
Дар ин замона ба ҳар баҳона
на ту бимонӣ, на ман бимонам
Насиби дилро зи дори дунё
на ту ситонӣ, на ман ситонам.
Чу моҳвора ба осмонҳо
кунем парвоз ба суръати нур,
Таҳи заминро, паси фалакро
на ту бидонӣ, на ман бидонам.
Чи зуд рондем, ки зуд мондем,
ба ҷони хаста дигар ба тундӣ
Ба дашти Қисмат саманди навбат
на ту биронӣ, на ман биронам.
Фиреби дунё, ғироми дилҳо
битохт бар мо чу сели кӯҳҳо
Гилеми худро кашидан аз об
на ту тавонӣ, на ман тавонам.
Басо давидем ба ёди рӯе,
басо фитодем ба хоки кӯе,
Кунун ба сӯе, ба ҷустуҷӯе,
на ту равонӣ, на ман равонам.
Ба гӯши ҷонон тарона хондем,
зи бӯса бар лаб нишона мондем,
Чӣ шуд, чӣ омад, ки аз мусибат
на ту бихонӣ, на ман бихонам.
Вуҷуди моро фигор карда,
муҳаббат аз мо фирор карда,
Ки бори ғамро ба корвонҳо
на ту кашонӣ, на ман кашонам.
Хурӯшу мастӣ, ғурури ҳастӣ
гӯзашт аз мо, кунун дареғо
На ту чунонӣ, на ман чунонам,
на ту ҷавонӣ, на ман ҷавонам...
Лоиқ Шералӣ