкороҳи коҳиши ихтилофот ва даргириҳо низ тафовутҳое хоҳад дошт ва мо наметавонем барои ҳамаи завҷҳо, нусхаи воҳиде ироа диҳем.
Огоҳи аз тафовутҳои фарди
Духтару писарҳое ки бо огоҳи аз тафовутҳои фарди, вориди як зиндагии муштарак шудаанд, чолишҳои камтареро дар зиндагии худ эҳсос мекунанд зеро сатҳи интизороти худро аз тарафи муқобил, бар ин мабно танзим мекунанд.
Дар идома ба чанд маврид аз иллатҳои умдаи сар задани ихтилофоти завҷайн ишора мекунем ки духтару писарҳо метавонанд бо таваҷҷуҳ ба онҳо, тасмими дақиқтар ва усулитаре барои издивоҷашон бигиранд.
Ихтилоф дар эътиқодоти маънави
Марду зане ки аз назари риоят ва пойбанди ба умури маънави ҳам куффи ҳам нестанд, зиндаги бедағдағае нахоҳанд дошт; бинобар ин дар амри издивоҷ, буъди эътиқоди ба вижа ҷанбаҳои маънави он бояд ба сурати хосс, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад ва зану шавҳар мутмаин шаванд ки дар ҳавзаи эътиқоди бо ҳам ихтилофи назар надоранд.
Ихтилофи табақоти
Бо нки завҷҳои равшанфикр ва хонаводаҳои миёнарав, маъмулан ба ихтилофи табақоти зиёд аҳамият намедиҳанд ва талош мекунанд то хушбахтии худро бо тафоҳум ва ҳамкори тахмин кунанд, гоҳе сатҳи мутафовити қудрати иқтисоди ва табақаи иҷтимои мушкилсоз мешавад. Агар зан аз қудрати иқтисоди болтаре бархурдор ва мутааллиқ ба хонаводаи маъмули бошад, ин мавзӯъ, мумкин аст эҳсоси заъф ва нотавониро ба мард мунтақил кунад ки дар натиҷа сабаби асабоният ва даргирии ӯ бо ҳамсараш мешавад ва ё бар акс.
Ихтилофи синни
Мизони ихтилофи син дар издивоҷ, нисби аст ва наметавон адади мушахас барои он муайян кард. Мусаллман ихтилофи синни беш аз як даҳа мушкилоти зиёдеро ба ҳамроҳ дорад чаро ки дар ин сурат мард ва зан дар ду девори мутафовт аз рушди ҷисми, иҷтимои ва равони қарор доранд ва хостаҳо ва интизорашон мутафовит аст. Ин нуктаро ҳам бигуем ки издивоҷ дар синини поин ва пеш аз 22 солаги барои духтар ва пеша з 25 солаги барои ҳамсар дар бисёре аз маворид мушкилсоз мешавад. Адами пухтаги ва надоштани таҷрибаи духтар ва писар дар хеле аз мавоқеъ онҳоро сатҳинигар ва фақат мутаваҷҷеҳи замони ҳол карда аст. Тавони дурандеши ва ҳифзи истиқлол ва ақландеши дар синини поин камтар аст ва фақат онҳо мехоҳанд ки як иқдоми сареъ ва зуд сурат гирад ва онҳо канори ҳам бошанд.
Ихтилоф дар баҳраи ҳуши ва таҳсилот
Ихтилофи зиёди ҳамсарон дар сатҳи ҳуши ва ҳамчунин ихтилофи зиёд дар мизони таҳсилот, баъзе вақтҳо, метавонад заминасози мушкил бошад, зеро ин 2 нафар дар бисёре аз маворид қодир ба дарки комили якдигар нестанд ва ин амр сабаби ба вуҷуд омадани сӯи тафоҳум ва адами дарки эҳсосот, отифаҳо ва фикрҳо миёни завҷайн мешавад.
Ихтилофот дар хулқу хуй
Вуҷуди фосилаи зиёд дар меёрҳои ахлоқи пазируфта шудаи завҷайн, яке дигар аз омилҳои танишҳо дар зиндаги маҳсуб мешавад. Баъзе афрод асабони, хашин, мутакаббир, худхоҳ, аз худ роҳи ва баъзе дорои руҳияи гарм, хуш бар хурд, мутавозеъ ва мардум дуст ҳастанд. Бинобар ин тавофуқи ахлоқи яке аз меёрҳои асли интихоби ҳамсар ба шумор меравад.
Ихтилоф дар дидгоҳ
Афроде ки нисбат ба дунёи атрофи худ ҳамеша назари манфи доранд ва ҳамеша нимаи холии пиёларо мебинанд, агар қарор бошад бо як фарди мусбат нигар зиндаги кунанд ба таври қатъ мушкил пайдо мекунанд, бинобар ин духтару писарҳо, пеш аз издивоҷ, бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошанд ки дидгоҳи тарафи муқобилашон дар бораи зиндаги ва иттифоқоти он чигуна аст.
Ихтилоф дар салиқаҳо
Ихтилофи салиқа як амри табии аст вале агар ин ихтилоф, дар ростои тавофуқ ва ҳамсӯи байни зану мард таъдил нашавад, имкони бурузи носозгори афзоиш меёбад; бинобар ин ҷавонон пеш аз издивоҷ бояд то ҳудуде бо алоқаҳои якдигар ошно шаванд ва ҳадди ақал, мутамин шаванд ки тазодде байни алоқаҳои ҳамсарашон вуҷуд надорад.
Ихтилоф дар хостаҳо ва орзӯҳо
Яке аз мавориде ки заминаи бурузи даргири дар зиндагиро фароҳам мекунад, ҳамин сатҳи орзуҳо ва интизорот аст ва бадеҳи аст ки агар хостаҳои яке аз завҷайн биёр идеол ва руъёи буда ва тарафи муқобил дорои тавақуоти поин ва ҳадди ақал бошад то замоне ки таъдили хостаҳои руъёи ва иртиқои интизороти ночиз ва сатҳи поин анҷом нагирад, ҳамеша дар зиндаги мушкил хоҳад дошт ва шоиста аст ки дар гуфтугуҳои пеш аз издивоҷи ҷавонони азиз ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошанд.