Худоё! Бар Муҳаммад
ва Оли Муҳаммад дуруд фирист.
Дарсҳое аз Қуръони Карим (2)
Оё таълим аввал аст ё тарбият?
Шояд аз худ пурсидаед, ки таълим аввал аст ё тарбия? Гоҳе таълимро аввал мегӯянд ва гоҳе тарбияро. Як олими динӣ чӣ сифоте бояд дошта бошад ва вазоифи ӯ чист? Арзиши ин кор то куҷост? ...
Биёед бо ҳам ба суроғи Қуръони Карим биравем, то посухи худро пайдо кунем.
Дар Қуръон мехонем, ки ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) аз Худо чунин дархост карданд:
َربَّنَا وَابْعَثْ فِيهِمْ رَسُولاً مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُزَكِّيهِمْ إِنَّكَ أَنتَ العَزِيزُ الحَكِيمُ
“Парвардигори мо! Дар миёни онон (насли мо) фиристодае аз худашон барангез (ва интихоб кун), то оёти туро барои онон бихонад ва китоб ва ҳикмат ба онон биёмӯзад ва покизаашон кунад, чунки дар ҳақиқат ту шикастнопазири ҳакимӣ.” Бақара/ 129.
Биёед бо ҳам ба нукоти зер таваҷҷӯҳ кунем:
ü «رَبَّنَا»Раббано яъне ту мураббии мо ҳастӣ ва беъсати Расул сабаби тарбият ва рушди ҷомеа ва насли инсон аст.
ü «ابْعَثْ» Ибъас аз решаи "баъаса" ба маънои барангехтан аст. Ба фарде аз миёни насли мо, ангезаи кофӣ бидеҳ, то дар сахтиҳо, мушкилот, пирӯзиҳо, сулҳ ва шикасте, ки рӯ ба рӯ мешавад пойдор бимонад. Дар сахтиҳо ноумед ва на дар роҳатиҳо мағрур ва сармаст нашавад.
ü «العَزِيز» Ту азизӣ. Яъне ҳар чи бихоҳӣ ҳатман анҷом мешавад. Ҳатто агар тамоми мардуми дунё нахоҳанд ва барои нобуд кардани он мубориза кунанд. Дар ҳар ҳоле намояндаатро пуштибонӣ ва ҳимоят мекунӣ. Агар ту бихоҳӣ ашрафи махлуқот ҳазрати Муҳаммад(с)-ро дар ҳангоми ҳиҷрат аз Макка ба Мадина бо тори тортанак, ки дар сустӣ зарбулмасал аст, наҷот медиҳӣ.
ü «الحَكِيم» Ту ҳакимӣ, яъне тарбият ва интихоби ту ҳакимона аст.
ü Барои расул, се сифат зикр карданд;
1) Аз худи мардум бошад, то мардумро бишиносад ва мардум ҳам ӯро бишиносанд, аз ӯ сармашқ бигиранд ва мушкилоти онҳоро бифаҳмад ва барои бартараф кардани он барномарезӣ кунад. «مِن أنفُسِهِم»
2) Дар миёни мардум ва дар дастраси ниёзмандон бошад, на монанди телефони мобилӣ (ҳамроҳ), ки баъд аз тамос мешунавед, ки муштараки мавриди назар дар дастрас нест ва ё мобилаш хомуш мебошад! «فِيهِمْ»
3) Дар хидмати мардум бошад ва роҳро аз чоҳ барояшон нишон диҳад. «يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِكَ» чунки ҳадди ақал 2 кор барои ӯ карданд; 1) дуо карданд, 2) чандин сол чашм ба роҳ ва мунтазир буданд, то баргардӣ ва ба онҳо хидмат кунӣ.
ü Барои расул 4 вазифа ва хидмат зикр карданд;
1. Тиловати оёти илоҳӣ. يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِك
2. Таълими китоб. وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ
3. Таълими ҳикмат. وَالْحِكْمَةَ;
4. Тазкия ва тарбияти мардум. وَيُزَكِّيهِمْ
Худованди Мутаол дар се оя, қабул шудани дуои ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а)-ро баён мекунад:
كَمَا أَرْسَلْنَا فِيكُمْ رَسُولاً مِّنكُمْ يَتْلُو عَلَيْكُمْ آيَاتِنَا وَيُزَكِّيكُمْ وَيُعَلِّمُكُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُعَلِّمُكُم مَّا لَمْ تَكُونُواْ تَعْلَمُونَ
“Ҳамон тавр ки дар миёни шумо фиристодае аз худатон равона кардем, ки оёти моро бар шумо мехонад ва шуморо пок мегардонад ва ба шумо китоб ва ҳикмат меомӯзад ва он чизеро, ки намедонистед ба шумо ёд медиҳад.” Бақара/ 151
لَقَدْ مَنَّ اللّهُ عَلَى الْمُؤمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولاً مِّنْ أَنفُسِهِمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُواْ مِن قَبْلُ لَفِي ضَلالٍ مُّبِينٍ
“Ба яқин Худо бар мӯъминон миннат ниҳод, замоне ки паёмбаре аз худашон дар миёни онон барангехт, то оёти худро бар онҳо бихонад ва покашон гардонад ва китоб ва ҳикмат ба онон биёмӯзад, қатъан пеш аз он дар гумроҳии ошкоре буданд.” Сураи Оли Имрон, ояи 164.
هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُوا مِن قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ
“Ӯ (Худованд) он касе аст, ки дар миёни дарснахондаҳо фиристодае аз худашон барангехт, то оёти ӯро бар онон бихонад ва покашон гардонад ва китоб ва ҳикмат бар ишон биёмӯзад ва )онон( қатъан пеш аз он дар гумроҳии ошкоре буданд.” Сураи Ҷумъа, ояи 2.
Ба чанд нукта таваҷҷӯҳ кунем:
Худованд фармуд: Арсално яъне мо намояндае фиристодем. Бақара/151
Ҳамчунин фармуд: Баъаса яъне барангехт. Ба намояндаи худ ангезаи кофӣ дод, то ин маъмуриятро ба хубӣ анҷом диҳад. Оли Имрон/164 ва Ҷумъа/2
Сифоти Расулро ҳамонҳое зикр кард, ки ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) баён карда буданд; 1) аз худи мардум, 2) дар миёни мардум, 3) дар хидмати мардум.
Дар вазоиф шумо инчунин фикр мекардед:
1) Тиловати оёт; 2) таълими китоб; 3) таълими ҳикмат; 4) тазкия ё ҳамон тарбият
Яъне аввал олим ва ҳаким бишав ва баъд одам.
Вале тартиби дурусташ ин аст:
1. Тиловати оёти илоҳӣ; 2. Тазкия ва тарбият; 3. Таълими китоб; 4. Таълими ҳикмат; 5. Таълими он чи, ки шумо намедонистед. Таълими улуме, ки фақат аз тариқи ваҳй бароятон мумкин аст.
Пас аввал одам бишав, баъд олим ва ҳаким...
Агар ин мароҳил ба дурустӣ тай шуд мардум аз гумроҳӣ наҷот меёбанд ва ҳадаф ҳам ҳамин аст.
Ҳоло ба ин мисол диққат кунем; Шумо агар пиёлаи олудаеро биёред ва бигӯед: Дар ин пиёла об бирез. Мегӯянд: Аввал тамизаш кун баъд об мерезем. Шояд бигӯед: Шумо чӣ кор доред, ман об мехоҳам. Мегӯянд: Агар бо зӯрӣ ҳам об бигирӣ, на худат метавонӣ бинушӣ ва на дигарон. Обро олуда мекунӣ ва ба замин мерезӣ, ки ин кор исроф ва гуноҳ аст. Пас бояд аввал пиёларо бо об бишӯӣ, то тамиз шавад, онгоҳ об мерезанд ва ту ҳам метавонӣ бихурӣ ва нуши ҷонат шавад.
Зарфи вуҷуди шумо ҳам анвоъ ва ақсоми олудагиҳои рӯҳӣ дорад. Худованд мефармояд: «فَالهَمَها فُجورَها و تَقوی ها
Сипас бадиҳо ва парҳезгориҳояшро ба ӯ (нафс) илҳом кард. Шамс / 8
Бояд ин фуҷур ва бадиҳои вуҷудатро бо тиловати оёти илоҳӣ тамиз кунӣ, он вақт илми китоб биёмузӣ. Ин илми китоб дар рӯҳи покат ҳикмат меоварад ва роҳҳоеро ба рӯят боз мекунад, ки худат наметавонистӣ боз кунӣ, чунки ту даст дар дасти чаҳор ҳаким гузоштӣ;
1. Худо. «إِنَّكَ أَنتَ العَزِيزُ الحَكِيمُ»
2. Китоби Худо (Қуръон) Ёсин/2 ва Юнус/2 Оли Имрон/78
3. Расули Худо(с), ки устоди ҳикмат аст
4. Аҳли байти Расули Худо(с), чунки Паёмбар(с) дар ҳадиси Сақалайн фармуд: Қуръон ва Аҳли байт(а) ҳеҷ вақт аз ҳамдигар ҷудо намешаванд. «لن یفترقا» Пас агар Қуръон ҳаким бошад, Аҳли байт(а) ҳам ҳаким ҳастанд.
Вақте дастатро дар дасти чаҳор ҳаким гузоштӣ ва бо онҳо маънус шудӣ, ҳаким мешавӣ, вале агар қабл аз дур кардани бадиҳо ва олудагиҳои рӯҳӣ, китобро биёмузӣ, ба хотири олудагиҳо, ба ҳикмат, ки намерасӣ ҳеҷ, балки ин илм бароят зарар дорад, чунки ҳам худат гумроҳ ва гирифтор мешавӣ ва ҳам дигаронро гирифтор ва гумроҳ мекунӣ ва ин илм ҳиҷоб ва монеи бузург мешавад ва фасоди олим сабаби фасоди олам мешавад.
Чӣ тавр бо хондани оёт тазкия ва тарбият ҳосил мешавад?
Оёти Қуръон монанди об олудагиҳои вуҷуди моро аз байн мебарад. Ба ин ҳодиса диққат кунед: Марде назди Расули Худо(с) омад ва гуфт: Ё Расулаллоҳ! Мехоҳам Қуръон ёд бигирам. Ҳазрат(с) сураи Зилзолро барояш ёд дод. Вақте расид ба ин оя: Дар он рӯз мардум (аз қабрҳо ба сурати гуруҳҳои) ҷудогона бозмеоянд, то амалҳояшон ба онҳо нишон дода шавад. Пас касе, ки ба андозаи заррае (кори) нек карда бошад, онро мебинад. Ва касе, ки ба андозаи заррае (кори) бад карда бошад, онро мебинад. Сураи Зилзол
Он шахс бархосту гуфт: Ҳамин бароям кофӣ аст. Фаҳмидам, ки тамоми зарраҳои хубу бад ҳисобу китоб дорад. Онгоҳ рафт. Расули Худо(с) фармуд: Нодон омад, вале донишманд рафт. Биҳорул анвор
Чаро мо даҳҳо бор Қуръонро тиловат ва хатм кардаем, вале тағйири лозим накардаем ва тарбият нашудем?
Бояд бияндешем ва посух биёбем.
Неъмати рисолат ба қадре муҳим ва арзишманд аст, ки Худованд ба мӯъминин миннат мегузорад, чунки дар асари ин неъмат инсонҳои ҳақталаб аз гумроҳӣ наҷот меёбанд ва ҳидоят мешаванд.
Оё фақат мардуми Макка уммӣ ҳастанд?
Тамоми башарият, то рӯзи қиёмат уммӣ ҳастанд ва бояд сари суфраи ваҳй бинишинанд ва резахӯри он бошанд, чунки Худованд мефармояд: Ва ӯ (Расули Худо) ба шумо чизҳоеро меомузад, ки шумо наметавонистед онро бидонед.
Бино бар ин Расули Худо(с) барои чигуна намоз хондан фармуданд: Ба ман нигоҳ кунед ва бибинед, ки ман чигуна намоз мехонад шумо ҳам мисли ман бихонед. Ва аъмоли Ҳаҷро ҳам амалан анҷом дод, то мусулмонон ёд бигиранд.
Бо таваҷҷӯҳ ба оёти боло ва ҳадиси "Олимон ворисони анбиё(а) ҳастанд" мубаллиғ ва олими дин бояд бидонӣ;
Ту вориси анбиё(а) ҳастӣ, модоме ки ҳамон сифотро дошта бошӣ ва ҳамон вазоифро анҷом диҳӣ;
Намоянда ва мунтахаби Худо барои ин кор ҳастӣ;
Ангезаи истиқомат ва пойдорӣ дар баробари сахтиҳоро Худо ба ту додааст;
Бо тавфиқи ӯ ба ин роҳ омадаӣ;
Барои ту ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) дуо карданд
Худо ҳам онро мустаҷоб кард ва ту натиҷаи истиҷобати дуои онон ҳастӣ
Бо воситаи кори ту Худованд мардумро аз гумроҳӣ наҷот медиҳад ва бар онҳо ҳуҷҷати худро тамом мекунад;
Ин неъмат ба андозе муҳим аст, ки Худованд бар мӯъминин миннат мегузорад.
Пас қадри худатро бидон ва худро барои ҳаводиси ин роҳ омода кун ва бо тавфиқи илоҳӣ ва тавассул ба авлиёӣ илоҳӣ(а) бо азми росих барои анҷоми рисолати пеши рӯ талош кун, ки ояндаи равшан дар пеши рӯ дорӣ.
Бош то субҳи давлаташ бидамад
К-ин ҳануз аз натоиҷи саҳар аст.
Таҳияи Саломуддин Маъниддин