Намоз паноҳгоҳи зиндагии пур ғавғои имрӯза

Таъсири намоз дар беҳдошти равонӣ

Имрӯза эътиқод бар ин аст, ки бо пешрафти илму санат ва фановарӣ омори бемориҳои равонӣ низ боло рафтааст. Бештар шоҳиди мушкилот ва муъзалоте ҳастем, ки бар ҷисму равонӣ инсонҳо таъсир гузошта ва онҳоро дар татбиқ ва созгорӣ бо муҳити худашон дучори мушкил мекунад. Агарчи гуфта мешавад ҳеч нафаре дар муқобили мушкилоти равонӣ масуният надорад, ин хатар мумкин аст ҳар нафареро таҳдид кунад вале бояд ин воқеияти инкор нопазирро бипазирем. Ҳамонтавр ки ҳар кас зарфияти равонӣ ва имони қалбии худро боло бурда ва худро қавӣ созанд. Онҳо метавонанд роҳҳои ҳали масалаи рубару шудан бо масалаҳо ва мушкилотро ёд гиранд ва кумаки бузурге дар бораи пешгири аз мубтало шудан ба бемориҳои равонӣ дошта бошанд.

Барои доштани саломати равонӣи хуб, шароите вуҷуд дорад: рубару шудан бо ҳақиқат, созгор шудан бо тағйрот, ғунҷоиш доштаи барои изтиробҳо, камтавақуъ будан, эҳтиром қоил шудан барои дигарон, душманӣ накардан бо дигарон ва кумак кардан ба мардум ва монанди инҳо, ки таъсироти асоси доранд. Пайдо нашудани саломати равонӣ дар як нафар заминаро барои пайдошудани анвои душвориҳои руҳӣ ва равонӣ монанди; афсурдагӣ, изтироб, норасиҳои руҳӣ, ва бисёри дига бемориҳои руҳӣ равонӣ, стрес ва ... фароҳам мекунад.

Тадқиқот нишон додааст, ки ашхоси мазҳабӣ камтар дучори афсурдагӣ ва изтироб мешаванд. Пажуҳишҳои зиёде нишон додаанд, ки ҳузури мазҳаб метавонад инсонро дар баробари масалаҳо ва мушкилоти руҳӣ ва равонӣ муҳофизат кунад. Мазҳаб розу ниёз ва иртибот бо Худои мутаол роҳе аст, ки пас аз қарнҳо ҷудои аз он дигар бора ба суяш боз гашта ва ба тавоноиҳои чуқур ва корсозаш дар мубориза бо мушкилоти зиндагии нав; ки изтироб низ натиҷаи он аст пай бурда ва дигар наметавонад мункири ҳамкории байни равонпизишкӣ, равоншиносӣ ва ҳатто дар мавориди пизишкӣ аз як сӯ ва мазҳабӣ аз сӯӣ дигар шавад. Ба ҳами сабаб дар мақолаи ҳозир мавзуи таъсири намоз бар саломат ва беҳдошти равонӣ ва мавриди баҳс ва барраси қарор додем.

Намоз ва нақши он дар зиндагии башарият

Намоз худ иртиботи самимонае аст миёни инсон ва Худояш. Намоз тасалло бахши дилҳои музтариб ва хаста ва мояи равшанӣ ва сафои ботин аст. Дар Қуръони карим номҳои дигареро Худо барои намоз фармудааст: монанди салот, имон, тасбеҳ, қуръон, рукуъ, қунут, қиём, саҷда, амонат, истиғфор ва зикр.

Намоз сутуни дин ва беҳтарин ва устувортарин барномаи одамсози аст. Намозгузор бо Худояш ба розу ниёз гӯй мепардозад. Намоз инсонро фариштаи худ мекунад, бахотири онки намозгузор аз ҳар бадӣ пок мешавад. Инсон бо намоз аз эҳсос ва фикри танҳои халос мешавад. Гуё аз нав мутавалид шуда ва ноумеди дар осмони руҳӣ вай дида намешавад. Лизо бо қадамҳои мустаҳкам ба суи зиндагӣ ба пеш меравад. Ҳеч коре назди Худои мутаол маҳбубтар ва дустдоштатар аз намоз нест. Пас ҳеч коре аз корҳои дунё набояд инсонро аз намоз ғофил созад.

Дар дини Ислом ҳеч фаризае болотар аз намоз нест. Динҳои осмонии дигар низ дар даъваташон ба ибодати Худои мутаол ва дурӣ аз тоғут бо ҳам муттаҳид буданд ва вазифаҳои гуногунро бар уҳдаи бандагон мегузоштанд ва ваҷҳи муштараки тамоми онҳо барпо доштани намоз аст.

Тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст