Зан гул аст; агар худро дар гулбарги ифоф пинҳон кунад

Хастаги озорам медод. Рӯи мизи парк нишаста будам. Садои ҳаёҳуи ва бозии бачччаҳо беш аз ҳар чизи дигар ҷалби таваҷуҳ мекард. Нигоҳам ба писараке афтод, ки аз канори гулҳои сурху зарди боғчаи парк мегузашт. Ӯ нигоҳе ба атроф андохт ва хам шуд; гули бузургеро чид ва мисли барқ гирифт ва аз тарси боғбон по ба фирор гузошт. Нафасам гирифт ва вақте хуб шудам аз ҷоям баланд шудам то ба роҳам идома диҳад. Ба охири парк нарасида, гули дастхурдаеро дидам, ки аз танааш шикас та шуда буд ва бетароват ва парпар шуда рӯи асфалт раҳо шуда буд. Ман ҳам аз канораш бетафовут гузаштам. Дар ҳамин ҳол нигоҳам ба ғунчае даруни боғ афтод. Ба ёди ин байт афтодам:

Кас ғунча ниҳон шуда дар баргро надид,

Аз бадҳиҷоби аст агар умри гул кам аст.

Оре ғунча ҳамон гул аст аммо аз онҷо, ки худро дар пушиши гулбарг махфи нигаҳ доштадасти ҳар касу нокасе ба сӯяш дароз намешавад. Зан ҳам гул аст; агар худро дар гулбарги ифоф пинҳон кунад, саломтаи руҳ ва ҷисмаш тазмин мешавад ва агар аҳли худнамои барои номаҳрамон бошад, дасти гулчинҳои бевафо аз ҳар тараф ба самташ дароз хоҳад шуд.

Паёмбар(с) фармуд: “Ҳаё ва имон қарини якдигаранд агар яке аз миён бархост дигаре ҳам аз байн меравад.”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст