Ибодати ҳазрати Заҳро(с)

مَنْ أَصْعَدَ إِلَىاللّهِ خالِصَ عِبادَتِهِ أَهْبَطَ اللّهُ إِلَیهِ أَفْضَلَ مَصْلَحَتِهِ.

“Касе, ки ибодатҳои холисонаи худро ба сӯи Худо фиристад, Парвардигори бузург, беҳтарин маслиҳатро ба суяш фуру хоҳад фиристод.”[1]

Хушрӯӣ

Подоши хушрӯӣ дар баробари муъмин, биҳишт аст ва хушрӯӣ бо душмани ситезаҷуй, инсонро аз азоби оташ боз медорад.

اَلْبُشْري في وَجْهِ الْمُؤْمِنِ يُوجِبُ لِصاحِبهِ الْجَنَّةَ، وَ بُشْري في وَجْهِ الْمُعانِدِ يَقي صاحِبَهُ عَذابَ النّارِ [2] -


“Эй Расули Худо! Ҳамд ва шукр ва сипос сазовори Худост, дар баробари неъматҳи бекаронаи ӯ.”

Содазистӣ

Салмони Форс мегуяд: Рузе ҳазрати Фотима(с) ро дидам, ки либоси баланд ва содае бар сар дошт. Дар шигифт мондам ва гуфтам аҷабо! Духтарони подшоҳони Эрон ва қайсари Рум бар курсиҳои тиллои менишинанд ва порчаҳои зарбофт  ба тан мекунанд, ваҳ ки ин духтари Раусли Худост! На либосҳои баланди гаронқимат бар сар дорад ва на либосҳои зебо!!

Фотима(с) ҷавоб дод: гуфт:

قالت: «یا سَلمانُ! اِنَّ اللهَ ذَخَّرَ لَنا الثِیّابَ وَ الکَراسِیَّ لِیَومٍ آخِرٍ[3]

“Эй Салмон! Худованди бузург, либосҳои зинати ва тахтҳои тиллоиро барои мо дар рӯзи қиёмат захира карда аст.”

قالَتْ: أَدْنى ما تَكُونُ مِنْ رَبِّها أَنْ تَلْزَمَ قَعْرَ بَیتِها[4].

“Он лаҳзае, ки зан дар хонаи худ мемонад ва ба умури зиндагӣ ва тарбияти фарзанд мепардозад. Ба Худо наздиктар аст.”

Қаноат дар зиндагӣ

Ҳазрати Фотима(с) фармуданд:

[5] یا أباالحَسَنِ! إِنّی لأَستَحیی مِن إلهی أن اُکَلِّفَ نَفسَکَ ما لا تَقِدرُ عَلیهِ

“Эй Алӣ! Ман аз Парвардигорам шарм дорам, ки чизе аз ту дархост кунам, ки тавони баровардани онро надошта бошӣ.”

«یَا رَسُولَ اللهِ ما یَدَعُ عَلِیٌّ شَیئاً مِن رِزقِهِ الّا وَزَّعَهُ بَینَ المَساکینِ

“Эй Расули Худо! Алӣ(а) аз таом ва хурок чизе дар хона боқи намегузорад, ҳарчи ба даст меоварад, байни фақирон ва тангдастон тақсим мекунад.”

Ва дар каломи дигаре фармуд:

«صاحِبُ الدَّابَّةِ اَحَقُّ بِصُدرِها

“Соҳиби маркаб сазовортар аст ба савори аз маркаби хеш.”



[1] Биҳор, ҷ 70, саҳ 249.

[2] Мустадрак, ҷ 12, саҳ 262.

[3] Биҳор, ҷ 8, саҳ 303.

[4] Биҳор, ҷ 43, саҳ 92.

[5] Биҳор, ҷ 43, саҳ 59.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст