Устоди донишгоҳ бо ин савол шогирдонашро ба як даргирии зеҳнӣ кашонд: Оё Худо ҳар чизе ки вуҷуд дорадро халқ кард?
Шогирде бо камоли адаб ҷавоб дод: Бале ӯ халқ кард.
Устод пурсид: Оё Худо ҳамаи чизро халқ кард?
Шогирд ҷавоб дод: Бале, устод
Устод гуфт: Агар Худо ҳамаи чизро халқ кард, пас ӯ Шайтонро низ халқ кард. Чун Шайтон низ вуҷуд дорад ва тибқи қонун ки кирдигори мо намоёнгари сифатҳои мост, Худо низ Шайтон аст!
Шогирд ором нишаст ва ҷавобе надод. Устод бо хушҳолӣ аз худаш хиёл кард бори дигар тавонист собит кунад, ки ақида ба мазҳаб афсона ва хурофае беш нест.
Шогирди дигар дасташро баланд кард ва гуфт: Устод метавонам аз шумо саволе бикунам?
Устод ҷавоб дод: Бале
Шогирд истод ва пурсид: Устод, сармо вуҷуд дорад?
Устод ҷавоб дод: Ин чӣ саволе аст?! албатта ки вуҷуд дорад.
Оё то кунун ҳиссаш накардаӣ?
Шогирдон ба саволи саволкунанда хандиданд.
Саволкунанда гуфт: Дар ҳақиқат устод, сармо вуҷуд надорад. Тибқи қонуни физикӣ чизе ки мо аз он ба сармо ёд мекунем дар ҳақиқат набудани гармост. Ҳар мавҷуде ё шайъеро метавон мутолиа ва озмоиш кард вақте, ки энержӣ (гармо) дошта бошад ё онро интиқол диҳад. Ва гармо чизе аст, ки боис мешавад бадан ё ҳар чизе энержиро интиқол диҳад ё онро доро бошад. Сармо набудани комили гармост. Сармо вуҷуд надорад. Ин калимаи башар барои инки аз набудани гармо тавсифе дошта бошад халқ кард. Шогирд идома дод: Устод торикӣ вуҷуд дорад?
Устод ҷавоб дод: Бале ки вуҷуд дорад.
Шогирд гуфт: Дубора хато кардед устод! Торикӣ ҳам вуҷуд надорад. Торикӣ дар ҳақиқат набудани нур аст. Нур чизе аст, ки метавон онро мутолиа ва озмоиш кард. Аммо торикиро наметавон. Дар воқеъ бо истифода аз қонуни Нютон метавон нурро ба рангҳои мухталифе шикаст ва тули мавҷи рангро ҷудогона мутолиа кард. Аммо шумо наметавонед торикиро андоза бигиред. Як партави бисёр майдаи нури дунёӣ аз торикиро мешиканад ва онро равшан месозад. Шумо чигуна метавонед таъин кунед, ки як фазои ба хусус чӣ анодза торикӣ дорад? Танҳо коре ки мекунед ин аст, ки мизони вуҷуди нурро дар он фазо андоза бигиред. Дуруст аст? Торикӣ вожае аст, ки башар барои тавсифи замоне, ки нур вуҷуд надорад бакор бибарад.
Дар охир марди ҷавон аз устод пурсид: Устод, Шайтон вуҷуд дорад?
Зиёд мутмаин набуд. Устод ҷавоб дод: Бале ҳамонтавре ки қаблан гуфтам. Мо ӯро ҳар рӯз мебинем. Ӯ ҳар рӯз дар мисолҳое аз рафтори ғайри инсонии башар ба ҳамнавъи худ дида мешавад. Ӯ дар ҷиноятҳо ва хушунатҳои бешуморе, ки дар саросари дунё иттифоқ меафтад вуҷуд дорад. Инҳо намоёнгари ҳеҷ чизе ба ҷуз Шайтон нест.
Ва он шогирд ҷавоб дод: Агар дар қалби инсон ишқ ва алоқаи Худо набошад Шайтон ҷои онро мегирад. Дуруст ба мисли нур ва торикӣ, ки ҳарҷо ки нур набошад торикӣ ҷои онро мегирад.
Номи шогирди ҷавон Алберт Энштейн буд.