Ба номи Худо
Пиёда ва савора
Рӯзе буду рӯзгоре буд. Марде буд, ки кораш ҷомафурӯшӣ дар маҳаллаҳо буд, ҳар чанд вақте аз шаҳр ҷомаҳои гуногун мехарид ва ба деҳаҳои атрофи шаҳр мебурду мефурухт ва боз ба шаҳр бармегашт. Аз ин роҳ харҷи хонаводаашро таъмин мекард.
Як рӯз, ки ин савдогари даврагард аз як деҳа ба деҳаи дигар мерафт ба роҳи биёбонӣ расид. Сари роҳ ба марди асбсаворе рӯ ба рӯ шуд, ки оҳиста-оҳиста роҳ мерафт.
Савдогар, ки бори ҷомаҳо ба пушташ буд, бисёр хаста ва монда шуда буд. Вақте дид асбсавор ҳам ором-ором меравад ва метавонад якҷоя бираванд ба савора гуфт: Ман хеле хаста шудаам ва ин боре, ки дорам бароям сангин аст. Ҳоло, ки мо ҳар ду аз як роҳ меравем, агар мумкин ҳаст ин бори маро ним соате рӯи асб пеши худат нигаҳ дор то ман нафаси роҳате бикашам ва аз ҷавонмардии ту хушҳол шуда туро дуо кунам.
Савора дар ҷавоб гуфт: Намедонам узре, ки дорам чигуна бигӯям. Ҳақ бо ту аст. Кӯмак кардан ба дигарон ва ниёзмандон кори шоистае аст, аммо метарсам, ки асби ман, ки аз дишаб коҳу ҷав нахурдааст ва тобу тавони роҳ рафтан надорад, боз агар бори зиёд рӯяш бигузорам беинсофӣ дар ҳаққи асб кунам ва метарсам Худо ҳам розӣ набошад.
Савдогар гуфт: Бале, ҳақ бо шумо аст. Ва дигар сухане нагуфт.
Вақте чанд қадаме роҳ рафтанд, ногаҳон аз зери як буттаи хори канори роҳ харгӯше берун омад ва гурехту дуртар нишаст.
Савора вақте харгӯшро дид асби худро қамчин заду ба дунболи харгӯш ҳаракат кард ва садҳо қадам аз савдогар дур шуд.
Савдогар вақте давидани асбро дид бо худаш фикр кард, ки чи хуб шуд, ки савора бори маро нагирифт, вагарна вақте мехост бо асбаш битозад, мани пиёда наметавонистам, ки ҳамроҳаш бидавам ва мумкин буд савора ба фикри бад меафтод ва дороии маро мебурд. Дигар дастам ба ӯ намерасид ва дороиамро аз даст медодам.
Иттифоқан савора ҳам пас аз ин ки миқдоре роҳ рафт ба ҳамин фикр афтод ва бо худ гуфт: Асбе ба ин хубӣ дорам, ки ҳеҷ саворе наметавонад ба он бирасад. Хуб буд бори он мардро мегирифтам ва ба биёбон мерафтам ва ... .
Савора ин фикрро карду сари асбро гардонд ва оҳиста-оҳиста баргашт то ба назди савдогар расид. Ба ӯ гуфт: Бубухшед, ки туро танҳо гузоштам ва ба дунболи харгӯш рафтам. Он харгӯш ҳам насиби мо набуд ва натавонистам онро бигирам. Ростӣ чун ҳанӯз то ободӣ роҳи дарозе аст, дилам розӣ нашуд, ки танҳо биравам. Дидам Худо ҳам розӣ нест, ки ту пиёда ва хаста ва бор дошта бошӣ ва ман савора бошам ва ба ту кӯмак накунам. Ҳоло боратро бидеҳ бигирам, то истироҳат кунӣ. Асб ҳам ба хотири чанд кило бор, ки намемирад. Вақте ба манзил расидем коҳу ҷавашро ҳам мехӯрад ва истироҳат мекунад.
Савдогар гуфт: Ҳазор раҳмат, ки ба фикри ман ҳастӣ. Аммо дигар розӣ нестам шуморо ба заҳмат бияндозам, чун ман хато карда будам. Баъд аз пайдо шудани харгӯш ва давидани асб, фаҳмидам, ки бояд борро худам ба дӯш бикашам ва агар каме хаста шавам ҳам дар иваз хаёлам осуда аст, ки молам дар дастам ҳаст.
Савора ҳам донист, ки савдогар фаҳмидааст ва борашро намедиҳад аз ин рӯ асбашро тохт ва аз ӯ ҷудо шуд.
Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб аз Марзбоннома