Ҳадафи асосии дини ислом, тарбияти инсонҳо ва таъмини саодати башар дар тамоми заминаҳо, дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ аст. Паёмбарони илоҳӣ ба вижа Паёмбари Ислом(с), барои ин ҳадафи муқаддаст барангехта шуда ва дар ин роҳ ниҳояти саъйи худро намудаанд ва дар анҷоми ин маъмурият, ба ниёзҳо, вижагиҳо ва алоиқи фитрии башар ба унвони як асли муҳимм таваҷҷуҳи фаровон доштанд. Ба ҳамин ҷиҳат дастуроти тарбиятии ислом ва фарҳанги ҳаёти Паёмбар(с), дақиқан дар роҳи парвариши фитрии инсонҳо, навишта шуда аст.
Худованди Мутаол барои тарбияти афроди башар, конуни пурмеҳру хонаводаро беҳтарин муҳити тарбиятии инсонҳо қарор дода аст. Акнун ба чанд намуна аз роҳҳои мустаҳкам шудани хонавода мепардозем:
1.Гуфтугуҳои муҳаббатомез:
Яке аз роҳҳои мустаҳкам шудани хонавода, таваҷҷуҳ ба иртиботи забони аст. Суханони отифи ва баҳрагири аз суханони дилнишин ва хитобҳои шоитса ва муҳаббатомез, мухотабро ҷазб мекунад. Хоста ё нохоста аз гуянда рози шуд ва дар дилаш навъе эҳсоси муҳаббат нисбат аб ӯ иҷод мешавад.
Агар дар хонаводе мард ё зане бо суханони зебо ва дилпазир ҳамсарашро садо кунад, илова бар инки ба фарзандон чигуна сухан гуфтанро меомӯзад, дар қалби ӯ ҷойгоҳи вижае хоҳад ёфт. Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд:
اجملوا فى الخطاب تسمعوا جمیل الجواب
“Зебо сухан бигуед то сухани зебо бишнавед.”
Суханони муҳаббатомез ва дилрабо, рӯҳро навозиш дода ва ҳамсарро таҳти таъсир қарор медиҳад. Баъзе аз суханон, он қадар зебо ҳастад, ки ҳаргиз то охири умр фаромуш намешаванд.
Расули Худо(с) бо таваҷҷуҳ ба ин нукта фармуданд:
« قول الرجل للمراة انى احبك لا یذهب من قلبها ابدا
“Марде, ки ба занаш бигуяд: Ман туро дуст дорам, (асари ин сухан) ҳаргиз аз дили зан берун намеравад.”
Асосан мард ва зани мусулмон забони хешро ба сухани нек одат диҳанд, зеро инсон фиратан аз суханони зебо, дилнишин ва пурмеҳр истиқбол мекунад ва нисбат ба инсонҳои неку сухан, дар дил эҳсоси муҳаббат менамояд.
2.Садо кардан бо беҳтарин ном
Садо кардани ҳамсар бо номе, ки бештар дуст дорад, дар ба вуҷуд омадани унс ва улфат ва муҳаббат дар миёни завҷайн ва ҳамсарон таъсири ба сазое хоҳад дошт. Паёмбар(с) тавсея фармуданд ки барои афзоиши меҳр ва сафо дар миёни мусулмонон, ҳамдигарро бо номи зебо ва муҳтарамона садо бизананд:
«ثلاث یضفین ود المرء لاخیه المسلم یلقاه بالبشر اذا لقیه و یوسع له فى المجلس اذا جلس الیه و یدعوه باحب الاسماء الیه
“Се чиз дусти ва муҳаббатро байни ду мусулмонро зиёд мекунад (ва сафо ва самимиятро дар миёни онҳо тақвият мекунад). 1.Ҳангоми бархурд бо ҳамдигар, бо хушрӯи ва чеҳраи гушода бархурд кунад. 2.Агар мехоҳи дар канори ӯ биншинед барояш ҷо боз кунед. 3. Ба беҳтарин номе, ки дуст доред ӯро садо бизанед.”
3.Салом кардан ба ҳамдигар:
Тибқи омузишҳои ислом, салом кардан бо садои баланд ва бо аҳанге отифи ва зебо боиси тақвияти робитаи байни зан ва мард хоҳад шуд. Салом бо лаҳни отифӣ, кинаҳоро аз байн бурда, руҳияро тақвият карда ва дилҳоро ба ҳам наздик менамояд. Салом додан ба ҷамъи хонавода ва ба вижа зан ва мард ба якдигар, нишотовар ва фараҳбахш аст.
Имом Содиқ(а) фармуданд:
یسلم الرجل اذا دخل على اهله
“Вақте мард ба хона дохил мешавад, бояд ба аъзои хонавода (ба вижа ҳамсараш) салом кунад.”
4. Ошкор кардани алоқа ва ибрози муҳаббат
Хонаводаи ҷавоне, ки бо ҳам паймони заношӯи мебанданд, маъмулан бар мабнои алоқаи даруни ва ишқи пок аст, ки ба якдигар доранд. Аммо ончи ки дар ислом такид шуда аст, бунёни хонаводаро тақвият мекунад ва муҳаббат ва улфатро миёни хонаводаи ҷавон афзоиш медиҳад, изҳор ва ибрози он аст.
Имом Содиқ(а) мефармоянд:
اذا احببت رجلا فاخبره بذلك فانه اثبت للمودة بینكما
“Ҳаргоҳ шахсеро дуст дошти, дустии худро ба ӯ эълом кун, зеро ин амал унс ва улфатро байни шумо пойдортар мекунад.”
5.Дилҷӯӣ, хушомадгӯи ва бадрақа
Хонавода конуни оромиш ва роҳати аст. Марде, ки берун аз хона бо бисёре аз мушкилҳо даргир аст ва бо номулоиматии фаровоне бархурд мекунад, дуст дорад ҳангоми баргашт ба хона касе аз ӯ дилҷӯи кунад, ҳарфи дилашро бишнавад ва бо сухнони оромбахши худ, марҳами дардҳои дили ӯ бошад. Дилаш мехоҳад ҳангоме, ки дари хонаро мекушояд, касе бо чеҳраи гушода, лаби хандон ва лаҳни отифи аз ӯ истиқбол намуда ва ончиро, ки дар даст дорад, бо такрим аз ӯ таҳвил бигирад ва ин фард ҷуз ҳамсари солеҳ ва меҳрубони ӯ фарди дигаре нахоҳад буд. Дар ин сурат чуннин зане аз дустони Худо буда ва подоши бузурге хоҳад дошт.
Марде ба назди Паёмбар(с) омад ва арз кард:
“Ё Расулаллоҳ! Ман ҳамсаре дорам, ки ҳаргоҳ вориди хона мешавад ба истиқболам меояд ва чун мехоҳам аз хона берун равам маро бадрақа мекунад. Ҳаргоҳ маро ғамгин бубинад мегуяд: Чи чизе туро ғамгин карда аст? Агар барои харҷи зиндагиат нороҳатӣ, мутмаин бош, ки дигаре (Худованд) уҳдадори он аст ва агар барои охират (ва гирифториҳои қабру қиёмат) ғусса мехурӣ, Худованд ғаматро зиёд кунад. Расули Худо(с) фармуданд: Худованд (дар рӯи замин) коргузороне дорад ва ин зан яке аз онҳост. Барои ӯ нисфи подоши шаҳид мебошад.”
Ҳазрати Алӣ(к) дар мавриди ҳазрати Фотима(с) мефармоянд:
“Ба Худо савганд баъд аз издивоҷ бо Фотима(с) бар ӯ хашмгин нашудам ва ӯро ба коре маҷбур накардам. Ва ӯ маро нороҳат накард ва ҳеҷгоҳ бо ман мухолифат нанамуд, вақте ба ӯ нигоҳ мекардам тамоми ғам ва андуҳҳои дилам бартараф мешуд.”
6. Ҳамдили дар интихоби навъи хурок
Ҳамоҳанги ва ҳамдили дар интихоби навъи хурок аз ҷумла авомиле аст, ки иртиботи зан ва шавҳарро тақвият карда ва бунёни хонаводаро мустаҳкам мекунад. Агар завҷайн дар масъалаи хурок якдигарфаҳми дошта бошанд ва шароити ҳамдигарро муроот кунанд, бисёре аз мушкилот ва ихтилофҳои хонаводаги ҳал мешавад. Агар мард хурокеро дуст дорад ва интизор дорад ки дар хонааш омода шавад, метавонад маводи онро таҳия кунад ва ба ҳамсараш бигуяд, ки чунин хурокеро омода кунад. Баъд аз инки хурокро занаш омода кард аз ӯ қадрдони кунад ва баҳонагириро канор бизанад. Паёмбари Худо(с) фармуд:
المؤمن یاكل بشهوة عیاله والمنافق یاكل اهله بشهوته
“Инсони боимон, тибқи майл ва хостаи аёлаш хурок мехурад ва хонаводаи инсони мунофиқ, тибқи майл ва хостаи вай хурок мехуранд.”
Дар сира ва рафтори Паёмбар(с) омада аст, ки он ҳазрат(с) ҳеҷ гоҳ дар мавриди интихоби навъи хурок сахтгири намекард ва бо хонаводааш ҳамроҳ мешуд.
Паёмбар(с) дар ҳадиси дигаре фармуданд:
خیر نسائكم الطیبة الطعام
“Беҳтарини занони шумо зане аст, ки хуроки покиза ва дилписанд дуруст кунад.”
7.Фароҳам намудани харҷии хонавода
Мард ба унвони мудири хонавода, масъулияти фароҳам кардани василаҳои мавриди ниёз аз қабили хурок ва пушок ва ... аъзои хонаводаро бар уҳда дорад. Дар ин маврид агар мардони боимон вазифаи хешро дар мавриди ба даст овардани рӯзии ҳалол ва покиза ба хуби анҷом диҳанд, мақоми баланд, дар пешгоҳи Худованди Мутаол касб хоҳанд намуд.
Имом Боқир(а) фармуданд:
من طلب الرزق فى الدنیا استعفافا عن الناس و سعیا على اهله و تعطفا على جاره لقى الله عزوجل یوم القیامة و وجهه مثل القمر لیلة البدر
“Ҳар кас дар дунё ба дунболи рӯзии ҳалол биравад, ба қасди инки ниёзманд ва муҳтоҷи дигарон набошад ва харҷии зан ва фарзандонашро таъмин намояд ва ба ҳамсояҳо (ва ҳамнавъони мустаманди худ) ёри расонад, чунин фарде дар рӯзи қиёмат бо симои нурони монанди моҳи шаби чаҳордаҳ бо Худованд мулоқот хоҳад кард.”
Имом Содиқ(а) фармуданд:
«الكاد على عیاله من حلال كالمجاهد فى سبیلالله
“Марди талошгаре, ки барои таҳияи рӯзии ҳалол ва машруъ барои хонаводааш мекушад, монанди муҷоҳиде аст, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад.”
Имом Ризо(а) низ фармуданд:
“Касе, ки аз фазл ва инояти Парвардигор ба дунболи рӯзии ҳалол равад ба андозае, ки махориҷи хонаводаи худро таъмин кунад, аз размандае ки дар роҳи Худованди Мутаол ҷиҳод мекунад подоши афзунтаре дорад.”
8.Ҳадя додан ба ҳамсар
Эҳтиром ба шахсияти афрод, дар вуҷуди онон ишқ ва муҳаббат меофаринад. Ҳадя додан навъе эҳтиром ба тарафи муқобил маҳсуб мешавад ва инсоне, ки ҳадяро мегирад беихтиёр ва аз рӯи фитрати худододии хеш, меҳру муҳаббати ҳадядиҳандаро дар дили худ ҷой медиҳад. Ин нукта дар робитаи заношӯи аз аҳамияти хоссе бархурдор аст ва омили муҳимме дар ба вуҷуд омадани унс ва улфат ва ҳамгарои нисбат ба зан ва мард ба шумор меравад.