Сираи Паёмбари раҳмат ва ҷавонон;

Яке аз розҳои бузурги мувафақияти Паёмбар (с) дар пешбурди Ислом, ин буд, ки дар тамоми ақшор ва табақоти мардум ба вижа дар қалби ҷавонон ҷой гирифта буд, чаро ки ин шеваро аз Худояш омӯхта ва сахт ба ин қишр алоқаманд буд ва онҳоро дӯст медошт ва ба таври ҷудогона низ ҳолашонро ҷӯё мешуд.

Гоҳе ба аёдати беморони ҷавон мерафт ва гоҳе дар ҷамъашон менишаст ва бо онон сухан мегуфт ва насиҳаташон мекард ҳамин бархурдҳои зебо ва мунҳасир ба фарди Паёмбар (с) буд ки боис шуд ҷавонон ба Расули Худо(с) ишқ варзида, ҷони худро фадои ҳазраташ намоянд.

Дар бисёре аз ҷангҳо ҳамин ҷавонон буданд ки фармондеҳи ё парчамдории лашкари Исломро ба уҳда мегирифтанд ва ё тарафи машварати Паёмбар (с) қарор мегирифтанд, гоҳе низ ҳамин ҷавонон намояндаи вижаи Паёмбар (с) буданд то ба мардум Қуръон ва маорифи Исломӣ биёмӯзанд ва ҳамин ҷавонон буданд ки аз тарафи Паёмбар (с) ба унвони ҳокими вилоят, фармондор ва қозӣ дар бархе аз шаҳрҳо таъйин мешуданд инак аз боби намуна ба чанд мулоқот ва нишасти Паёмбар (с) бо ҷавонон ишора мекунем:

1- Қироати Қуръон дар маҳфили ҷавонон

Имоми Содиқ (а) фармуд: рузе Паёмбари бузургвори Ислом (с) аз бархе ҷавонони қавми Ансор ситоиш кард ва фармуд: мехоҳам бар шумо оёте аз Қуръони Маҷид тиловат кунам; пас ҳар ки гиря кард, биҳишт бар ӯ воҷиб мешавад. Онгоҳ охири сураи Зумарро ба онон тиловат фармуд:

وَسِيقَ الَّذِينَ كَفَرُوا إِلَى جَهَنَّمَ زُمَرًا حَتَّى إِذَا جَاؤُوهَا فُتِحَتْ أَبْوَابُهَا وَقَالَ لَهُمْ خَزَنَتُهَا أَلَمْ يَأْتِكُمْ رُسُلٌ مِّنكُمْ يَتْلُونَ عَلَيْكُمْ آيَاتِ رَبِّكُمْ وَيُنذِرُونَكُمْ لِقَاء يَوْمِكُمْ هَذَا قَالُوا بَلَى وَلَكِنْ حَقَّتْ كَلِمَةُ الْعَذَابِ عَلَى الْكَافِرِينَ ﴿۷۱﴾[1]

касоне ки кофир шуданд, гуруҳ гуруҳ ба сӯи ҷаҳанам ронда мешаванд вақте ба дузах мерасанд, дарҳои он гушуда мешавад ва нигаҳбонони Дузах ба онҳо мегуянд: оё Расулоне аз миёни шумо ба суятон наёмаданд ки оёти Парвардигоратонро барои шумо бихонанд ва аз мулоқоти ин рӯз шуморо бар ҳушдор диҳанд? Мегуянд: оре вале фармони азоби Илоҳӣ бар кофирон ҳатмӣ шудааст.

Тамоми ҷавонони ҳозир дра маҷлис гиристанд, ҷуз як ҷавон ки гуфт: ё Расулалоҳ ман худро ба ҳоли гиря даровардам, аммо ашке аз чашмонам ҷори нашуд.

Паёмбар (с) фармуд: ман бори дигар ин оятро бар шумо тиловат мекунам ва ҳар ки худро ба ҳолати гиря даровард, биҳишт бар ӯ аст ва онгоҳ оятро бар онҳо такрор фармуд ин бор тамоми ҷавонон гиря карданд магар ҳамон ҷавон ки фақат худро ба гиря андохт ва ба фармудаи Паёмбар (с) ҳама аз аҳли биҳишт шуданд.[2]

2- Дар канори қаҳрамонон

Ибни Фатоли Нишопурӣ аз Имоми Содиқ (а) нақл карда ки рузе Паёмбар (с) бар гуруҳе гузар кард дар ҳоле ки санге аз ҷой баланд мекарданд ва зурозмоӣ мекарданд Паёмбар (с) лаҳазоте дар канори онҳо истод ва фармуд: барои чи чунин мекунед? Дар посух гуфтанд: мехоҳем бубинем кадом аз мо як қавитар аст.

Паёмбар (с) фармуд: оё шуморо хабар диҳам ки кадом як аз шумо нерумандтар аст? Гуфтанд: оре ё Расулалоҳ. Паёмбар (с) фармуд: қавитарини шумо касе аст ки агар аз чизе хушҳол шуд ва шодмон гашт, ин шодмони ӯро ба кори ботил ва гуноҳ накашонад ва агар аз чизе хашмгин шуд, хашми ӯ, вайро аз ҳақ дур насозад...[3]

3- Баргузори мусобиқа

Имом Зайналобидин (а) фармуд: ҳангоми баргаштани лашкари Ислом аз ҷанги Табук Паёмбар (с) дастур дод то мусобиқаи шутурдавонӣ баргузор гардад дар ин мусобиқа, шутури Паёмбар (с) ки Усома ибни Зайд бар он савор буд, баранда шуд, Усома он руз ҷавони 18 сола буд.

Ҳама мегуфтанд: Паёмбар (с) баранда шудааст; аммо Паёмбар (с) мефармуд: Усома баранда аст.[4]

4- Дилҷуи аз ҷавонон

Расули гиромии Ислом (с) дар тули солиёни набувати худ, чи дар Макка ва чи дар Мадина, балки дар тамоми даврони  умри пурбаракати хеш, бо ин қишр робитаи хубе дошт; ҳатто нисбат ба бархе ҷавонони ғайри мусалмон низ таваҷҷуҳи хосе дошт; ба гунае ки онҳоро моил ба Ислом менамуд. Гоҳ ки бархе аз ононро намедид пурсон шуда ва ба суроғашон мерафт.

Овардаанд,ки навҷавони Яҳудие дар Мадина ҳамвора ба ҳузури Расули Худо (с) меомад; то ҳаде ки робитааш бо он Ҳазрат хусуси шуда буд ва Паёмбар (с) ӯро барои паёмрасонӣ ба атроф мефиристод ва...

Паёмбар (с) чанд руз ӯро надид. Аз асҳоб, аҳволи ӯро пурсид. Яке гуфт: ӯ дар бистари марг аст ва гуё имрӯз охирин рӯзи ӯ дар дунё ва нахустин рӯзи ӯ дар охират аст. Паёмбар (с) ҳамроҳи чанд нафар аз асҳоб ба хонаи ӯ рафт ва ӯро беҳуш дид. ҳузури муқаддаси Расули акрам (с) мояи баракат буд вақте шахсеро садо мезад хар чанд ӯ беҳуш бошад, посухи он Ҳазратро медод.

Расули Худо (с) ӯро садо зад навҷавони Яҳудӣ, чашмҳояшро гушуд ва арз кард лабайк ё Расулаллоҳ, Ҳазрат ба ӯ фармуд: ба яктои Худо ва рисолати ман аз ҷониби Худо гувоҳи бидеҳ. Навҷавон ба падараш ки дар канораш буд, нигоҳ кард ва ба хотири риояти падараш, ки Яҳудӣ буд, чизе нагуфт. Паёмбар (с) барои бори дуюм  ӯро ба яктои Худо ва рисолати худ даъват кард  ӯ боз падари худро дид ва чизе нагуфт. Барои бори сеюм низ ин кор такрор шуд.

Падараш ба забон омад ва гуфт: фарзандам мулоҳизаи маро накун; ихтиёр бо худат аст, ҳарчи мехоҳи бигӯ. Дар ин ҳангом навҷавон гуфт:

اشهد ان لا اله الا الله واشهد انک رسول الله» «

сипас ҷон ба офарин таслим кард. Расули Худо (с) аз падараш хост ки худ ба масоили кафну дафни он навҷавон бипардозад сипас ба ёрон фармуд: бадани он навҷавони тозамусалмонро ғусл дода, кафан кунед. Онон низ пас аз ғусл ва кафан, ҷанозаи ӯро ба ҳузури Расули Худо (с) оварданд.

Расули Худо (с) бар пайкари ҷавони тозамусалмон намоз хонд ва пас аз поёни маросими дафн, Паёмбар (с) ба хонаи худ бозгашт;  дар ҳоле ки мефармуд: الحمد لله الذی انجا بی الیوم نسمة من النار» «

сипос Худоеро ки имруз ба василаи ман инсонеро аз оташи ҷаҳанам наҷот дод.[5]

[1] - Зумар/71

[2] - Сафина-тул- Баҳор, ҷ,2, с,94

[3] - Равза-тул-воизин, ҷ,2, с,379, мушкот-ал-анвор, с, 32

[4] - Васоилу-шиа, ҷ, 13, с, 351

[5] - Достони дустон, ҷ, 3, с, 323, мушкот-ал-анвор, с, 392

Тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст