Супоришҳои Расули Худо(с) ба Фотима(а) дар бораи ҳамсардорӣ
Расули Худо(с) фармуд:
“Эй Фотима! Ба ҳақ он кас ки маро ба унвони мужда ва бимдиҳанда барангехта, агар шавҳарат аз ту нохушнуд бошад ва ба ҳамин ҳол аз дунё биравӣ, бар ҷанозаат намоз нахоҳам хонд.
Оё намедони хашм ва хушнудии шавҳар мавҷиби ғазаб ва хушнудии Худованд аст.
Як шабонарӯз ризояти шавҳар баробар бо ибодати як сол ҳамроҳи бо рӯза ва қиём дар шаб аст.
Соате дар канори шавҳар нишастан аз яксол ибодат ва тавофи Каъба бартар аст.
Зан чун бордор шавад, фариштагони осмон ва моҳиёни дарё барояш талаби мағфират кунанд ва ҳар рӯз Худованд барои ӯ ҳазор ҳасана менависад ва ҳазор гуноҳ маҳв мекунад.
Вақте вазъи ҳамл (баччаашро ба дунё овард) аз ҳамаи гуноҳон берун равад, ҳамонанди лаҳзае, ки аз модар мутаваллид шуда аст.
Худованд подоши муҷоҳидон ва шаҳидон ва солеҳон ва савоби ҳафтод ҳаҷ барои ӯ бинависад.
Ҳангоме, ки ба фарзандаш шир диҳад, ба шумори ҳар қатра шир, ҳасанае ато фармояд ва лағзише маҳв намояд ва париён дар биҳишт барояш омурзиш хоҳанд дод.
Дастурҳое, ки Расули Худо дар бораи шавҳардори ба Фотима медиҳад, бояд сарлавҳаи зиндагии занони мусалмон бошад, зеро бузургтарин вазифаи як зан, хуб шавҳардори кардан аст, ки онро ҷиҳод барои занон бар шумурдаанд:
“Ҷиҳоди зан, хуб шавҳардори кардан аст.”
Худовандо ба мо тавфиқи амал ба ин гуфтаҳоро намояд.