Хонавода, бо вуҷуди ин ки дар бештари ҷомеаҳо мавриди таваҷҷӯҳ аст дар ҷаҳонбинии исломӣ аҳамият ва арзиши зиёде ба он дода мешавад. Дар ин ҷаҳонбинӣ хонавода гурӯҳе ташкилшуда аз чанд нафар аст, ки дорои шахсиятҳои маданӣ, ҳуқуқӣ ва маънавӣ, ки бар асоси никоҳ (ақде, ки иртиботи машруиятии зану мардро муайян месозад) ба вуҷуд меояд.
Чигунагии тарбиятии хонавода аз дидгоҳи ислом
Ислом аз ҳамон ибтидои таваллуд барномаҳо ва дастуроти хоссеро барои рушд ва тарбияти кӯдак танзим фармуда ва иҷрои онро бар уҳдаи хонавода қарор дода аст. Батавре, ки дар саросари давраи кӯдаки ва навҷавонӣ, ки муҳимтарин даврони рушд ва тарбияти кӯдак аст барномаҳои хосс ва суфоришҳои тарбиятии бисёреро дар интихоби исм, шир додан ва аз шир гирифтан, дар муҳаббат ва меҳрварзӣ ба кӯдакон ва дар риояти адолат, вафои ба аҳд нисбат ба онҳо чи дар давраи ба балоғат расидан ва чи дар давраи навҷавонӣ баён дошта аст.
Имом Саҷҷод(а) мефармоянд:
Ҳаққи кӯдаки ту бар ту ин аст, ки бидонӣ вуҷуди ӯ аз туст ва баду хуби ӯ дар ин дунё ба ту вобаста аст ва бояд бидонӣ, ки дар сарпарастии ӯ масъулият дорӣ ва масъул ҳастӣ, ки ӯро ба беҳтарин ваҷҳ тарбият кунӣ ва бар уҳдаи туст, ки уро ба Худованди бузург роҳнамоӣ кунӣ. (Макоримулахлоқ/233)
Ҳамчунин имом Саҷҷод(а) дар таъкид бар аҳамияти шеваи тарбияти дурусти фарзандон мефармоянд:
Бо фарзандат ончунон рафтор кун, ки асари некуи тарбияти ту мояи зебоӣ ва ҷамоли иҷтимоии ӯ шавад. Ё инки ӯро чунон тарбият кун, ки битавонад дар корҳои мухталифи зиндаги бо иззат ва обруманди зиндаги кунад ва мояи зебои ва ҷамоли ту буда бошад.
Пайғамбари Акрам(с) мефармоянд:
Ба кӯдакони худ эҳтиром бигузоред ва бо одоб ва равиши писандида бо онҳо рафтор кунед.
Ислом бо ин ҳама нигоҳ ва таъкиде, ки бар нақши тарбиятии хонавода қоил аст шеваи муносиби тарбиятиро пеши рӯи хонаводаҳо қарор медиҳад. Батавре, ки бо такид бар такрим ва ташвиқи фарзандон хонаводаро аз аъмоли равишҳои танбеҳӣ (задан) боз медорад.
Ҳазрати Алӣ(а) мефармоянд:
Оқил бавасилаи адаб панд мепазирад ва ин чорпоёнанд (ҳайвонотанд), ки ҷуз бо задан тарбия намешаванд.
Паёмбари Акрам(с) мефармоянд:
Худо раҳмат кунад касеро, ки дар некӯкори ва некӣ ба фарзандаш кумак кунад. Савол шуд чигуна фарзанди худро дар некӣ кумак кунад? Фармуд: Ончи дар тавоноии кӯдак аст ва барояш осон аст, аз ӯ бипазирад ва ончи анҷом доданаш барои кудак душвор ва тоқатфарсост аз ӯ нахоҳад ва ӯро ба гуноҳу корҳои аҳмақона маҷбур накунад.
Ислом ҳамчунин ба мавзӯъи тафовутҳои фардӣ, ки мавриди баҳси равоншиносон аст таваҷҷҷӯҳ дошта аст. Аз дидгоҳи ислом инсонҳо аз ҷиҳати вижагиҳо, тавоноӣ ва истеъдодҳо бо якдигар фарқ доранд. Бар ин асос дар назар гирифтани ин тафовутҳоро низ дар тарбияти фарзандон дар хонаводадорӣ аҳамият медиҳад. Аз намунаи ҳадисҳое, ки баён шуд ва ҳазорон шоҳиди муътабари дигар метавон ба нақши аҳамияти хонавода аз дидгоҳи ислом пай бурд. Ислом саъодат ва шақовати (хушбахт ва бадбахт шудани) фардро таҳти таъсири хонавода, чи дар даврони қабл аз таваллуд ва чи баъд аз таваллуд медонад.
Коркарди иҷтимоӣ ва иқтисодии хонавода аз дидгоҳи Ислом
Ислом ойини илоҳӣ ва муқаддасе аст, ки барои хонавода аҳамияти фаровон қоил аст ва онро санги бинои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ мешиносад. Ислом ваҳдати ҷомеаро аз ваҳдати завҷайн(зану мард) ва ваҳдати аъзои хонавода мешиносад ва алоиқи инсонҳои мавҷуд дар хонаводаро қобили густариш ва нашр дар ҷомеъа ба ҳисоб меоварад. Ислом бар ин бовар аст, ки ҷомеаҳо дар сояи қавонини муаян бошан ва чорае ҷуз ин нест, ки аввал хонавода таҳти қонуну қавонини динӣ ва иҷтимоӣ дарояд ва ҳаргуна назму созандагӣ бояд аз хонавода оғоз шавад ва доманаи созандагӣ ба ҷомеа кашонда шавад.
Ислом хонаводаро меҳвари ахлоқии ҷомеа медонад. Навъи тарбият ва иртибототи мавҷуд дар хонавода сабаби ваҳдат ва нақши иҷтимоӣ аст. Ҳамчунин хонаводаро маркази сарнавиштсоз дар ҷанбаи инҳирофу нофармонӣ баён кардаанд ва аз он ҷиҳат, ки кӯдак пастиҳоро дар онҷо таҷриба карда ва омӯхта аст. Сифоти иҷтимоии кӯдак бархоста аз хонавода аст. Ислом дар пайи насле аст, ки солиму пок ва сабаби ифтихор барои ҷомеаи инсонӣ бошад. Чунин насле ҷуз дар домани хонаводаи солим наметавонад тарбият шавад. Вазифае, ки хонавода дар баробари тарбияти фард дорад ва нақши муҳимме, ки дар ин замина ба тасвир мекашад дар воқеъ ба вазифаи ӯ дар баробари тарбияти ҷомеа пайванд мехӯрад.
Сухани охир
Бар ин асос Ислом таъсироти хонаводаро дар тарбияти фарзандон ва саломати иҷтимоъро дар хонаводаи солим медонад. Хонаводаи солим илова бар рушд ва шукуфоии фарзандон, тарбияти солимеро, ки ҳамсарон аз якдигар дарёфт медорандро низ аз назар дур нигаҳ намедорад. Хонаводаи солим чорчуби амнеро барои ҳамсар ва фарзандони онҳост. Ин чорчуб густариш ёфта чорчуби амни ҷомеаро фароҳам месозад.