Қимати мулк
Шақиқии Балхӣ аз орифони қарни дуюми ҳиҷрӣ ва муосири Ҳоруна Рашид халифаи Абосӣ аст. Нақл аст, ки чун Шақиқии Балхӣ, қасди Каъба кард ва ба Бағдод расид, Ҳоруна Рашид ӯро назди худ хонд. Чун Шақиқӣ ба назди Ҳорун омад, Ҳорун гуфт: Ту Шақиқи зоҳидӣ? Шақиқ манам аммо зоҳид нестам. Ҳорун: Маро панде деҳ! Шақиқӣ: Агар дар биёбон ташна шавӣ, чунонки ба ҳалокат наздик бошӣ ва он соат, об биёбӣ, онро ба чанд динор мехарӣ? Ҳорун: Ба ҳар чанд, ки фурӯшанда бихоҳад. Шақиқӣ: Агар нафурӯшад, магар ба ниме аз салтанати ту, чӣ хоҳӣ кард? Ҳорун: Ниме аз мулки худро ба ӯ медиҳам ва обро аз ӯ мегирам, то дар биёбон, бар асари ташнагӣ намирам. Шақиқӣ:Агар ту он об бихӯрӣ, вале натавони онро дафъ куни, чӣ хоҳӣ кард? Ҳорун: Ҳамаи табибонро аз ҳар гӯшаи мамлакатам, ҷамъ мекунам, то маро дармон кунанд. Шақиқӣ: Агар табибон натавонанд, магар табибе, ки дастмуздаш ниме аз салтанати ту бошад, чӣ хоҳӣ кард? Ҳорун: Барои он ки аз марг, наҷот ёбам, ниме аз мулки худро ба ӯ медиҳам, то маро дармон кунад. Эй Ҳорун! Пас чӣ менозӣ ба мулке, ки қиматаш як шарбати об аст, ки бихӯрӣ ва аз ту берун ояд? Ҳорун бигрист ва Шақиқиро гиромӣ дошт.
- زیر مجموعه: Ҷомеа ва Хонавода
- بازدید: 2508