Маҳфили «аҷам» нақши занон дар ҷумҳурии исломии эрон
Бо ибтикори Маҳфили фарҳангии «Аҷам» дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс таҳти унвони «Нақши занон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз инқилоб ва баъд аз инқилоби исломӣ» баргузор гардид. Дар кори конфронс асосан бархе аз ҷавонони донишҷӯи мактабҳои олии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ раиси маҳфили фарҳангии «Аҷам» Ҳотам Файзуллоев кушод.
Сипас Қаҳҳори Расулиён, доктори илмҳои таърих, муаллими Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, дар мавзӯӣ «Нақши зан дар ҷомеа аз нигоҳи Имом Хумайнӣ», Умар Сафар, декани факултети шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ҷойгоҳи зан дар Ҷумҳурии Исломии Эрон», Ҳусайн Шерхонӣ, корманди фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзӯи «Фаъолиятҳои густурдаи занон баъд аз инқилоби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон» ва Султони Ҳамад, рӯзноманигор, дар мавзӯи «Фаъолияти занон дар парламенти Ҷумҳурии Исломии Эрон» маърӯза ва суханрониҳо карданд.
Дар муҳокимаи маърӯза ва суханрониҳо Анзурат Маликова, ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абдуллоҳи Рӯдакӣ, Барнои Қодирдухт, шоираи ширинкаломи тоҷик, Нилуфари Ҳайдаршо, донишҷӯи соли чоруми факултаи Шарқшиносии ДМТ ва дигарон ширкат варзиданд. Маҳфили фарҳангии «Аҷам» ташкилоти ҷамъиятест, ки беш аз 5-сол боз фаъолият намуда ҳадафи асосии он мусоидат кардан ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву иҷтимоии мардуми се кишвари ҳамдину ҳамзабон ва дорои таърихи муштарак - Тоҷикистону Эрону Афғонистон мебошад.
Манбаъ: http://ruzgor.tj