Худованд дар сураи Рум ояти 21 мефармояд:
وَ مِن ءَاَیتِهِ أَن خَلَقَ لَكُم مِّن أَنفُسِكُم أَزوَجَاَ لّـِتـَسكُنُوا إِلَیهَا وَ جَعَلَ بَینَكُم مَّوَدَّةَ وَ رَحمَةً إِنَّ فِی ذَلِكَ لَأَیتٍ لِّقَومٍ َیتَفَكَّرُونَ
“Ва аз нишонаҳои ӯ (Худо) инки аз (навъи) худатон ҳамсароне барои шумо офарид то бадонҳо ором гиред ва миёнатон дустӣ ва раҳмат ниҳод. Оре, дар ин (неъмат) барои мардуме, ки меандешанд қатъан нишонаҳое аст.
Табиитарин шакли хонавода, ин аст ки ҳеҷ омиле ҷуз марг натавонад пайванди заношуиро аз байн бибарад ва миёни зан ва шавҳар ҷудои бияфканад. Кушиши муслиҳони ҷомеа (паёмбарони Худо) ин буда аст, ки низоми хонавода, як низоми мустаҳкам ва пойдор бошад ва ҳеҷ омиле натавонад ин конуни саодатро муталоши гардонад. Ба ҳар ҳол хонаводаи хушбахт нишонаҳое дорад, ки мо дар инҷо ба чанд намуна аз онҳо ишора мекунем. Умед аст, ки хонаводаи шумо низ бархурдор аз ин нишонаҳо бошад.
1.Дар байни аъзои хонавода ҷумлаи “ба ман чи ба ту чи” радду бадал намешавад, чароки аъзо ба гуфтугу ва машварати мантиқи эътиқод доранд ва эҳсоси масулият мекунанд.
2.Афрод ба якдигар эътимод доранд ва аз ин эътимод сӯи истифода намекунанд ва эътимодро яке аз пойдортарин вижагии издивоҷи муваффақ ва хонаводаи муваффақ медонанд.
3.То ҷое, ки имкон дорад бо ҳам ҳастанд ва дар меҳмониҳо ё корҳои марбут ба хонавода танҳо намераванд. Ҳамдилӣ, ҳамкорӣ, ҳамфикрӣ, ҳамоҳангиро бақои хонаводаи хушбахт медонанд.
4.Бо ҳам иттиҳод доранд ва дар масоили мухталиф, бо гуфтугӯ ва машварат ба тавофуқ мерасанд ва саъй мекунанд агар сӯи тафоҳум ба вуҷуд омад, онро дар даруни худ бидуни инки касе бифаҳмад ҳалл кунанд.
5.Ба салиқаҳо ва ақидаҳои якдигар огоҳ буд ва ба он эҳтиром гузошта ва амал мекунанд.
6.Нисбат ба ҳам шарми масмум надоранд яъне хостаҳои табии худашонро бидуни нигарони ё хушунат иброз мекунанд.
7.Ба ҳарими якдигар эҳтиром гузошта ва аз ҳудуди мушаххас шудаи худ фаротар намераванд.
8.Нигарони саломати рӯҳи ва ҷисмии якдигар буда ва аз ҳам муроқибат мекунанд. Агар чунончи мушкиле ба вуҷуд ояд, саъй фаровон дар ҳалли мушкилро доранд.
9.Дар бештари вақтҳо лаҳзаҳои хушеро, ки бо якдигар будаанд мурур мекунанд; дунболи хотироти талх нестанд, дуст доранд ҳамеша дар хушӣ, шоди ва нишот зиндаги кунанд.
10.Барои хешовандон ва ҳамсояҳои худ аҳамият қоиланд ва аз меҳмонони ҳамдигар ба хуби пазирои мекунанд.
11.Аз умури молии якдигар хабар доранд ва чизеро аз якдигар пинҳон намекунанд. Исроф накардан ва пуле захира кардан ҷузъи барномаи иқтисодии хонаводаи хушбахт аст.
12.Барои рушди якдигар талош карда ва заминаи пешрафти хонаводаро фароҳам мекунанд.
13.Дар канори ҳам эҳсоси амният ва оромиш мекунанд на тарс ва нигарони ё таниш ва даргири.
14.Алоқа, ишқ, муҳаббат, сафо ва якдилии худро ҳам дар рафтор ва ҳам дар гуфтор ба якдигар иброз мекунанд.
15.Аз якдигар интизори беҷо ва таваққуъи номуносиб надоранд.
16.Агар мушкиле пеш биёяд ба роҳи ҳалли фикр мекунанд ва ба дунболи муқассир ва гунаҳкор намегарданд. Даст ба иллатёби ва решаёбии он мушкил мезананд ва роҳи мантиқи пешниҳод мекунанд.
17.Ҳар як аз тарафайн ҳамвора ба фикри хушҳол намудан ва рози нигаҳдоштани якдигар ҳастанд.
18.Зан ва шавҳар ба хотири ҳамдигар зиндаги мекунанд: аввал худ баъд дигарон. Зиндагии онҳо ба хотири баччаҳо ё тарс аз талоқ ва ҳарфи мардум нестанд.
19.Зан ва мард метавонанд ҳар рӯз ба дунёи ихтисосии якдигар наздиктар шаванд, кор ба масоили хусуси ва зиндагии дигарон надоранд.
20.Бо дархостҳои якдигар бархурдҳои мусбат ва мантиқи доранд.
21.Зан ва мард дар канори якдигар ҳастанд на ру дар ру ва рақиби якдигар, балки рафиқи ҳам ҳастанд ва вокуниши манфи аз худ нишон намедиҳанд.
22.Хонаводаҳои хушбахт талош доранд, ки баччаҳои хуб ва хушбахти низ ба ҷомеа таҳвил диҳанд.