Ба ӯ гуфтам: “Дурӯғгӯ душмани Худост!” аммо кам-кам дурӯғ гуфтан барояш оддӣ мешавад. Ба ӯ гуфтам: “Чаро гулҳои боғчаро кандаӣ?” Ин корро ба хоҳараш нисбат дод. Ҳатто дирӯз ба ман гуфт: “Фарҳод дучархаамро шикаста аст!” Дар ҳоле ки аслан чунин иттифоқе наафтода буд. Даъво, танбеҳ, беэътиноӣ ва насиҳат ҳеҷ кадом дар ӯ асаре накарда аст.
Чаро кӯдакам дурӯғ мегӯяд?
Дурӯғгӯиро аз чӣ касе ёд гирифта аст?
Осебҳои дурӯғгӯӣ чист?
Чи омилҳое дурӯғгӯиашро зиёд мекунад?
Барои бартараф кардани ин мушкил чӣ кор кунам?
Ончи бояд бидонем
Кӯдаки поки мо, дурӯғгӯ ба дунё намеояд. Иллати дурӯғгӯии ӯ муҳит ва рафтори атрофиён аст. Агар дар ҳамон оғози кӯдакӣ иллати дурӯғгӯии ӯ аз миён наравад мунҷар ба тасбити ин сифат дар кӯдак мешавад. Бисёре аз падарону модарон талош мекунанд бо анҷоми корҳои вижае ба фарзандонашон биёмӯзанд, ки аз дурӯғ парҳез кунад, дар ҳоле ки агар коре накунанд, ки кӯдак дурӯғ бигӯяд, ниёзе нест, ки талош кунанд то ӯ рост бигӯяд!
Каме ба суханон ва рафторҳои худ диққат кунед. Ба хотир биёваред, ки чанд бор бе он, ки мутаваҷҷеҳи ҳузури кӯдаки худ шавед ба дигарон дурӯғ гуфтаед? Кӯдакони шумо дар ҳоли улгугирӣ ҳастанд ва метавонанд тамоми зароифи рафтору гуфтори шуморо забт ва аз он пайравӣ кунанд. Дурӯғгӯӣ низ ба ҳамин шева омухта мешавад.
Албатта бархе аз гуфтаҳои кӯдакон, ки ғайри воқеӣ ба назар мерасад реша дар дурӯғгӯии онҳо надорад. Касе дурӯғгӯст, ки огоҳона ҳақиқатро пинҳон мекунад ё онро тағйир медиҳад. Кӯдаке, ки хаёлпардозиҳои худро ба забон меоварад, наметавон дурӯғгӯ шумурд. Ончи мо онро дурӯғгӯии кӯдак меномем илали мухталифе дорад, ки ба онҳо ишора мекунем;
1. Дурӯғҳои ғайри огоҳона
Хаёлпардозӣ
Кӯдак наметавонад миёни тасаввуроти худ ва ончи дар воқеият мебинад тафовут бигузорад. Ӯ дар синини 6 то 8 солагӣ аз чунон қудрати тахайюле бархурдор аст, ки тасаввурот ва хаёлоти худро ба унвони амри воқеӣ барои мо бозгӯ мекунад ва ин яке аз мароҳили рушди ӯст. Гоҳе ӯ орзуҳои худро дар ин қолиб баён мекунад. Масалан дӯст дорад аз наздик бо аждаҳо ё шери бузург биҷангад ва барои мо чунин вонамуд мекунад, ки ин корро карда аст ва ҷолиб он аст, ки бо ҷузиёти комил ва муфассал аз ин ҷанги хаёлӣ сухан мегӯяд.
Касби таҷрибаҳои тоза
Кӯдакон мехоҳанд бидонанд, ки агар дар шароите ғайр аз ончи акнун дар он қарор доранд ба сар баранд авзоъ чигуна хоҳад буд. Бинобар ин мехоҳанд бо дурӯғгӯи ба ин хоста бирасанд. Ин кор яке аз нишонаҳои истиқлолталабии онҳост.
Кӯдак ва дурӯғгӯӣ-1
- زیر مجموعه: Ҷомеа ва Хонавода
- بازدید: 2041