
Бар гӯзар эй дили ғофил ки ҷаҳон бар гӯзар аст,
Ки ҳама кори ҷаҳон ранҷи дилу дарди сар аст.
То ту дар шаш дараи нафс фурӯмонда шудӣ,
Мӯҳраи кирдори дили танги ту зеру забар аст.
Умр бигзашту ба як соате умед намонд,
Ҳамчунон хоҷа дар андешаи бӯку магар аст.
Чанд бар бӯку магар мӯҳра фурӯ гардонӣ,
Ки ту бас муфлисию чархи фалак покбар аст.
Парда бар хеш матану лаъб паси парда макун,
Ки паси парда нишастию ҷаҳон пардадар аст.
Рав пайи кори ҷаҳон гиру ҷаҳон гиру ҷаҳон,
Ки ҷаҳони гӯзарон бо ту ба ҷон даргӯзар аст.
Хоксоре ки ба хорӣ ба ҷаҳон нангарад ӯ,
Бар сараш хок, ки аз хок басе хортар аст.
Чанд сое ба ҳавас тоҷи такаббӯр бар чарх,
Ки ҳама зери замин то ба зибар тоҷвар аст.
Онкӣ бар чархи фалак суди сари хеш зи кибр,
Ин замон бин ки чисон зери замин паи сипар аст.
Ҷумла зери замин, гар ба ҳақиқат нигарӣ,
Шикан турраи мишкину лаб чун шакар аст.
Чашми дил боз кун аз мардӯмию нек бидонки,
Мардӯм чашми бутест, инки туро раҳгӯзар аст.
Фикр кун якдаму бар хок ба хорӣ магӯзар,
Ки ҳама мағзи замин ташна зи хӯни ҷигар аст.
Дар дили хок зибас хӯни дили тоза ки ҳаст,
Нест он лола ки аз хок дамад хӯнтар аст.
Шиками хок пӯр аз хӯни дили сӯхтагон аст,
Боз кун чашм, агар чашми ту соҳиб назар аст.
Аз сари дарду дареғ аз дили ҳар зарраи хок,
Хӯн фурӯ мечакаду хоҷа чунин бехабар аст.
Ҳар гиёҳе ки зи хоке дамаду ҳар барге,
Гар бидонӣ зи дили дарду дареғи дигар аст.
Аз даруни дили пӯрҳасрати ҳар хӯфта чунонки,
Оҳу фарёд ҳаме ояду гӯши ту кар аст.
Ту чунон фориғию боз наяндешӣ ҳеҷ,
Ки аҷал дар паи умри ту чунин баргӯзр аст.
Шуд бино гӯши ту аз панбаи кафанпӯшу ҳанӯз,
Панбаи ғафлату пиндор ба гӯши ту дар аст.
Рӯзи пирӣ ҳама кас беҳ шавад эй пири хуруф,
Бача табъии ту акнӯн аст ки вақти сафар аст.
Чу ба ҳафтод биюфтодӣ ва ин нест аҷаб,
Аҷаб инаст ки ин нафаси ту ҳар дам батар аст.
Ғарраи моли ҷаҳон гаштию маъзӯрӣ аз онки,
Зиндагии дили мағрӯри ту аз симу зар аст.
Чу ҳаёти ту ба сим аст пас аз умр магӯй,
Ки ҳаёти ту ба наздики хирад мухтасар аст.
Умрат ар кам шуду бигзашт чӣ бок аст аз ин,
Умр гӯ кам шав агар симу зарат бештар аст.
Бештар ҷон кану зар ҷамъ кун ва фориғ бош,
Ки ҳама симу зару мол бори сафар аст.
Шарм бодат ки намедонию огоҳ наӣ,
Ки дар ин роҳу дар ин бодия чандин хатар аст.
Эй дареғо ки ҳама умри ту дар ишва гӯзашт,
Кист к-имрӯз чу ту ишвадеҳу ишвахар аст.
Ту чунин хуфтаию ҳам роҳи ту аз пеш шуда,
Ту чунин ғофилу умри ту чу мурғӣ бе пар аст.
Мағз полудию бар ҳеҷ на дар хоб шудӣ,
Гӯё луқмаи ҳаррӯзаи ту мағзи хар аст.
Эй фурӯмондаи хӯд чанд бидорад охир,
Устухони ду ки дар чанги қазову қадар аст.
Ту кафи хокию пари боди ҳаво дори сар,
Бод пиндор туро хоки лаҳад коргар аст.
Як шаб аз баҳри Худо бехӯру бехоб наӣ,
Сад шаб аз баҳри ҳаво нафси ту бехобу хӯр аст.
Чун басе тавба бефойда кардӣ ба ҳавас,
Тавба аз тавба кун ар як нафасат моҳазар аст.
Хӯни дил бар рахт афшон ба саҳаргоҳ аз онки,
Тӯшаи роҳи ту хӯни дилу оҳи саҳар аст
Ҳалқаи даргаҳи Ӯ гиру дил аз даст бидеҳ,
Гарчи чун ҳалқаи дил имрӯзи туро дар бадар аст.
Дил пури умед кун ва сайқалаш кун ба сафо,
Ки дили поки ту ойинаи хуршед фар аст.
Ё раб аз фазлу карам дар дили Аттор нигар,
Ки дилашро ғами беҳуда нафар бар нафар аст.
Умр бар боди ҳавас доду ба фарёдаш рас,
Ки туро аз баду аз нек на нафъу ва на зар аст.
Қасидаи Аттори Нишопӯрӣ