Мавҷҳое, ки ба соҳил бархурд мекунанд, пас аз гузашти солҳо, ба ороми ва рафта рафта сахраҳои (сангҳои бузург) соҳилро фарсоиш медиҳанд ва дар ҷуғрофиёи минтақаҳои соҳили тағироте нав ба вуҷуд меоваранд.
Зиндагии муштарак низ ҳамонанди соҳиле аст, ки бар асари рафторҳо, гуфторҳо ва гузашти замон тағири шакл хоҳад дод. Мумкин аст чеҳраи зиндагии муштарак таҳсинбарангез бошад ва шояд ҳам бар асари зарбаҳо, номулоимҳо ва суи рафторҳо, сурати комили он ба шакли нохушоянд ва тикка тикка шуда даромада бошад.
Робитаҳои инсон барои ҳаракат дар роҳҳои пурпечу хаме, ки дар пеши ру дорад ба миқдори ангеза ниёзманд аст. Ҳамкори дар зиндагии муштарак арзиши волое дорад. Ба он таваҷҷуҳ кунед ва ҳисси мушорикат, ҳамдарди ва ҳамкориро парвариш диҳед.
Бибахшед ва фаромуш кунед
Аввалин қадам барои идома бахшидан ба зиндагии муштарак, бахшиш ва фармоуш кардани хатоҳост; метавон қазовати нодурустро нодида гирифт ҳатто агар нороҳакунанда бошад. Бо гузашт ва фаромуш кардани хатоҳо метавон ба ҳама чиз ранги тозае зад. Беэътимоди ва озурдаги хотирро аз зиндагии муштарак дур кунед. Агар натавонед чоҳеро, ки дар ростои зиндагии муштаркатон ба вуҷуд омадаро пур кунед пас аз муддате ҳастаи он фуру хоҳад рехт. Ба хотир дошта бошед, ки гузашт бояд ҳамроҳ бо фаромуш кардани хатоҳо бошад. Дар ғайри ин сурат, оатше аст ки зери хокистар пинҳон шуда ва саранҷом шуълавар хоҳад шуд.
Аз ҳадсу гумон пайрави накунед
Ҳадс ва гумон монанди муриёнае робитаи байни зан ва шавҳарро мехурад.
Бо якдигар сухан бигуед ва қадри фурсатҳоро бидонед.
Лозим аст ки аз робитаи инсони нигаҳдори ва муроқибат кард. Замонеро барои истироҳат кардан, замонеро ба ҳалли масоил ва мушкилот ва замонеро ба барномарези барои оянда ихтисос диҳед.
Ба таври мисол метавон чанд соате вазифаҳо ва тааҳҳудоти худро канор гузошт ва ба таомшои албомҳои суратҳои худ пардохт ва аз тамошои онҳо лаззат бурд.
Як шарики хуб ва фаол бошед
Мо ҳамеша бо саросемаги ба сӯи вазифаҳои иҷтимои ва корҳои шахсии зуд ҳаракат мекунем ва аз баёни ҳисси қадрдони ва сипосгузори боз мемонем .... дар ҳоле ки метавонем бо шарики зиндагии худ беҳтар рафтор кунем. Чаро ба роҳати нороҳатиҳо ва буҳронҳо кори худро ба сари ӯ бирезем?
Эҳтиром гузоштан ба шарики зиндаги, шеваи бисёр муассире барои идома бахшидан ба зиндагии муштарак аст аммо дар сурате ки фақат ба канори ҳам гузоштани калимаҳо маҳдуд нашавад? Барои ситоиш ва сипосгузори, далеле дошта бошем ва бо тамоми вуҷуд ӯро ситоиш кунем. Метавонед аз тавоноиҳои ҳамсари худро дар як дафтар нависед. Мутмаин бошед, ки бисёре аз онҳоро фаромуш кардаед!
Гузашт бояд ҳамроҳ бо фаромуш кардани хатоҳо бошад. Дар ғайри ин сурат, оташе аст ки зери хокистар пинҳон шуда ва саранҷом шуълавар хоҳад шуд.
Таҷрибаҳои тазеро ба зиндагии худ бияфзоед.
Роҳи ғайри қобили пешбини ва тозаеро дар пеш бигиред.
Ҳамроҳ бо ҳамсари худ барои дидани зебоиҳои шаҳр ва маконҳои дидани биравед.
Ҳангоме, ки дар бозор ва дигар маконҳо меравед дар канори ӯ қадам бизанед.
Ба ӯ нишон диҳед, ки аз будан бо вай лаззат мебаред. Бидуни ҳеҷ далеле либоси муносиб ва зебо бипушед ва худро биёроед.
Ба ӯ хотинишон кунед, ки барои шод кардаи ӯ худро оростаед.
Хулоса инки робитаи инсон барои ҳаракат дар роҳи пурпечу хаме ки дар пеши ру дорад ба миқдоре ангеза ниёзманд аст. Ҳамкори дар зиндагии муштарак арзиши волое дорад. Ба он таваҷҷуҳ кунед ва ҳисси мушорикат, ҳамдарди ва ҳакориро парвариш диҳед.