Омадӣ ҷонам ба қурбонат, вале ҳоло чаро?
Бевафо, ҳоло ки ман афтодаам аз по чаро?
Нушдоруию баъд аз марги Суҳроб омадӣ,
Сангдил! Ин зудтар мехостӣ ҳоло чаро?
Умри моро мӯҳлати имрӯзу фардои ту нест,
Ман, ки як имрӯз меҳмони туам, фардо чаро?
Нозанино! Мо ба нози ту ҷавонӣ додаем,
Дигар акунун бо ҷавонон ноз кун! Бо мо чаро?
Ваҳ, ки бо ин умрҳои кутаҳу беэътибор,
Ин ҳама ғофил шудан аз чун мани шайдо чаро?
Шури Фарҳодам бипурсӣ сар ба зер афканда буд,
Эй лаби ширин! Ҷавоби талхи сарболо чаро?
Эй шаби ҳиҷрон, ки як дам дар ту чашми ман нахуфт,
Ин қадар бо бахти хоболуди ман лоло чаро?
Осмон чун ҷамъи муштоқи парешон мекунад,
Дар шигифтам ман, намепошад зи ҳам дунё чаро?
Дар хазони ҳиҷри гул, эй булбули табъи ҳазин,
Хомушӣ шарти вафодорӣ бувад, ғавғо чаро?
Шаҳриёро! Бе ҳабиби худ намекардӣ сафар,
Ин сафар роҳи қиёмат меравӣ, танҳо чаро?
Шаҳриёр

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст