Қисмати 2: Вазоифи волидайн нисбат ба фарзанд

Пазириши кӯдак: Бисёре аз волидайн нисбат ба ҷинси кӯдак ҳассосият  нишон медиҳанд; барои мисол алоқаманданд, ки писар дошта бошанд ва баъзе ҳам рӯи духтар будани фарзанд таъкид доранд. Аз ҳуқуқи кӯдакон ин аст, ки бидуни таваҷҷӯҳ ба ҷинси ӯ вайро бипазиранд ва аз ӯ истиқбол кунанд. Барои рафъи ҳассосият дар баробари ҷинсият, Паёмбар роҷеъ ба духтараш мефармуд: "Духтар чун  гули хушбӯст, ки онро мебӯям ва рӯзии ӯ бо Худост" ё дасти духтарашро мебӯсиду мефармуд: "Духтар ҳадяи Худост".

1- Номгузории кӯдак: Номгузории кӯдак беҳтар аст қабл аз таваллуд анҷом гирад. Аз замони ҳомилагӣ ду ном барои ҷанин  бояд интихоб шавад, ки агар духтар буд яке аз номҳо ва агар писар буд номи дигар ба вай дода шавад. Интихоби номи хуб, барои кӯдак, аҳамияти бисёр дорад; махсусан аз он боб, ки агар ӯ дар оянда шахсияте шавад. Ном дар эҷоди ғурур ё ҳақорати ӯ муассир аст. Беҳтар аст номе интихоб шавад, ки ӯ бо он эҳсоси сарафрозӣ ва вобастагӣ ба покону қудратмандон кунад ва тавсия шудааст, ки номи кӯдак аз номи хонадони Паёмбар бошад.

2- Анҷоми маросими мазҳабӣ:  Пас аз таваллуд мебоист дар гӯши рости ӯ азон ва дар гӯши чапаш иқома хонд ва ин амал қабл аз буридани ноф барои кӯдак мустаҳаб аст ва дар ривоёти исломӣ ин амрро паноҳе дар баробари лағзишҳои шайтонӣ зикр кардаанд. Ба таври хулоса бояд гуфт, ки ин амал дар эҷоди рӯҳи динӣ дар кӯдак муассир аст.

3- Эҳтиром ба кӯдак: Тифл амонати Худо ва ҳадяи ӯст. Ба Худо вобастааст, ҳамчун бозичае нест, ки дар  борааш таҳқир раво шавад. Ӯ чун вобаста ба Худои бузург аст, бузург ва  соҳиби каромат аст, бояд ба гиряву фарёдаш таваҷҷӯҳ кард ва бояд бо ӯ боэҳтиром рафтор намуд. Ҳангоме ки сухан мегӯяд, ба суханаш бояд гӯш фаро дод. Дар кору танҳоияш набояд зиёд дахолат кард. Ҳукумат ва тасаллути ӯро бар бозиҳояш набояд бар ҳам зад. Ӯ бояд ҳис кунад, ки шахси бузургест ва назди дигарон эҳтиром дорад ва ӯро мепазиранд.

4- Муҳаббат ба кӯдак: Муҳаббат нерӯи лозим барои идомаи ҳаёти тифл аст ва рӯҳи кӯдак аз тариқи он осоишу оромиш пайдо мекунад. Кӯдаконе, ки дар кӯдакӣ муҳаббат набинанд, дар бузургӣ афроди хашину ноҳамвору кинаӣ хоҳанд буд. Ин муҳаббат набояд бастагӣ ба мавқеияти нисбии ӯ дошта бошад; ба унвони мисол набояд марбут ба зебоии кӯдак, рушди ӯ, ранги мӯ ва чашми ӯ бошад, балки ба кӯдак фақат аз он боб, ки вобаста ба волидайн аст бояд муҳаббат кард. Зимнан набояд фаромӯш кунем ки кори муҳаббати мо ба ифрот накашад, зеро он худ муҷиби нобасомониҳои дигаре хоҳад шуд.

5- Тағзияи кӯдак: Ҳеч ғизое барои кӯдак беҳтар аз шири модар нест. Модар ҳангоми шир додан, танҳо ҳуҷайраҳои тани ӯро тағзия намекунад, балки меҳру отифаи худро нисори ӯ менамояд. Аз ҳудуди яксолагӣ бояд аз ончи ки худ мехӯрем ба кӯдак бидиҳем. Аз ҳудуди 15 моҳагӣ дар хӯрдани ғизо озодаш бигузорем. Ғизо бояд тайиб ва пок бошад ва ин бо амалу рафтори кӯдак робитаи мустақим хоҳад дошт:

«كُلُوا مِنَ الطَّيِّبَاتِ وَاعمَلُوا صَالِحًا»

6- Пушондани кӯдак: Либос фароху кушод бошад, то маҳдудияте барои рушди ӯ эҷод накунад. Ҷомаи кӯдак сафед ва дигар либосҳояш беҳтар аст рангин бошад. Ба писар ҷомаи абрешими напӯшонанд ва танашро ба нармиву латофат одат надиҳанд ва баръакс либосҳо чандон хашин набошад, ки  ҷисмашро биёзорад.

7- Беҳдошти кӯдак: Дар ҷанбаи тан дур доштани ӯ аз олудагиҳо, барканор доштан аз аворизи ҷисмӣ аз роҳи риояти усули беҳдоштӣ дар муҳит ва ғизои тифл имконпазир аст. Дар ҷанбаи равон барканор доштани рӯҳи ӯ аз изтиробҳо, тарсҳо ва нигарониҳо мавриди назар аст. Дар ҷанбаи мағз дур доштани ӯ аз бадомӯзиҳост аз он бобат, ки мағзи ӯ махзани қимате аст ва бояд дар он чизҳои гаронбаҳо қарор дод.

8- Парвариши отифӣ: Тифл бояд дар хона, муҳаббату меҳр, аламу ғусса, ҳузну таассур ва шодиву сурурро биёмӯзад. Камбуди меҳр натиҷаи баде барои кӯдак хоҳад дошт, зеро ҷомеаи беотифа ҷомеаи шиканандааст на дерпо. Барои ин  амр лозим аст кӯдак мавриди меҳр қарор гирад; ӯро бибӯсанд; гоҳе нозашро бихаранд; аз муроқибаташ эҳсоси хастагӣ накунанд; аз баҳонагирии ӯ нороҳат нашаванд ва дар борааш  қасовату  бебокӣ нишон надиҳанд.

9- Парвариши иҷтимоӣ: Манзур он аст, ки волидайн ба кӯдак одоби муошират биёмӯзанд; тарзи зиндагӣ дар ҷамъро ба ӯ ёд диҳанд, ба онгуна ки ӯ битавонад зиндагии дастаҷамъиро таҳаммул кунад, ҳамкорӣ ва ҳамгомӣ намояд ва дар байни ҷамъ мутакаллими ваҳда набошад ва барои инсоният эҳтиром қоил шавад. Равобиташ бо ҷамъ бар асоси тафоҳуми машрӯъ бошад, дар роҳи хидмат ба ҷомеа гом бардорад ва адолати иҷтимоиро риоят кунад. Омода кардани фард барои вуруд дар зиндагии иҷтимоӣ то синни 21 солагӣ идома хоҳад дошт ва аз тариқи ширкат додани ӯ дар корҳои хонаводагӣ, дар шӯрои хонаводагӣ ва ҳамроҳ бурдани ӯ ба ҷомеа имконпазир аст.

10- Парвариши динӣ: Аз ҳамон рӯзҳои аввали таваллуд оғоз мешавад. Дар солҳои баъд, бар асоси китобҳои динии мо барои ҳар сол ва ҳатто ҳарчанд моҳе барномае муайян шудааст, ки барои огоҳии бештар бояд ба онҳо муроҷиат кард; масалан дар сесолагӣ бояд шакли саҷда карданро биёмӯзад, дар панҷсолагӣ адои шаҳодатайн, дар ҳафтсолагӣ намоз ва ғайра,  ин кор аз роҳи амали волидайн ва ширкат додани кӯдак дар ҷамъомадиҳои  динӣ имконпазир аст.

11- Парвариши ахлоқӣ: Ахлоқ ба маънои маҷмуаи усули ҳоким бар равобити инсонӣ ва посдории ин равобит бояд аз ҳамон моҳҳои аввали таваллуд ба кӯдак илқо шавад. Тарбият бидуни ахлоқ, парвариши ҷинояткори зирак аст. Дар сояи парвариши ахлоқӣ сифатҳо ва қудратҳои Худованд, фазоили бузурги ахлоқӣ чун амонат, шуҷоат, эҳтиёт ва далерӣ дар ӯ бедор мешавад ва кӯдак барои идомаи зиндагии худ қоидаҳоеро бармегузинад.

12- Парвариши иқтисодӣ: Волидайн вазифа доранд фарзандро барои касби маҳорате дар анҷоми як шуғл тарбият  кунанд ва кору ҳунаре ба ӯ биёмӯзанд то дар сояи он битавонад ба идомаи зиндагӣ бипардозад ва сарбории дигарон набошад.

13- Маскани кӯдак: Кӯдак маҳаллеро лозим дорад, то дар он битавонад танҳо бошад ва дар олами худ сайр кунад. Агар таҳияи ҳуҷрае барои ӯ мумкин нест, лоақал гӯшае аз ҳуҷраи маскунӣ бояд дар ихтиёри ӯ бошад, то дар он битавонад бозичаҳяшро бичинад ва дар олами худ бо худ саргарм бимонад. Дар синни  болотар лозим аст маҳалли хоби ӯ аз падару модару хоҳар ё бародараш ҷудо бошад.

14- Омӯзиши масоили зарурӣ: Бисёре аз масоили зарурӣ барои  зиндагии кӯдак аз воҷиботу муҳаррамот ва ҳуқуқу ҳудуд, мутаносиби рушд ва синни ӯ бояд ба вай омӯхта шавад ва ин амр он қадар бояд вусъат дошта бошад, ки масоиле дар ҳудуди шууни зиндагӣ, хонаводагӣ ва издивоҷ ҳам матраҳ шавад. Бисёре аз волидайн аз додани посух ба суолоти кӯдакон ибо доранд ва мегӯянд: рӯяш боз мешавад.  Ин амр ба зиёни хонавода ва кӯдак аст.

15- Бозӣ ва ҳамсонӣ бо кӯдак: Кӯдак ниёзманди бозӣ аст ва бозӣ  заминаи рушди ӯро фароҳам мекунад. Кӯдак дар хона ниёзманди касест, ки бо ӯ ҳамсон  бошад, мисли ӯ бияндешад ва мисли ӯ рафтор кунад. Ин эҳсос барои танҳо фарзанди хонавода бештар ба чашм меояд. Барои рафъи ин ниёз аст, ки дар тарбияти исломӣ тавсия шудааст волидайн гоҳе худро баҷои як кӯдак бигузоранд ва бо ӯ бозӣ кунанд. Паёмбари Акрам(с) ҳамин равишро дар бораи Имом Ҳасан(а) ва Имом Ҳусейн(а), дар замони кӯдакиашон эъмол мекард.

16- Тарбият барои зиндагӣ: Зиндагӣ ҳамеша ғизои гарму бистари нарм нест. Ҳамеша роҳату фароғат нест, гоҳе маҳрумиятҳое вуҷуд дорад, ки тифл бояд бо онҳо маънус шавад. Аз ин рӯ исроре надошта бошем, ки кӯдак ҳама вақт мутанаим ба кулли неъматҳо бошад ва низ исрор накунем,  ки зиндагиаш ҳамеша ҳамроҳ бо муваффақият бошад. Лозим аст ӯ маззаи шикаст, гармову сармо, ташнагиву гуруснагӣ, осоишу ранҷро бичашад ва барои зиндагии дунёи оянда, ки ҳамроҳ бо  ин тазодҳост омодагӣ ёбад. Аз масоили дигар, омӯзиши дунёи мутафовити зану мард аст, ки бояд аз роҳи амалу рафтори волидайн дарёбад. Лағзидан, уфтодан, маҷрӯҳ шудан, дарду хушӣ, ҷузи зиндагист. Лозим нест кӯдак ҳамеша ва ҳама вақт дар ин заминаҳо ҳимоят бубинад, чун дар он сурат, фарде беурзаву нотавон хоҳад шуд. Аз масоили дигар, омӯзиши хушбинӣ нисбат ба зиндагӣ аст. Набояд вазъе ба вуҷуд ояд, ки ӯ аз зиндагӣ эҳсоси дилсардӣ кунад. Волидайн набояд аз зиндагӣ дар баробари кӯдак шиква кунанд ва дар натиҷа ӯро ба оянда бадбин намоянд.

Таҳия Муҳаммади Раҳимӣ

Normal 0 false false false EN-US X-NONE AR-SA MicrosoftInternetExplorer4

Тоҷикон

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст