Хонавода, ниҳоди муқаддаст аст, ки ҳастаи аввалияи он аз пайванди издивоҷи зан ва мард, шакл мегирад. Ин ду мавҷуд ҳар кадом бо сиришт ва вижагиҳои мунҳасир ба фардашон, тарҳи нав дар меандозад то дар канори якдигар, роҳи ҳаёти хешро ба гунае муштарак ва бо ҳолу ҳавои мутафовит аз замони муҷаррад тай намоянд.

Бархе ихтилофи назарҳо ва тафовути салиқаҳо, мумкин аст киштии зиндагии мушракатро дучори табу тоб намоянд ва мухобиротеро мутаваҷеҳ зиндагии заношӯи кунад. Ҳар чи қадар фаҳм, дарк, гузашт, биниш ва худотарсии тарафайн зан ва шавҳар бештар бошад, қудратиу тавони муқобила ва руёруи онон бо ҳодисаҳо ва номулоимон ва ихтилофоти бештар мешавад.

Ба дигар сухан, заъфи шахсияти, кутаҳфикри, такравӣ, тангназари ва дар назар нагирифтани ризои Худованд, омиле мешаванд барои кам шудани ишқ ва алоқаҳо ва иҷод шудани дилсарди, бетафовути ва дар ниҳооят суст шудан ва фуру рехтани пояҳои хонавода.

Бадин тартиб, агар нигоҳамон ба тарафи муқобил, нигоҳи амиқ ва воқеъбинона ва нигаришамон ба зиндагӣ, нигариши илоҳӣ ва инсонӣ, мубтани бар эҳтиром ва гузашт ва ишқ ва исор бошад, хоҳем дид, ки таъми ширин ва лаззатбахши зиндаги, солиёни дароз дар комамон хоҳад монд.

Ба қавли шоир:

Зиндаги зебост эй зебо пасанд

Зинда андешон ба зебои расанд

Он қадар зебост ин бе бозгашт

Каз барояш метавон аз ҷон гузашт

Дар инҷо матолиби корбурди ва содаеро барои бархурдори аз як зиндагии хушбахт барои шумо хонандагони гироми фароҳам овардаем,  ки умед аст мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.


Омилҳои муртабит бо зиндагии муштарак

Қабл аз издивоҷ

1.Барраси ва таҳқиқ ва интихои ҳамсар

2.Хостгори, қарордодҳо ва харидҳо

Баъд аз издивоҷ

1.Робитаи заношуи ва ҷинсии завҷайн

2.Бордори

3.Кор кардани занон дар хориҷ аз манзил

4.Ошпази ва хонадори

5.Тарбияти фарзанд

6.Рафтор бо волидайни ҳамсар

7.Хариди мо яҳтоҷи хона

8.Хариди васоили хона

9.Мусофират ва меҳмони

10.Интихоб ва тағири маҳалли сукунат

11.Таҳсили фарзандон

12.Робитаҳои иҷтимои ва дустона

13.Издивоҷи фарзандон

14.Ҳодисаҳо ва пешомадҳо

Омилҳои муассир дар хушбахтии хонавода

1.Амал ба аҳкоми илоҳӣ

2.Фикрҳои хуб кардан

3.Доштани барномарезии муносиб

4.Дустони хуб

5.Фарзандони солим ва солеҳ

6.Мулоҳиза ва инсоф

7.Мантиқи будан

8.Кор ва талош

9.Дуо ва таваккул бар Худованд

10.Машварат кардан бо ҳамдигар

11.Ништ ва шодоби

12.Унс ва улфат бо Қуръон

13.Ишқ варзидан ба хонавода

14.Эътимод ва итминони мутақобил

Омилҳои муассир дар бадбахтии хонавода

1.Амал накардан ба дастуроти илоҳӣ

2.Бебарномагӣ

3.Моддагарои ва чашмҳаваси

4.Дахолатҳои бемавриди дигарон

5.Захми забон

6.Якрави ва такрави

7.Муътод будан

8.Бебанду бори ва фасоди ахлоқи

9.Бекори ва беори

10.Дуранги ва дуруи

11.Манфи фикр кардан

12.Ҳамсояҳои нобоб

13.Маъюс шудан ва ноумед шудан

14.Тан парвари ва шикампарасти

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст