Муқаддима:

Яке аз шароити асосии муваффақият дар омӯзиши мафҳуми Худо ба кӯдакон ва парвариши динии онҳо, ошнои бо фазои равоншинохтии ҳоким бар кӯдак аст. Падарон ва модароне, ки қасд доранд кӯдаки худро бо мафоҳими дини ва ба вижа бо мафоҳими Худо ошно кунанд ва ба ниёзҳои фикрии онҳо дар ин замина посух диҳанд, лозим аст ибтидо бо бардоштҳои кӯдакон аз ин мафоҳим ошно шаванд то битавонанд бо забони шиво ва дархури фаҳми кӯдак, гӯфтугӯ кунанд. Ҳамчунин лозим аст падарон ва модарон товаҷҷӯҳ дошта бошанд, ки шинохти кӯдакон, бисёр маҳдуд ва мунҳасир ба давраи синниашон мебошад; онон ба таносуби син ва мизони таҳаввули ақли ва шинохти худ, бардоштҳое аз мафоҳим доранд. Ошнойи бо ин маҳдудиятҳо ва костиҳои шинохти, сабаби дарки беҳтари онон ва бархурди беҳтар дар мувоҷиҳа бо суханоне аст, ки аз хурдсолон ва кудакон дарбораи мафоҳиме, монанди Худованд, фариштагон ва дигар мафоҳими дини мешунавем. Натойиҷи пажӯҳишҳои равоншиносон дар заминаи рушди дини, иттилооти фаровоне дар ихтиёри волидайн ва мураббиён қарор медиҳад ва шеваи дарк ва фаҳми кудакон ва навҷавононро аз мафоҳиме монанди: Худо, шайтон, Биҳишт ва ... рушан месозад то бар асоси он, нигарониҳои худро дар тарбияти дини коҳиш диҳем ва битавонем бар асоси зарфияти фарзандамон, равишҳои омузишии мазҳабиро дар пеш гирем. Бетаваҷҷӯҳи ба ин нукта сабаб мешавад, ки бисёре аз волидайн аз уҳдаи қонеъ сохтани кудаки худ барнаёянд ва гоҳе, ба далели такрор кардани кудак, бархурдҳои номуносибе дошта бошанд, ки сабаби дури ва нохушояндии кудак аз Худошинохти мешавад ва метавонад осебҳои маънавӣ ба дунбол дошта бошад. Ба ҳамин далел, дар ин навиштор, иттилооти мавриди ниёзи хонаводаҳо дарбораи фаҳми кудакон аз Худо, ки маҳсули пажӯҳиши мутахассисон аст, тадорук дида шуда аст.

Эмони кудакони пешдабистони

Бар асоси ёфтаҳои равоншиноси, кӯдак дар 2 – 6 солагӣ, аз назари шинохт ва дарк, дорои ду вижаги “худмеҳвар будан” ва “тамаркузгарои” ҳастанд. Худмеҳвари яъне инки кӯдак фақат аз даричаи чашми худ ва бар асоси миқдори тавоноиҳояш ба падидаҳои ҷаҳон бингарад ва наметавонад дидгоҳҳои дигаронро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳад. Тамаркузгаройи ба ин маъност, ки кӯдак фақат метавонад ба як ҷанба аз падидаҳо таваҷҷӯҳ кунад, ки мумкин аст он ҷанба, муҳим набошад ва сипас онро ба мавриди дигар таъмим диҳад. Кӯдаке, ки дар ин марҳала аз тафаккур қарор дорад, дарбораи муҷаррадот ҳам инчунин меандешад; барои намуна дар бораи мафҳуми Худо, кудак вайро мавҷуди модди ва ҳатто ба сурати инсон тасаввур мекунад; бинобар ин, барои Худо даст, по, сару сурат қоил аст. Ҳамчунин барояш хонае тасаввур мекунад, ки ҳамон биҳишт аст ва аз онҷо ба корҳои мо нигоҳ мекунад ва мувозиби мост ё аз биҳишт ба замин меояд то корҳои моро дуруст кунад. Ӯ биҳиштро боғ ё порки бузурге медонад, ки анвои васоили бози ва хуроки дорад ва метавонад дар онҷо бози кард ва хушҳол шуд. Ҷаҳаннамро низ ҷое медонад, ки оташи зиёде дар он шуълавар аст. Кӯдак шайтонро инсони зишт тасаввур мекунад, ки рӯи сараш шох дорад. Бахше аз иттилооти кӯдак бар асоси гуфтаҳо ва шунидаҳо аст ва Ӯ шунидаҳоро тасаввур мекунад.

Эмон дар даврони кӯдакӣ

Замоне, ки кӯдак ба синни мадраса мерасад (ҳудуди ҳафт то ёздаҳсолагӣ) ба тадриҷ тавони ғалаба бар маҳдудиятҳои фикри давраи пешро ба даст меоварад. Масалан метавонад аз чанд баъд ба падидаҳо бингарад ва ҳамчунин аз ҳолати худмеҳвариаш коста мешавад. Вай мекӯшад бо тавҷиҳоти физики, падидаҳоро тавзиҳ диҳад. Бинобарин, кӯдакони дабистони талош мекунанд Худоро инсон бипиндоранд; инсони хориқулода ва эъҷоб барангез. Бар асоси ин ёфтаҳо, дарбораи бардошти кӯдак аз Худованд дар синини мухталиф чунин гузориш шуда аст.

Бардошти кӯдак аз мафҳуми Худованд

7 то 8 солаҳо: Бардошти ин гурӯҳи синни аз мафҳуми Худованд бисёр хом ва модди аст. Ин гурӯҳ мепиндоранд, ки Худованд шабеҳи инсон, бо садои шабеҳи мо сухан мегуяд, дар биҳиште сукунат дорад, ки дар осмонҳост ва ба сурати инсон ба замин омада, ба идораи умур мепардозад.

7 то 9 солаҳо: ба назари ин гурӯҳи синни, Худованд инсони табии, вале фавқулода аст. Худо қудратманд мебошад, вале рафтораш пешбини нашуда аст. Ӯ қудрати сеҳромез дорад, вале бо садои ҳамонанди мо сухан мегуяд.

9 то 12 солаҳо: ин гурӯҳ метавонад бо убур аз тасаввури фавқи инсони ба фавқи табии, ба ин натоиҷ бирасад: Худо дар ҳамаҷо вуҷуд дорад ва дар айниҳол, дар макони мушаххас мебошад.

Ин иттилоот аз пажӯҳишҳое, ки дар он аз кӯдакон хоста шуда аст бардошти худро наққоши кунанд ё дар гӯфтугӯе, ки пас аз тарҳи пурсиш бадаст омада аст; дар пажӯҳише ба унвони “чигунаги посухгӯи кӯдакони се то сездаҳсолаи Теҳрон ба пурсишҳои дар бораи мафҳуми Худо”[1] иттилооти зер ба даст омада аст:

3 то 6 солаҳо: дар посух ба пурсишҳои тарҳшуда дарбораи Худо, шакл, макон ва вижагиҳои Ӯ аз назари кӯдак ва баёни ин мафоҳим нотавон ҳастанд. Тасаввури хом модди ва инсонгунаи онон аз Худоро метавон дар посухҳо дарёфт. Шумори зиёде аз онон иддио кардаанд, ки Худоро метавон дид ва бештар касоне ки ин иддиоро кардаанд, далоили худро дури аз Худо ва ҳузури Ӯ дар осмонҳо баён доштаанд, ки ин далоил, нишондиҳандаи қобили руъят будани Худо дар назди онон аст. Вақте пурсида шуд, ки оё бо дурбини қави метавон худоро дид, беш аз ниме аз онон посухи мусбат дода ва бақия низ далоили худро дар надоштани дурбин ё болотар будани Худо донистаанд. Посухҳои кӯдакон ба ин пурсиши мушаххас месозад ки ба тасаввури онҳо Худоро метавон дид.

90% хурдсолон агар чи ба ин пурсиш ки “Оё Худо дар ҳамаҷо вуҷуд дорад?”, посухи мусбат додаанд, вале дар посух ба “оё Худо дар ҷоҳои хос низ ҳузур дорад?” 60% посухи манфи ё “намедонам” додаанд. Ин нишондиҳандаи нотавони ва бесуботии зеҳнии кӯдакони ин мақтаи синни дар исботи чизе аст, ки изҳор медоранд.

3 то 9 солаҳо: посухҳои “намедонам” ё бидуни вокуниши кӯдаки шаш то нӯҳсола, дар муқоиса бо кӯдакони гурӯҳи боло камтар аст. Посухҳои ин мақтаи синни низ нотавонии ононро дар дарки мафоҳими интизои монанди Худо рушан месозад ва ҳикоят аз модди будани тасаввури онон аз Худо дорад. Албатта ин тасаввур ба тадриҷ камрангтар мешавад, ҳануз осори эътиқод ба қобили руъят будани Худованд вуҷуд дорад ва ташбеҳ ба инсон дар посухҳо ҳамчунон ба чашм мехурад, аммо ба сурати инсоне бо вуҷуди фавқулода аз нур. 87 % онон муътақиданд Худо дар ҳама ҷо мебошад. 54 % онон вуҷуди Худоро дар ҷоҳои хос рад кардаанд, ки ин нишондиҳандаи нотавоноии онон барои ҳалли ин ба зоҳир таноқуз аст, ки Худованд дар ҳамаҷо ва дар ҷои вижае ҳам бошад.

9 13 солаҳо: посухҳои ин мақтаи синни аз назари ками ва кайфи бо посухи мақотии синни пойинтар фарқ мекунад ва нишондиҳандаи оғози тавонмандии зеҳнии онон барои дарки мафҳуми интизои Худост. 68 % онон ба офаринандабудан, Холиқбудан ё сифоти барҷастаи Худованд ишора доштаанд. Шоёни зикр аст, ки ин далел фаҳми воқеии онон аз ин маони нест. Ҳеҷ кӯдаке дар ҳеҷ як аз се пурсиши марбут ба дидани Худованд, иддио накарда аст, ки метавон Худоро бо чашм ё ҳар василаи моддии дигаре дид. Бештар онон эътироф кардаанд, ки Худованд дар ҳамаҷо, ҳатто дар ҷоҳои хос, вуҷуд дорад, ки болорафтан тавоноии зеҳнии онҳо барои дарки мафҳум интизои Худо ва ҳалли мушкилот мароҳили пешинро нишон медиҳад.

Тасаввури кудак аз мафҳуми қадосати Худованд

Кӯдаки пешдабистони бовар дорад, ки Худованд дорои вижагиҳои физикӯ бо қудрати сеҳромез аст, ки аз корҳои бад ва нописанд хашмгин шуда, танбеҳ менамояд. Бо инҳол, бештари кӯдакон Худоро дӯсти худ медонанд.

Дар солҳои нахусти дабистон то наздики давоздаҳ солагӣ тарси пешин коҳиш меёбад ва ба гунаи дигар мубаддал мешавад, ки марбут ба фавқулода будани қудрати Худованд аст ва метавонад дар дунёи мо ба сурати муъҷизот ё воқеаи дигаре зуҳур ёбад. Кудакони ин давраи синни мепиндоранд, ки Худованд дар гузашта барои боздиди махлуқот ба замин меомада, вале акнун дар биҳишт зиндаги мекунад ва он масоил рух намедиҳад.

Пас аз дувоздаҳсолаги тасаввуроти ғайри физики ва рӯҳони аз Худованд падид меояд. Тарс аз Худо, ба далели қудрати фарогири Ӯ ба ҳама чиз ва ҳама кас, ҷойгузини гунаҳои пешин тарс мегардад, ки сароғози вуруд ба сатҳи болотари тафаккур аст. Ин иттилоот бар асоси пажӯҳиш “Гуладман”, яке аз равоншиносон номи кӯдак, ба даст омад.

Бешак, дар ибодат, итминон ба вуҷуди робитаи дӯстона ва маҳбуб бо Худованд, бояд барои кӯдакон бештар ва густардатар намудор шавад. Шахсияти паёмбарон метавонад моро дар эҷоди ин итминон кумак намояд, бадон сурат, ки онон инсонҳое муаррифи шаванд, ки Худованд барои кумак ва ҳидояти мо фиристода аст.

Барои кӯдакони солҳои нахустини дабистон, агарчи бар асоси алоқаҳои инсон пиндорӣ, Худоро инсон ва башари фавқулода тасаввур менамоянд, вале бархилофи давраи пешин, аъмоли илоҳӣ аз назари ин гурӯҳи синни, пешбини нашуда ва бедалел нестанд. Тарси гузашта коҳиш меёбад ва ба гунаи дигар аз тарс мубаддал мешавад, ки марбут ба қудрати сеҳромези Худованд мебошад ва метавонад дунёи мо ба сурати муъҷиза ё рухдоди дигаре зуҳур ёбад. Эҳсоси гуноҳ дар сурати иртикоби бархе гуноҳони хос, ба тарс аз Худо марбут мешавад ва аз ин раҳгузар, Худо, танбиҳкунанда дар назар гарифта мешавад, ки саранҷом рӯзе аз инсон бозхост мекунад; дар пажӯҳише аз кӯдак дар бораи дарки Ӯ аз мафҳуми тақаддус пурсида шуд: “ чаро замине, ки ҳазрати Мусо (алайҳиссалом) руи он истод, муқаддас буд?”

Кӯдак то ҳаштсолаги дар посухҳои худ дучори сардаргуми ва ошуфтаги мешаванд, ки ва ин ба ин сабаб аст, ки таваҷҷӯҳи онон ба табиати замин ва тақаййуд ба маони таҳтуллафзи мебошад. Ин гурӯҳ посух доданд: “ Он замин муқаддас аст, зеро дар он гул, сабза ва ... руида аст” бархе низ баён доштаанд, ки муқаддас будани он ба далели тамос бо Худост, ки ин ҳолати муқаддас низ бо тамоси физики мунтақил мешавад.

Гурӯҳи дигаре, ки ҳашт то давоздаҳ сол доранд, тақаддуси ҳар маконро вобаста ба ҳузури Худо дар он медонанд, ки ин масъала бештар бо тавҷиҳи физики ҳамроҳ аст. Гоҳе низ маконе ба далели рух додани муъҷизае дар он, муқаддас мешавад.

Тасаввури кудак аз мафҳуми алоқаи Худованд ба инсон

То наздики даҳсолагӣ, кӯдакон намепазиранд, ки муҳаббати Худованд шомили ҳар инсоне мешавад, зеро муҳол аст Худованд одамҳои бадро дӯст дошта бошад. Мепиндоранд, ки Худо метавонад дарбораи бандагони худ адолатро иҷро накунад, зеро ҳарчи бихоҳад, анҷом медиҳад.

Пас аз ин синни, 75 % кӯдакон на танҳо ба муҳаббати ҳамагони илоҳӣ муътақиданд, ки азобшудагонро низ машмули ин муҳаббат медонанд; барои намуна, муътақиданд Худованд қавми фиравнро дар дарё ғарқ кард, вале дар бораи онҳо мутаассиф ҳам буд. Авохири соли дуввум ва оғози соли саввуми роҳнамои, бар ин боваранд, ки Худованд ба ҳамаи инсонҳо муҳаббат дорад ва муҷозот ҳам дар сурати лузум, бар асоси дараҷаи гуноҳ таъйин мешавад. Дар назари ин гурӯҳ, Худо ҳамеша одил аст.

Вазоифи мо дар баробари бардоштҳои хоми кудакон

Пас аз ошнои иҷмоли бо бардоштҳои хурдсолон ва кӯдакон дар бораи мафоҳими дини, ба вижа Худованд, ин пурсиш матраҳ мешавад, ки вазифаи мо дар баробари ин бардоштҳо чист? Оё метавонем кӯдакро ба хотири ин бардошт сарзаниш кунем? Оё бояд аз баёни бардоштҳои Ӯ ҷулугири кунем ё вазифи дигаре бар уҳдаи мост?

Мо дар баробари ин бардоштҳои кӯдак, се вазифа дорем:

1. Огоҳшудан аз бардоштҳо бо мутолиаи китобҳо ва мақолоте, ки дар ин замина навишта

шуда аст ё баҳра бурдан аз назари коршиносон ва ҳузур дар ҷаласоти мушовираи мазҳабӣ;

2. Кашфи мафоҳими ноқис ва нодуруст мавҷуд дар азҳони кудакон;

3. Талош барои зудудани онҳо.

Муҳимтарин кор ин аст, ки талоши худро маътуф ба нафии иштибоҳҳо ва камбудҳои мавҷуд дар ин бардоштҳо намоем, бидуни онки барои тасҳиҳи онҳо, ба сухангуфтан дарбораи мафоҳими интизои ва истидлолҳои мушкил мутавассил шавем. Мафоҳими интизоиро бояд ба замоне мавкул кард, ки истидлоли лозим барои фаҳми онҳо дар кӯдак падид омада бошад; барои намуна, хурдсоли шумо (се то шаш сол) мепурсад, ки Худо кист ва ҳамонанди кист?

Дар ин шароит посухҳоро бояд ба инсон пиндории ӯ маътуф кард ва гуфт, ки Худо монанди мо нест. Ӯ даст ва по надорад. Ӯ моро мебинад, вале монанди мо чашм надорад. Ӯ сухани моро мешунавад, вале гуш надорад. Ӯ зиндаги мекунад, вале на дар хонае мисли хонаҳои мо. Дар посух ба кӯдаки шаш то нӯҳсола бояд ба нафи тасаввури инсони бо нерӯҳои фавқулода ё шабоҳат ба нур ва шуълаи оташ тамаркуз кунем ва он зеҳниятро бизудоем.

Иттилооти мавҷуд дар бораи тасаввури кӯдакон аз Худованд метавонад моро дар дарки беҳтари фазои шинохти кӯдакон ёри диҳад. Бо ошнои аз ин фазо, таҳаммули мо дар бархурд бо нигаришҳои кӯдакон бештар мешавад. Волидайни огоҳ ба масоили зеҳнии кӯдакони худ, на танҳо дар бораи хом ингори ва бардоштҳои инсонгунаи кӯдакон аз Худованд, дучори нигарони ва вокуниши манфи мешаванд, балки мекушанд бо баҳрагири аз ин тасаввурот, пуле барои расидан ба аҳдофи омузиши ва тарбиятии худ бисозанд ва кӯдакро дар ғиносозии афкори Худошиносиаш ёри диҳанд.

Манобеъ:

Боҳунар, Носир, Омузиши мафоҳими дини ҳамгом бо равоншиносии рушд, Теҳрон, Созмони таблиғоти исломӣ, Ширкати чоп ва нашри байналмилал. Ч 2, 1380 ш.

Ёб, ирис, Калидҳои омухтан ба кудакон дарбораи Худо, мутарҷим: дуктур Ҳоҷизода, Масъуд, Теҳрон, китобҳои дона аз муассисаи интишороти собирин, ч 3, 1381 ш.



[1] . Иззатуллоҳ, Нодири, ва Сайф Нароқи, Марям, чигунагии посухгӯи кудакони се то сездаҳсолаи Теҳрони ба пурсишҳое дар бораи мафҳуми Худо, маҷмуа мақолоти сампузиюм ҷойгоҳи тарбият дар давраи ибтидои,1369 ш.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст