Асҳоби Каҳф аз бандагони хуб ва солеҳи Худованд буданд, ки дар шаҳри торик ва зулматзадаи Филоделфия бо имони муҳкам ва эътиқоди қавӣ ойини Худопарастиро барпо доштанд ва аз по нанишастанд. Онҳо инсонҳои яктопараст буданд, ки дар баробари подшоҳи золим ва бутпарасти шаҳри худ ба по хостанд ва аз Худопарастӣ ва тавҳид даст бар надоштанд ва ҷавонмардона дар роҳи Худованди бузург пойдорӣ ва истиқомат намуданд. Худованд дар Қуръони Карим ба поси ин талоши холисона, онҳоро «ҷавонмардон» номида аст.

Дақёнус, ҳокими золим ва ситамгари шаҳри Филоделфия, мардумро ба бутпарастӣ ва ширк ба Худованд маҷбур мекард. Ӯ худро Худои мардум номида ва дигаронро водор ба итоат ва пайравӣ аз худ менамуд. Куфр ва бутпарастӣ, фазои шаҳри Филоделфияро пур карда буд. Хонаҳои мардум аз бутҳои сангӣ ва чубӣ, ки бутсозон месохтанд, пур буд. Бутҳои хурду бузург дар ҳамаи ҷойҳои шаҳр вуҷуд дошт ва бозори бутфурўшон гарм ва пурравнақ буд. Бештари мардум дар асари зулму ситами Дақёнус, даст аз парастиши Худованди якто бардошта ва бутпараст шуда буданд. Онҳо Худованди доно ва тавоноро фаромўш карда ва аз бутҳои беарзиш ва нотавон кўмак мехостанд.

Ва теъдоди каме аз мардум, ки ҳанўз бар ойни Худопарастии худ боқӣ монда буданд, мавриди озору азият ва таҳдид қарор мегирифтанд. Ба дастури Дақёнус, бар Худопарастон бисёр сахтгирӣ мешуд. Сарбозони Дақёнус мардуми боимонро маҷбур мекарданд, ки ӯро Худо бихонанд ва бутҳоро парастиш кунанд ва касонеро, ки аз ин фармон сарпечӣ мекарданд, ба зиндон меандохтанд ва золимона мекуштанд.

Дар дохили дарбори подшоҳ низ, вазъият ин чунин буд. Ҳама аз ӯ итоат мекарданд ва ӯро ҳамонанди Худо мепарастиданд. Ҳар рӯз, ки мегузашт Дақёнус мағрур ва мағруртар мешуд ва бештар эҳсоси Худоӣ мекард.

Аммо чун Худованди бузург намехоҳад, ки нури ҳақиқат дар байни бандагонаш хомўш шавад, чароғи имонро дар дили чанд нафар аз онҳо равшан карда буд. Ин чанд нафар, аз дӯстони наздик ва аз мушовирони олимақоми Дақёнус буданд, ки ба тозагӣ масеҳӣ шуда буданд. Онҳо барои ин ки битавонанд аз мансаби худ дар кохи Дақёнус барои кўмак ба мардуми бечора истифода кунанд ва пеши роҳи зулму ситами сарбозони ҳокимро бигиранд ва худашон ҳам зинда бимонанд, ин мавзўъро махфӣ нигаҳ дошта буданд.

То ин ки рӯзе Ямлихо ва дӯстонаш дар кох бо Дақёнус саргарми сўҳбат буданд, ки Дақёнус бо ғурури бисёр, рў ба Ямлихо кард ва гуфт: «Эй мушовири бузурги ман! Ту худ ба хубӣ медонӣ, ки ман Худои ин мардум ва Худои ин сарзамин ҳастам ва ҳамаи мавҷудот, таҳти фармони ман мебошанд. Мехостам назари туро дар бораи Худоии худ бидонам.»

Ҳанўз сухани ӯ ба поён нарасида буд, ки ногаҳон яке аз сарбозон ворид шуд ва хабар дод, ки лашкари душман мехоҳад ба сарзамини онҳо ҳамла кунад. Дақёнус бо шунидани ин хабар тарсид ва ранг аз сураташ парид, нороҳат ва асабонӣ шуд ва дастонаш шурўъ ба ларзидан кард. Бо тарсу изтироб, аз Ямлихо ва дӯстонаш хост, ки ӯро роҳнамоӣ кунанд ва дар тадоруки ҷанг ба ӯ кумак намоянд.

Ямлихо бо дидани ӯ дар он ҳоли ошуфта ва парешон, ба фикр фурў рафт. Фардои он рӯз Ямлихо ва дӯстонаш дар кох қадам мезаданд ва саргарми гуфтугў буданд. Ӯ афсурда ва ғамгин ба назар мерасид ва дар фикр буд. Дӯстонаш нороҳатии ӯро фаҳмиданд ва аз ӯ пурсиданд: «Эй Ямлихо! Ба Худо савганд, ки то кунун туро ин чунин нороҳат ва ғамгин надида будем. Ҳатман иттифоқе афтода, ки ин гуна ба фикр фурў рафтаӣ ва ҳарфе намезанӣ. Мо нигарони ҳоли ту ҳастем ва мехоҳем,ки моро низ аз он ҳодиса огоҳ кунӣ.»

Ямлихо бо нороҳатӣ гуфт: «Эй дӯстони ман! Дақёнус худро Худои мо медонад ва аз мо мехоҳад, ки ӯро итоат ва парастиш кунем ва ҳамеша таҳти фармонаш бошем. Ӯ чӣ гуна Худое аст, ки бо шунидани хабари ҳамлаи душман метарсад ва нороҳат ва музтариб мешавад? Ӯ чӣ гуна Худое аст, ки рангаш мепарад ва дастонаш аз тарс меларзад ва қудрати дифоъ кардан аз худро надорад? Мо то кай бояд дини Худопарастии худро махфӣ кунем ва ӯро Худои худ бихонем.» Дӯстонаш бо садои оҳиста ба ӯ гуфтанд: «Мо аз ин нигаронем, ки ӯ бефаҳмад ва моро низ монанди яктопарастони дигар, ба зиндон бияфканад.»

Ямлихо бо ғурур ба онҳо гуфт:«Эй дӯстони ман! Бо садои баланд фарёд бизанед, зеро ки акнун замони он фаро расида аст то ойини яктопарастии худро ошкоро ба гўши ҳама бирасонем. На, на, ҳаргиз Дақёнус, Худои ман нест. Балки Худои ман парвардигори осмонҳо ва замин аст. Ӯ аст, ки подшоҳии ҷаҳон дар дастони муборакаш қарор дорад ва ҳама таҳти фармони Ў ҳастанд. Худои ман касе аст, ки ҳамаи мавҷудоти олам ӯро ситоиш ва сипос мегўянд. Ман парвардигори ягонаро мепарастам.»

Дӯстонаш ҳам суханони ӯро қабул карданд ва гуфтанд, ки ба наздикӣ ба ойини Худопарастӣ руй оварда ва дигар намехоҳанд, ки Дақёнуси ситамгарро Худои худ биноманд. Онҳо дастони худро ба тарафи осмон баланд карданд ва аз Худованди беҳамто хостанд, ки ба онҳо ёрӣ расонад ва аз шарри бутпарастон раҳоӣ бахшад.

Ямлихо рў ба дӯстонаш кард ва гуфт: «Мо дигар наметавонем бо дини Худопарастӣ дар ин шаҳр бимонем, чаро ки Дақёнус дер ё зуд мефаҳмад ва моро дастгир хоҳад кард. Он гоҳ аз мо мехоҳад, ки тавба карда ва аз дини яктопарастӣ баргардем ва дубора ӯро Худои худ бихонем ва агар қабул накунем, моро низ хоҳад кушт. Пас бояд ҳар чи зудтар, ба ёрии парвардигор аз ин шаҳр биравем.»

Онҳо ба хонаҳои худ бозгаштанд то чизҳои заруриро омода кунанд ва омодаи сафар шаванд. Бо зану фарзанд ва хонаву кошонаи худ видоъ карда, савор бар асп ба роҳ афтоданд ва бо шитоб аз шаҳр дур шуданд. Хабари гурехтани Ямлихо ва дӯстонаш ба Дақёнус расид. Бисёр нороҳат ва хашмгин шуд ва фармон дод онҳоро пайдо кунанд ва ҳамаро бикушанд. Сарбозони Дақёнус барои ёфтани онҳо ба роҳ афтоданд.

Ямлихо ва дўстонаш дар роҳи худ ба чӯпоне расиданд, ки машғули чаронидани гўсфандҳояш буд. Чӯпон бо дидани онҳо, ки музтариб ва нигарон ба назар мерасиданд бо тааҷҷуб пурсид: «Шумо кӣ ҳастед ва ин ҷо чӣ мекунед?»

Ямлихо ба чӯпон гуфт: «Акнун сарбозони ҳоким дар таъқиби мо ҳастанд. Оё агар ҳақиқатро ба ту бигўем, дар амон хоҳем монд?»

Чӯпон посух дод: «Оре, ба Худо савганд, ки ман ин суханро ба касе нахоҳам гуфт ва шумо дар амон ҳастед.»

Ямлихо саргузашти худ ва дӯстонашро барои ӯ гуфт. Чӯпон ҳангоме ки аз моҷаро бохабар шуд, гуфт: «Эй дӯстони ман ва эй бандагони хуби Худованд! Ба Худо савганд, ки ман низ монанди шумо Дақёнуси золимро намепарастам, ман яктопараст ҳастам ва фақат парвардигори бузургро мепарастам. Аз шумо мехоҳам, ки маро низ дар ин сафар бо худ ҳамроҳ кунед.»

Ямлихо бо дӯстонаш машварат кард ва ҳамагӣ қабул карданд, то бо онҳо ҳамсафар шавад. Онҳо ба роҳи худ идома доданд. Чӯпон ба ҳамроҳи сагаш ба роҳ афтод ва бо онҳо ҳамсафар шуд. Онҳо ба роҳи худ идома доданд то ба кӯҳи «Онҷулус» расиданд.

Дар болои кӯҳ ғоре диданд ва он ҷоро паноҳгоҳи хубе ёфтанд. Худро ба ғор расониданд. Ҳангоме ки дохили ғор шуданд, чун бисёр хаста буданд, ба хоби амиқ фурў рафтанд. Сарбозони Дақёнус ҳам радди пои онҳоро таъқиб карданд ва ба дунболи онҳо ба ғор расиданд.

Вале ба ирода ва хости Худованди доно ва тавоно, метарсиданд, ки вориди ғор шаванд. Аз даруни ғор садое ба гўш мерасид, ки дар даруни онҳо тарс ва дилҳура эҷод мекард ва ҳеч кадом ҷуръати рафтан ба дохили ғорро ба худ надоданд.

Пайке ба назди Дақёнус фиристоданд ва ба ӯ гуфтанд, ки яктопарастон ба даруни ғор паноҳ бурдаанд ва дар он ҷо махфӣ шудаанд. Ба дастури Дақёнус дари ғорро маҳкам бастанд то ин яктопарастон (Асҳоби Каҳф) натавонанд аз он ҷо хориҷ шаванд ва ҳамон ҷо бимиранд ва барои ин ки дарси ибрат барои дигарон бошад, исми онҳоро ба як лавҳи сангӣ навишта ва бар дарвозаи шаҳр овезон карданд.

Ҳангоме ки Асҳоби Каҳф барои рафъи хастагӣ дар дохили ғор ба хоб рафтанд, ба хост ва иродаи Худованди Мутаъол сесад сол дар хоб монданд ва пас аз гузашти ин муддат, аз хоб бедор шуданд. Онҳо бо дидани атрофи худ, ки тағйир пайдо карда буд, тааҷҷуб карданд ва бо худ эҳсос мекарданд, ки шояд як рӯз хобидаанд.

Яке аз онҳо гуфт: «Эй дӯстон! Чӣ қадар хобидаем?» Дигарӣ посух дод: «Хеле хаста будем, фикр мекунам,ки нисфи рӯз хобидем.» Ямлихо дар ҷавоб гуфт:«Гумон мекунам, ки як рӯзи комилро хоб будем, вале Худованди бузург беҳтар медонад,ки чӣ қадар хоб будем.»

Пас аз он хоби тӯлонӣ, эҳсоси гуруснагии шадиде ба онҳо даст дод. Қарор бар он шуд, ки барои таҳия озуқа ва ғазо ба шаҳр бираванд. Ямлихо рӯ ба дӯстонаш кард ва гуфт:«Эй дӯстони ман! Гумон мекунам, ки хатар ҳанўз дар камини мо ҳаст, бояд эҳтиёт кунем. Аз як тараф сарбозони Дақёнус ба дунболи мо ҳастанд ва аз тарафи дигар мо гурусна ҳастем ва бояд ғизо таҳия намоем. Хуб нест, ки ҳамагӣ бо ҳам ба шаҳр биравем, балки беҳтар аст, ки як нафар аз мо худро махфиёна ба шаҳр бирасонад ва нон ва ғазо таҳия намояд.»

Ҳама пазируфтанд ва бад-ин тартиб Ямлихо бо машварати дӯстонаш танҳо ба тарафи шаҳр ҳаракат кард, то ғизо таҳия намояд. Ӯ, ки хаёл мекард ҳанўз замони Дақёнус ҳаст, дар роҳ оҳиста ва бо эҳтиёт ҳаракат мекард, ки мабодо сарбозони ҳоким бохабар шаванд ва ӯро дастгир кунанд. Худро ба наздики шаҳр расонд, аз дур чеҳраи шаҳр каме тағйир карда ба назар мерасид. Ямлихо тааҷҷуб кард, вақте ба шаҳр расид, шаҳр тамоман дигар шуда буд ва ҳеч чиз сари ҷои аввалаш қарор надошт. Аз қасри Дақёнус хабаре набуд, аз сарбозони золими Дақёнус ва аз ошноёни қадимии худ ҳеч касеро надид. Мардуми шаҳр ҳамагӣ масеҳӣ буданд ва Худои ягонаро мепарастиданд ва ба чашми ӯ ғариба меомаданд. Ҳеч касеро намешинохт, ва дар атрофи шаҳр ҳеч буте вуҷуд надошт. Ямлихо тааҷҷуб карда буд, ба фикр фурӯ рафт ва бо худ гуфт: «Эй парвардигори бузург! Намедонам, ки чӣ иттифоқе афтода аст, вале аз ҳангоме ки аз хоб бархостам, чизҳои аҷибу ғариб дидаам.

Чаро мардуми шаҳр тағйир кардаанд? Чаро ҳама чиз дигаргун шуда аст? Парвардигоро! Ту худ медонӣ, ки барои мо чӣ иттифоқе афтода аст, ба ту паноҳ мебарам ва аз ту ёрӣ мехоҳам, ки ту бар ҳама чиз тавоно ва доно ҳастӣ.»

Бо эҳтиёт ба як дўкони нонвоӣ рафт, чанд тика нон бардошт ва як сиккаи замони Дақёнус ба нонво дод. Нонво, ки марди тамаъкоре буд, нигоҳе ба сикка андохт ва бо худ гуфт: «Ин бор бахт бо ман ёр шуда аст. Гумон мекунам, ки ин марди ғариба ганҷ пайдо карда аст, бояд ин ганҷро аз чанги ӯ дар биёварам.»

Нонво рў ба Ямлихо карда, гуфт:«Эй марди ғариба! Оё ту ганҷ пайдо кардаӣ?»

Ямлихо дар ҳоле ки аз саволи нонво ҳайрат карда буд, посух дод: «На ман ганҷе наёфтаам.»

Нонво бо асабоният гуфт: «Пас ин сикка чист?»

Ямлихо дар ҷавоб гуфт: «Ин сикка аз худи ман аст ва онро пайдо накардаам.»

Нонво бо хашм фарёд зад: «Эй ғариба! Дурӯғ нагӯ. Ин сиккаи замони Дақёнус аст, ту пули сесад сол пешро ба ман медиҳӣ ва мегуӣ ганҷ наёфтаӣ. Бояд манро ҳам дар он ганҷ шарик кунӣ, вагарна сарбозони ҳокимро хабар мекунам.»

Ямлихо гуфт: «На, ҳаргиз ман дурӯғ намегӯям. Ман ганҷе пайдо накардаам ва ин сикка аз они худам аст.»

Ямлихо инро гуфт ва ба роҳ афтод то назди дӯстонаш бозгардад. Нонвои тамаъкор ва бадҷинс, ки фикр мекард Ямлихо намехоҳад ӯро дар ганҷ шарик кунад, доду фарёд кард ва пеши ӯро гирифт ва мардумро ба кўмак фаро хонд. Дере нагузашт, ки гурўҳе аз мардум ҷамъ шуданд ва кор боло гирифт. Нонво бо садои баланд фарёд мезад: «Эй мардум! Ин мард ганҷ пайдо карда аст ва намехоҳад ҷои онро нишон бидиҳад, бояд сарбозони ҳокимро хабар кунем то ӯро адаб намоянд.»

Сарбозони ҳоким сар расиданд ва Ямлихоро ба назди ӯ бурданд. Ямлихо бо дидани ҳокими ҷадиди шаҳр тааҷҷуб кард ва пурсид: «Пас Дақёнус куҷо ҳаст ва сарбозони ӯ куҷо ҳастанд?» Ҳоким посух дод: “Эй марди ғариба! Чаро ҳазён мегӯӣ? Акнун сесад сол аз замони Дақёнус мегузарад.»

Ямлихо гуфт: «Эй ҳоким! Ман шуморо то ба ҳол надидаам ва сарбозон ва мушовирони шуморо низ аслан намешиносам.»

Ҳоким аз ӯ пурсид: «Ту кистӣ ва ин ҷо чӣ мекунӣ? Бигў ганҷро аз куҷо ёфтаӣ?»
Ямлихо саргузашти зиндагии худ ва дӯстонашро нақл кард, вале касе сухани ӯро бовар намекард. То ин ки яке аз мушовирони ҳоким рў ба ӯ кард ва гуфт: «Эй ҳокими бузург! Ман шунидаам, ки Дақёнус номи он чанд нафарро, ки дар замони ӯ аз шаҳр гурехта буданд, бар рўи лавҳи сангӣ навишта аст. Ҳол, бо овардани он лавҳ ва хондани номҳои навишташуда бар рўи он, мушахас мешавад, ки ин мард рост мегўяд ё на.»

Ба пешниҳоди ин мушовир, лавҳи сангиро, ки номи Асҳоби Каҳф бар рўи он навишта шуда буд, оварданд. Ямлихо номи худ ва дӯстонашро, ки дар ғор буданд аз ҳифз ба забон овард ва ҳоким он номҳоро бар рўи лавҳ дид ва ҳамин тавр суханони ӯро бовар карданд.

Хабари зинда шудани Асҳоби Каҳф ба суръат дар шаҳри Филоделфия ва атрофи он печид ва мардуми мувваҳид ва Худопараст, бо дидани ин мўъҷизаи бузурги Худованд, хушҳол ва шодмон шуданд ва имонашон муҳкамтар шуд.

Мардум ва ҳоким мехостанд, ки ба кӯҳи «Онҷулус»бираванд ва бақияи Асҳоби Каҳфро ҳам аз наздик зиёрат кунанд. Барои ҳамин гурўҳи зиёде аз яктопарастон ва масеҳиён, ба ҳамроҳи Ямлихо ва ҳоким ба роҳ афтоданд ва худро ба кӯҳи«Онҷулус» ва наздикии ғор расониданд.

Ҳангоме ки мардум ба тарафи кӯҳи «Онҷулус» мерафтанд, дӯстони Ямлихо бо дидани онҳо гумон карданд, ки сарбозони Дақёнус барои дастгирии онҳо омадаанд ва дар ғор худро махфӣ карданд.

Ямлихо гуфт: «Дӯстони ман дар ғор мунтазири ман ҳастанд ва аз мўъҷизаи бузурги Худованд бехабаранд. Шояд агар ҳамагӣ бо ҳам ба дохили ғор биравем, битарсанд ва фикр кунанд, ки сарбозони Дақёнус барои гирифтан ва куштани онҳо омадаанд. Ман зудтар ба дохили ғор меравам ва моҷароро барои онҳо мегўям ва онҳоро аз мўъҷизаи бузурги Худованд огоҳ менамоям.»

Ямлихо ба даруни ғор рафт ва моҷароро барои дӯстонаш бозгў кард. Онҳо низ бо фаҳмидани ин мўъҷизаи бузурги илоҳӣ, ки сесад сол ононро дар хоб зинда нигаҳ дошта аст, шодмон шуданд ва Худоро шукр карданд ва аз хушҳолӣ гиря карданд.

Ямлихо рў ба дӯстонаш карда, гуфт: «Эй дӯстони ман! Эй ҷавонмардон! Аз ин ки Худованд бар мо миннат ниҳод ва моро шоистаи ин мўъҷизаи азим донист, Ўро сипос мегўем. Худованди бузург мехост, ки бо ин мўъҷиза, ҳам имони мардуми Худопарасти ин рӯзгорро муҳкамтар кунад ва ҳам моро аз дасти Дақёнус ва бутпарастони он рӯзгор раҳоӣ бахшад. Ҳол, дигар маъмурияти мо поён ёфт ва беҳтар аст, ки барои ҳамеша ба назди парвардигори худ биравем.»

Онҳо дастҳои худро ба тарафи осмон баланд карданд ва аз Худованди Мутаол хостанд, ки онҳоро барои ҳамеша ба назди худ бибарад. Худованд ҳам дуои ин ҷавонмардонро иҷобат кард ва онҳо барои ҳамеша ба ҷаҳони дигар рафтанд. Ва ҳамин тавр Асҳоби Каҳф, ки аз бандагони муваҳҳид ва поки Худованд буданд ба ҳаёти абадӣ расиданд. Мардум ҳам барои зинда нигаҳ доштани ёд ва хотираи ин ҷавонмардон, дар канори кӯҳ, маъбади бузурге сохтанд ва ба ибодат ва парастиши Худованди якто машғул шуданд.

Навиштаи Сайид Б. Акбар

Манбаъ: http://tojikon.org/

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст