Муваффақият дар равобити иҷтимоӣ
Дар ин навишта мехоҳем, ки калиди муваффақият дар равобити иҷтимоиро дар ихтиёри шумо қарор диҳем.
Мехоҳед ки дар равобити иҷтимоии худ муваффақ бошед? Дӯст медоред, ки гиреҳ аз корҳоятон боз шавад ва корҳои дунёиятон сарбаландона ба охир расад? Оё намехоҳед, ки ҳамеша дар осоишу оромиши комил бошед?
Пас бо ҳам ин ривоятро бихонем. Ҳазрати Алӣ (к) мефармоянд:
مَنْ أَصْلَحَ مَا بَيْنَهُ وَ بَيْنَ اللَّهِ أَصْلَحَ اللَّهُ مَا بَيْنَهُ وَ بَيْنَ النَّاسِ وَ مَنْ أَصْلَحَ أَمْرَ آخِرَتِهِ أَصْلَحَ اللَّهُ لَهُ أَمْرَ دُنْيَاهُ وَ مَنْ كَانَ لَهُ مِنْ نَفْسِهِ وَاعِظٌ كَانَ عَلَيْهِ مِنَ اللَّهِ حَافِظ
"Касе ки миёни худ ва Худоро дурусту ислоҳ кунад, Худованд миёни ӯ ва мардумро ислоҳ хоҳад кард, ва касе, ки масоили охиратияшро ислоҳ кунад, Худо корҳо ва масоили дунёии ӯро ислоҳ хоҳад кард, ва касе, ки аз даруну ҷонаш панддиҳандае дорад, аз тарафи Худо бар ӯ ҳофизу нигаҳбоне аст" (Наҳҷулбалоға, с.283, ҳикмати 89).
Чуноне ки дар ривоят хондем, ин ривоят ба се амал ишора дошт, ки ҳар кадоми аз ин амалҳо натиҷае дар пай дошт, ки тамомии ин натиҷаҳо ба таври куллӣ дар калимаи "саодат" хулоса мешавад ва ин саодат ҳамон саодати илоҳӣ аст, ки инсон дар асари аъмоли писандида ва холисона ба инчунин саодате, ки шоистаи инсонӣ аст мерасад.