Ҳиҷоб дар боварҳо ва арзишҳо реша дорад ва аз дидгоҳи ислом зан, шахсияти шоистае дорад ва метавонад беҳтарин дараҷаҳоро паймуда ва ба мартабаи болотарини инсоният қадам бигузорад. Домани зан мактаби башар аст. ҷойгоҳи болои ин гавҳари қиматбаҳои офариниш инро талаб мекунад, ки дар садафи пушиш қарор гирад то ба ин васила арзишҳояш ҳифзу нигаҳдорӣ шавад. ин занони ҷомеаи башарӣ бояд беҳтарину покдомантарин зани мусалмонро сармашқи худ қарор диҳанд ва масоили ахлоқии як зани мусалмонро аз Ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) ин тарбиятшудаи Расули Худо (с) ҷӯё шаванд, ки агарчи умри шарифи он ҳазрат зиёд набуд ва ин гули шукуфта дар хонаи Расули Худо (с) зуд пажмурда шуд аммо беҳтарину бартарин намуна барои тамоми занони олам аст, ки аз ҳама ҷиҳатҳо дар мақоми боло қарор дошта ва беҳтарин ахлоқҳо ва зеботарин рафторҳоро ба ҷомеаи имрӯзаи мо супоридааст. Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) аз ҷиҳати ҳиҷоб барои занон супоришоти зиёде доштааст, ки инҳо дар қолаби достону суханони ҳикматомези он ҳазрат ба ин тавсияҳои пурсамар баён шудааст.

Нақл шудааст, ки дар як рӯз марди нобиное (кӯр) бо касби иҷоза ба ҳузури Ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) омад. Ҳазрат аз ӯ фосила гирифта ва худро батаври комил пушонд. Паёмбари Акарм (с), дар онҷо ҳозир буд ва аз Ҳазрати Заҳро (а) пурсид: Бо ин ҳол, ки ин мард нобино аст ва туро намебинад чаро худро пушондӣ? Ҳазрати Заҳро (а) дар ҷавоб фармуд: "Агар ӯ маро намебинад аммо ман ки ӯро мебинам, ин имкон аст, ки бӯ ба машоми вай бирасад". Паёмбари Акрам (с) фамуданд: أَشْهَدُ اَنَّکِ بَضْعَةٌ مِنّی "Гувоҳӣ медиҳам, ки ту пораи тани ман ҳастӣ".[1]

Дар як нақли дигар Ҳазрати алӣ (к) фармуданд: Бо ҳамроҳии гурӯҳе дар ҳузури Расули Худо (с) нишаста будем, ки он ҳазрат ба мо фармуд: "Беҳтарин кор барои занон чист?" Ҳеҷкадом аз касоне, ки дар онҷо буданд натавонистанд ҷавоби саҳеҳро бедиҳанд. Вақте ки ҳама рафтанд ман ҳам ба хона бозгашта ва ҳамин мавзӯъро аз Ҳазрати Заҳро (а) савол кардам ва масъалаи саволи Паёмбар (с) ва надодани ҷавоби саҳеҳ аз сӯи асҳобро барои Ҳазрати Заҳро (а) нақл кардам. Ҳазрати Заҳро (с) фармуданд: "Ман ҷавоби саҳеҳро мегардонам ва он ин аст, ки خَیْرٌ لِلنِّساءِ اَنْ لایَرِینَ الرِّجالَ وَلایَراهُنَّ الرِّجالُ Маслиҳати занон дар он аст, ки онҳо мардони номаҳрамро набинад ва мардони номаҳрон онҳоро набинанд."[2]

Ҳиҷоб ба маънои парданишинӣ нест балки ба маънои як пушиши оқилона барои пешгирӣ аз бадиҳо ва нигаҳдории мақоми каромати зан аст.

Ҳазрати алӣ (к) идома медиҳад, ки ман ба ҳузур Расули Худо (с) бозгаштам ва ба эшон инчунин баён доштам: "Эй Расули Худо! Аз мо савол кардӣ, ки чӣ кор барои занон бартарину беҳтарин аст. дурустарину саҳеҳтарин кор барои занон ин аст, ки онҳо мардони номаҳрамро набинанд ва мардони номаҳрам онҳоро набинанд". Паёмбари Акрам (с) фармуданд: "Чӣ касе ба ту чунин хабар дод? Ту худ дар инҷо будӣ ва ҷавобе нагардондӣ?"

Ҳазрати Алӣ (к) фармуданд: "Фотима (а) чунин фармуданд".

Расули Худо (с) аз ин ҷавоб бисёр хушҳол шад ва сухани Фотима (а)-ро писандид ва инчунин фармуданд: اِنَّ فاطِمَةُ بضْعَةٌ مِنّی "Дар ҳақиқат Фотима пораи тани ман аст."[3]

Умед аст, ки бо пайравӣ аз ингуна дастурот дар беҳтар шудан ва мустаҳкам шудани масоили гуногун ба вижа масъалаи ҳиҷоб дар байни бонувон битавонем як ҷомеаи хубро шакл дода ва сабаби фахри худ ва хонавда ва дини ислом бошем.

Таҳияи М.Мирзо



[1] . Кифоятуласар, саҳ 36.

[2] . Биҳор, ҷ 43, саҳ 54, ҳ 48.

[3] . Кашфулғумма, ҷ 2, саҳ 23.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст