
Ба гӯзориши ИКНА, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар сеюмин паёми тасвирӣ пас аз таҳоҷӯми режими саҳюнӣ ба кишвар унвон карданд:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Салому дурӯди фаровон ба миллати азизу бузӯрги Эрон.
Аввалан, ёди шаҳидони гаронқадри ҳаводиси ахирро гиромӣ медорам; сардорони шаҳид, донишмандони шаҳид, ки ҳаққану инсофан арзишманд буданд. Барои Ҷумҳурии исломӣ ва мардӯм хидмат карданд, имрӯз дар пешгоҳи Парвардигор подоши хадамоти барҷастаи хӯдашонро дарёфт мекунанд, иншоАллоҳ.
Лозим медонам ба миллати бузӯрги Эрон табрик арз бикунам. Чанд табрик ба миллат арз мекунам:
Яке табрики пирӯзӣ бар режими ҷаълии саҳюнист. Режими саҳюнӣ бо он ҳама ҳаёҳӯ, бо он ҳама иддао, дар зери заработи Ҷумҳурии исломӣ тақрибан аз по даромад ва леҳ шуд.
Фикри инки чунин заработе аз сӯи Ҷумҳурии исломӣ мумкин аст бар режим вориди бишавад, дар зеҳни онҳо ва хаёли онҳо хутӯр намекард ва иттифоқ афтод. Худоро сипос мегӯзорем, ки ба нерӯҳои мусаллаҳи мо кӯмак кард, тавонистанд аз дифои чандлояи пешрафтаи онҳо убӯр кунанд ва бисёре аз манотиқи шаҳрӣ ва низомии онҳоро зери фишори мӯшакҳои хӯдашон ва бо таҳоҷӯми қавии силоҳи пешрафтаи хӯдашон бо хок яксон кунанд!
Ин яке аз бузӯргтарин неъматҳои илоҳӣ аст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки режими саҳюнистӣ бидонад, ки таъаррӯз ба Ҷумҳурии исломии Эрон, барояш ҳазиназост, ҳазина барои ӯ эҷод мекунад, ҳазинаи сангин барои ӯ ба вуҷуд меоварад. Ва биҳамдиллоҳ ин иттифоқ афтод.
Ифтихораш мутаъаллиқ ба нерӯҳои мусаллаҳ ва мардӯми азизамон аст, ки ин нерӯҳои мусаллаҳро аз дарӯни хӯд эҷод карданд, тарбият карданд, пуштибонӣ карданду дасти онҳоро барои анҷоми як чунин кори бузӯрге фароҳам карданд, қавӣ карданд.
Табрики дувум, марбут ба пирӯзии Эрони азизамон бар режими Амрико аст. Режими Амрико вориди ҷанги мустақим шуд, чун эҳсос кард, ки агар ворид нашавад, режими саҳюнистӣ ба куллӣ нобуд хоҳад шуд. Вориди ҷанг шуд, барои инки ӯро наҷот бидиҳад. Лекин ҳеҷ дастоварде аз ин ҷанг надошт. Ба марокизи ҳастаии мо ҳамла карданд, ки албатта, ин ба таври мустақил дархӯри пайгирии ҷазоӣ дар додгоҳҳои байналмилалӣ аст, аммо натавонистанд кори муҳиме анҷом бидиҳанд.
Раиси ҷумҳурии Амрико дар шарҳи ончи воқеъ шуда буд, бузӯргнамоии ғайримутаъорафе кард, маълум шуд, ки ба ин бузӯргнамоӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳар касе мешӯнид он ҳарфҳоро, мефаҳмид, ки дар зери зоҳири ин ҳарфҳо як ҳақиқати дигаре вуҷӯд дорад. Коре натавонистанд анҷом бидиҳанд, ба мақсуде, ки доштанд натавонистанд бирасанд ва бузӯргнамоӣ мекунанд то ҳақиқатро бипӯшонанду махфӣ нигаҳ доранд.
Инҷо ҳам Ҷумҳурии исломӣ пирӯз шуду мутақобилан Ҷумҳурии исломӣ силии сахте ба гӯнаи Амрико навохт. Ба яке аз пойгоҳҳои муҳими Амрико дар минтақа - пойгоҳи Алъудайд ҳамла карду хисороте ворид кард. Ҳамон касоне ки дар он қазия бузӯргнамоӣ карда буданд, дар ин қазия саъй карданд кӯчакнамоӣ кунанд, бигӯянд ҳеҷ иттифоқе наафтода, дар ҳоле ки иттифоқи бузӯрге афтода буд.
Инки Ҷумҳурии исломӣ дастрасӣ дошта бошад ба марокизи муҳими Амрико дар минтақа ва ҳар вақт лозим донист алайҳи онҳо иқдом бикунад, ин ҳодисаи кӯчаке нест, ҳодисаи бузӯрге аст. Дар оянда ҳам ин ҳодиса қобили такрор аст. Дар сурате, ки таъаррӯзе сурат бигирад, ҳазинаи дӯшману ҳазинаи мутаарриз қатъан ҳазинаи болое хоҳад буд.
Табрики сеюм, табрики иттиҳоду иттифоқи фавқулодаи миллати Эрон аст. Биҳамдиллоҳ, як миллат дар ҳудуди навад миллион ҷамъият якпорча, яксадо, шона ба шона, дар канори ҳам, бидуни ҳеҷ гӯна тафовуте дар хостаҳо ва дар мақосиде, ки иброз мекунанд, истоданд, шиор доданд, ҳарф заданд, аз рафтори нерӯҳои мусаллаҳ ҳимоят карданд. Баъд аз ин ҳам, ҳамин хоҳад буд. Миллати Эрон бузӯргвории хӯдашро, шахсияти барҷаставу мумтози хӯдашро нишон дод, дар ин қазия ва нишон дод, ки дар ҳангоми лозим як садо аз ин миллат шунида хоҳад шуд ва биҳамдиллоҳ ин иттифоқ афтод.
Нуктае, ки ман мехоҳам ба унвони як нуқтаи асосии ароизам арз бикунам, ин аст, ки раиси ҷумҳурии Амрико дар яке аз баёноташ гӯфт, Эрон бояд таслим бишавад. «Таслим бишавад»! Баҳси ғанисозӣ дигар нест, баҳси санъати ҳастаӣ нест, баҳси таслими Эрон аст.
Албатта, ин ҳарф барои даҳони раисиҷумҳури Амрико хеле бузӯрг аст. Эрони бо ин азамат, Эрони бо ин таърих, Эрони бо ин фарҳанг, Эрони бо ин азми пӯлодини миллӣ, исми «таслим» барои як чунин кишваре мояи истеҳзои касонест, ки миллати Эронро мешиносанд.
Локин ин изҳори ӯ як ҳақиқатеро ошкор кард; амрикоиҳо аз аввали инқилоб бо Эрони исломӣ машғули муъориза ҳастанд, панҷа меафкананд, ҳар дафъае ҳам як баҳонае доранд: як бор ҳуқӯқи башар аст, як бор дифоъ аз демократия аст, як бор ҳуқӯқи зан аст, як бор ғанисозӣ аст, як бор асли масъалаи ҳастаӣ аст, як бор масъалаи сохти мушак аст. Баҳонаҳои гуногӯне меоваранд, аммо ботини қазия як чиз бештар нест ва он «таслими Эрон» аст. Қаблиҳо инро намегӯфтанд, чун ин қобили қабӯл нест, дар ҳеҷ мантиқи башарӣ қобили қабул нест, ки ба як миллате бигӯянд; биёед таслим бишавед, лизо онро зери ановини дигаре пинҳон мекарданд.
Ин шахс ошкор кард он ҳақиқатро, нишон дод ва фаҳмонд, ки амрикоиҳо фақат ба таслими Эрон розӣ мешаванд ва на ба камтар аз он. Ва ин як нуктаи мӯҳиме аст! Миллати Эрон бидонанд, иллати муъориза бо Амрико ин аст ва ин иҳонати бузӯрг ба миллати Эронро амрикоиҳо доранд ва чунин иттифоқе ҳам ҳаргиз нахоҳад афтод, ҳаргиз нахоҳад афтод!
Миллати Эрон миллат бузӯрге аст, Эрон кишвари қавӣ ва паҳноваре аст, Эрон дорои тамаддӯни кӯҳане аст, сарвати фарҳангӣ ва тамаддӯнии мо садҳо баробар бештар аз Амрикову амсоли Амрико аст. Инки касе таваққӯъ кунад, ки Эрон таслими кишвари дигаре бишавад, ин яке аз он муҳмалгӯиҳои ғалате аст, ки яқинан мояи истеҳзои афроди хирадманду афроди доно воқеъ хоҳад шуд.
Миллати Эрон азиз аст ва азиз хоҳад буд, пирӯз аст ва пирӯз хоҳад буд, ба тавфиқи илоҳӣ. Ва умедворем Худои мутаол ин миллатро дар зери сояи алтофи худаш ҳамеша бо иззату шараф маҳфуз бидорад. Дараҷоти имоми бузӯргворро олӣ кунаду ҳазрати бақиятуллоҳ (арвоҳуно фидо)-ро аз ин миллат розӣ ва хушнӯд кунаду кӯмаки он бузӯргвор пуштибони ин миллат бошад.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотӯҳ.
Сайид Алии Хоманаӣ
5/04/1404 ҳ.ш.
26/06/2025 м.