Фаро расидани моҳи мӯбораки Рамазон, моҳи зиёфати Илоҳӣ ба ҳамаи мусулмонон ва ҳақталабони олам ба хусӯс шумо ҳамдиëрони азиз муборак бод!

Биёем ирода кунем, ки ин рамазон аз беҳтарин рамазонҳои умрамон бошад.

Парвардигоро, моҳи шарифи Рамазонро, ки барои мо насиб гардондӣ ва моро меҳмони худ кардӣ, фурсати зиёд шудани имону ҳидоят ва наздикӣ ба худат, тиловати Қуръон, дуову муноҷоту эҳсон, раҳоӣ аз оташи дӯзах ва даромадан ба биҳишт аз дари Райён, раҳм кардан бар ятимону ниёзмандон, некӣ ва эҳсон ба падарону модарон, қабулии тавбаи гунаҳкорон, қабулии ибодату итоат ва дуои хайри бандагон, шифо ёфтани беморон, наҷоти асирону зиндониёни аҳли имон, адои қарзи қарздорон, ҳамсардор шудани ҷавонон ва беҳамсарон, фарзанддор шудани бефарзандон, солиму солеҳ шудани насли мусулмонон, амнияти ноамнон, сер шудани гурӯснагон ва сероб шудани ташнагон, бехатар шудани сафари мусофирон, солим баргаштани ғарибон, шодии арвоҳи гӯзаштагон, саломатӣ ва саодати зиндагон, покдоманиву ҳаёи занону мардон, пирӯзии ҳақ ва мусулмонон, нобудии золимону зургӯён, мардӯми бепаноҳи Фаластинро ёрӣ намо, шари золимонро ба хӯдашон баргардон!
Хушбахтӣ ва сарбаландиро ба ҳар хонадон, баракат бар дастархон, қабулии рӯзаи рӯзадорон, баҳрамандӣ аз хайру баракат ва раҳмату мағфирати моҳи Рамазон бар мо насиб гардон!
 Худоё! Дуруду саломи фаровонатро бар Муҳаммаду Оли Муҳаммад равон бигардон!


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст