Ба номи Худо
Орзуи ман
Ман орзу дорам, ки рӯзе,
Мисли падар Қуръон бихонам.
Дар гӯшае биншинам ором,
Аз қиссаҳои он бихонам.
Ман хуб медонам, ки Қуръон,
Аз ҳадяҳои осмон аст.
Ҳар ҳарфи зебое, ки дорад,
Ҳарфи Худои меҳрубон аст.
Қуръон бароям ҳамчу боғест,
Боғи пур аз гулҳои хушбӯ.
Бояд ҳамеша дӯст бошам,
Монанди як парвона бо ӯ.