Нақши бозӣ дар тарбияти кудакон;
Дар ривоят омадааст, ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Назди ҳар касе ки кӯдаке ҳаст, бояд бо ӯ кӯдакӣ кунад.”
бознашр аз кимиёи саодат
Бозӣ барои кӯдак, ҷиддитарин мавзӯи ҳаёт аст. Бозӣ барои бузургсолон баробар бо вақтгузаронӣ, батолат ва ғафлат аст, ки монеи такомули ӯст, аммо дар мавриди кӯдак, бистари рушду такомули ӯ ба шумор меравад. Дар ин навиштор, ривоёте гирд овардаам, ки перомуни нақши бозӣ барои кӯдакон аз манзари дини мубини ислом мебошад.
Ситоиши шӯхии кӯдак
Паёмбари Худо (с): “Шӯхии бачча дар кӯдакӣ, мояи фузунии ақли ӯ дар бузургсолӣ аст.”
Иҷозати бозӣ додан ба кӯдак
1. Дар Ал-муъҷамул-кубро ба нақл аз Абӯайюби Ансорӣ овардааст: “Бар Паёмбари Худо (с) ворид шудам, дар ҳоле ки Ҳасан ва Ҳусайн (р) назди эшон ва дар ҳуҷраи эшон бозӣ мекарданд. Гуфтам: “Эй Паёмбари Худо! Оё онҳоро дӯст медорӣ?” Фармуд: “Чӣ гуна онҳоро дӯст надошта бошам, дар ҳоле ки онҳо ду даста гули ман аз дунёянд, ки онҳоро мебӯям?”
2. Ва низ дар ҳамин китоб ба нақл аз Абӯсаид овардааст: “Дар ҳоле ки Паёмбари Худо (с) намоз мехонд, Ҳусайн (р) омад ва гардани Паёмбар (с)-ро гирифт. Эшон бо ӯ бархост ва ӯро бо дасти худ гирифт ва ҳамчунон ӯро нигаҳ дошт, то бо ӯ ба рукӯъ рафт.”
3. Дар Шарҳул-ахбор ба нақл аз Ҷаъфари Фарвӣ овардааст: “Паёмбари Худо (с) бо ёронаш нишаста буд, ки Ҳасану Ҳусайн дар ҳоле ки хурдсол буданд, ба сӯи эшон рафтанд ва аз сару дӯши эшон боло мерафтанд. Гоҳе сарашонро барои онон поин меовард ва гоҳе ононро мегирифт ва мебӯсид. Ин дар ҳоле буд, ки яке аз ҳамнишинони эшон бо шигифтӣ ба ин рафтор нигоҳ мекард. Он гоҳ гуфт: “Эй Паёмбари Худо! Ба ёд намеоварам, ки ҳеҷ гоҳ фарзандеро гирифта бӯсида бошам.” Паёмбари Худо (с) хашмгин шуд, то ҷое ки рангаш дигаргун гашт ва ба он мард фармуд: “Агар Худованди азза ва ҷалла меҳрубониро аз қалби ту гирифтааст, ман бо ту чӣ кунам? Касе ки ба кӯдакони мо меҳр наварзад ва бузургони моро гиромӣ надорад, аз мо нест.”
4. Дар Сунани Насоӣ ба нақл аз Абдуллоҳи ибни Шаддод аз падараш овардааст: “Ҳангоми яке аз ду намоз (шому хуфтан) Паёмбари Худо (с) ба сӯи мо берун омад, дар ҳоле ки Ҳасан ё Ҳусайн (р)-ро ҳамл мекард. Паёмбари Худо (с) омад ва ӯро бар замин гузошт. Сипас такбири намозро гуфт ва намозро шурӯъ намуд. Дар миёни намоз, саҷдаи тӯлоние кард. Падарам гуфт: Сарамро бардоштам, кӯдакро бар пушти Паёмбари Худо (с) дидам, дар ҳоле ки эшон дар саҷда буд. Пас ба саҷда бозгаштам. Вақте Паёмбари Худо (с) намозро ба поён бурд, мардум гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Дар миёни намозат саҷдаи тӯлоние доштӣ; ба гунае ки гумон кардем иттифоқе уфтода ва ё ба шумо ваҳй шудааст. Фармуд: Ҳеҷ кадом набуд, лекин писарам бар дӯши ман савор шуд ва дӯст надоштам, ки ӯро бо шитоб поин оварам, то ин ки ниёзашро ирзо кунад.”
Кӯдакӣ кардан бо кӯдак ва бозӣ бо ӯ
1. Паёмбари Худо (с): “Назди ҳар касе ки кӯдаке ҳаст, бояд бо ӯ кӯдакӣ кунад.”
Мавлавӣ ба ҳамин мазмун сурудаааст:
Чун ки бо кӯдак сару корат фитод,
Пас забони кӯдакӣ бояд кушод.
2. Дар Сунани Ибни Моҷа ба нақл аз Саид ибни Абӯрошид овардааст: “Яъло ибни Мурра ин ҳадисро нақл кард, ки ҳамроҳи Паёмбари Худо (с) ба сӯи меҳмоние, ки даъват шуда буданд, ҳаракат карданд, ки диданд Ҳусайн (р) дар кӯчае бозӣ мекунад. Паёмбар (с) пеши гурӯҳ омад ва дастони худро боз кард, вале Ҳусайн (р) ба ин сӯву он сӯ мегурехт ва Паёмбар (с) ӯро механдонд, то гирифт. Яке аз дастони худро зери чонаи ӯ қарор дод ва дигариро пушти сараш ва ӯро бӯсид ва фармуд: “Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам. Худованд касе ки Ҳусайнро дӯст дорад, дӯст медорад. Ҳусайн сибте аз асбот аст.”
3. Дар Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ба нақл аз Абӯҳурайра овардааст: “Паёмбари Худо (с) забонашро барои Ҳусайн (а) берун меовард ва кӯдак сурхии забонро медид ва механдид. Уяйна ибни Бадр ба эшон гуфт: Чӣ мебинам? Ӯ бо ин кӯдак чунин мекунад? Ман фарзанде дорам, ки сураташ риш баровардааст, вале ҳеҷ гоҳ ӯро набӯсидаам. Паёмбар (с) фармуд: Касе ки меҳрубонӣ накунад, мавриди меҳрубонӣ қарор намегирад.”
4. Дар Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб ба нақл аз Ибни Миҳод аз падараш овардааст: “Паёмбар (с) барои Ҳасану Ҳусайн (р) нимхез нишаст ва ононро савор кард ва дастҳову поҳояшонро мухолифи якдигар қарор дод ва фармуд: Шутури шумо шутури хубе аст.”
Тафреҳгоҳи кӯдакон
1. Паёмбари Худо (с): “Ҳамоно хок тафреҳгоҳ ва маҳалли бозии кӯдакон аст.”
2. Паёмбари Худо (с): “Кӯдаконро ба хотири панҷ чиз дӯст медорам: аввал он ки бисёр гиря мекунанд, дуввум он ки бо хок бозӣ мекунанд, севвум он ки бидуни кина душманӣ мекунанд, чаҳорум он ки чизе барои фардо захира намекунанд, панҷум он ки месозанд ва сипас вайрон мекунанд.”
Нақши бозӣ дар рушди кӯдак
Бозӣ барои кӯдак ҷиддитарин мавзӯи ҳаёт аст. Бозӣ барои бузургсолон баробар бо вақтгузаронӣ, батолат ва ғафлат аст, ки монеи такомул мегардад, аммо дар мавриди кӯдак бистари рушду такомули ӯст. Даврони бозии кӯдак даврони таътилии такомул нест, балки даврони шукуфоии истеъдодҳои ӯ аз тариқи бозӣ аст. Аз ин рӯ, тавсия шудааст, ки ба кӯдакони худ иҷозати бозӣ бидиҳед ва кӯдаке, ки шӯх бошад, дар бузургсолӣ хушфаҳму бурдбор мешавад.
Ҳадиси дуввум, нишонгари нақши асосии бозӣ дар рушду таолии шахсияти инсон аст. Кӯдаке, ки кӯдакии худро ба василаи бозӣ ирзо накарда бошад, дар бузургсолӣ рафторҳои кӯдакона аз ӯ сар мезанад. «Кӯдаксифатӣ» аз ноҳанҷориҳое аст, ки бархе афрод дар синини ҷавонию бузургсолӣ ба он мубтало ҳастанд. Яке аз иллатҳои ин ноҳанҷориҳо ирзо нашудани кӯдак дар даврони кӯдакӣ аст ва ирзои кӯдакӣ ба василаи бозӣ сурат мегирад.
Ҳакимҷон Камолов, коршиноси улуми фиқҳ ва усули исломӣ
Кимиёи саодат