Яке аз ҳакимҳои бузург ба дидани яке аз дӯстони худ рафт.
Он шахс писари майдае дошт, ки бо вуҷуди майда будан, хеле боҳуш буд.
Ҳаким ба он кудак фармуд: Агар ба ман бигӯӣ Худо куҷост, як адад апелсин ба ту хоҳам дод.
Писар бо камоли адаб ҷавоб дод: Ман ба шумо ду дона апелсин медиҳам агар ба ман бигӯед Худо куҷо нест.
Ҳаким аз ин ҷавоб ва ҳозирҷавобӣ мутааҷҷиб гардид ва ӯро мавриди лутфи худ қарор дод.