Ҳузури занон, дар ҷомеа, амри иҷтинобнопазир аст. Дар Қуръон ва суннати Паёмбар(с) одобе барои занон ва низ мардон тавсея шуда аст, ки ба муносибат ба мавориде чанд аз суннати Расули Худо(с) ишора мешавад:
1.Худдори аз нигоҳ ба номаҳрам:
Дар ҳадис омада аст, ки Ибни умми Мактум (аз асҳоби Паёмбар(с)) марди нобино буд. Рӯзе ба маҳзари Паёмбар(с) расид. Ҳамсарони Паёмбар(с) дар хона нишаста буданд ва Паёмбар(с) хитоб ба занони худ фармуд, ки ба дохили хонаи дигар бираванд. Занон гуфтанд: Ӯ нобиност. Паёмбар(с) фармуд: “Агарчи ӯ шуморо намебинад, аммо шумо ӯро мебинед.”
2.Парҳез аз даст додани занон ва мардони номаҳрам:
Дар ҳадисҳои бисёре аз ин кор манъ шуда ва Паёмбар(с) дар ҳангоми байъат бо ҳеҷ зане мусофеҳа накард. Яъне байъат аз занон гирифт аммо на ба тавре, ки бо онон даст бидиҳад.
3.Ҷулугири аз ҷамъ шудани занон ва мардон дар як макон:
Паёмбар(с) пас аз намози ҷамоат қадре меистод то занон хориҷ шаванд ва низ дари вижаеро барои рафту омади занон дар масҷиди хеш кушода буд то аз он рафту омад кунанд.
4.Дури аз халвати зан ва марди номаҳрам:
Аз Паёмбар(с) нақл аст, ки ҳеҷ марде бо зане бидуни ҳузури маҳрам, хилват (танҳо) накунанд.
5. Пушиши муносиб ва парҳез аз худороӣ (пушидани либоси хуб ва ороиш накардан дар ҷомеа)
Дар оёти бисёре занони мусалмон маъмур ба ҳиҷоб ва ошкоро накардани зинати худ шудаанд ва Паёмбар(с) занони урёнро аз дузахиён мешумурд.
6.Худдори аз буи хуш (атре назананд ки дигаронро ба худашон ҷалб кунанд)
Паёмбар(с) ба занон фармуд: Ҳангоме, ки дар масҷид ҳузур пайдо мекунед аз бӯи хуш ва атр истифода накунед.
7.Худдори аз ба нозу карашма сухан гуфтан:
Ба ин мавзуъ дар Қуръон низ такид шуда аст.
8.Виқор дар рафту омад ва парҳез аз бо ишва ва ноз роҳ рафтан.
9.Иффат ва покдомани ва ҳаё.
10. Меҳрубон ва дилсуз ва амонатдор будан барои ҳамсар.
11. Таваҷҷуҳ ба тарбияти фарзанди солим ва солеҳ.