Паёми раҳбари инқилоби исломии Эрон Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон

بسم اللّه الرحمن الرحیم
انا للّه و انا الیه راجعون
Миллати азизи Эрон
Уммати бузурги исломӣ
Муҷоҳиди кабир, парчамдори муқовимат дар минтақа, олими бофазилати динӣ ва раҳбари мудаббири сиёсӣ ҷаноби Сайид Ҳасан Насруллоҳ (Ризвонуллоҳи алайҳ) дар ҳаводиси дишаби Лубнон ба файзи шаҳодат ноил омад ва ба малакӯт парвоз кард.
Сайиди азизи муқовимат подоши даҳҳо сол ҷиҳоди фи сабилиллоҳ ва дӯшвориҳои онро дар хилоли як пайкори муқаддас дарёфт кард. Дар ҳоле шаҳид шуд, ки саргарми тарроҳӣ барои дифоъ аз мардуми бепаноҳи Зоҳияи Бейрут ва хонаҳои вайроншуда ва азизони пар-паршудаи онон буд, ҳамчунон ки даҳҳо сол барои дифоъ аз мардуми ситамдидаи Фаластин ва шаҳру деҳоти ғасбшуда ва хонаҳои вайроншуда ва азизони қатли омшудаи онон тарроҳӣ ва тадбиру ҷиҳод карда буд. Файзи шаҳодат пас аз ин ҳама муҷоҳидат ҳаққи мусаллами Ӯ буд.
Дӯнёи Ислом, шахсияти боазамат ва ҷабҳаи муқовимат, парчамдори барҷаста ва Ҳизбуллоҳи Лубнон, раҳбари камназирро аз даст дод, вале баракоти тадбиру ҷиҳоди чанд даҳсолаи Ӯ ҳаргиз аз даст нахоҳад рафт
Асосе, ки Ӯ дар Лубнон поягузорӣ кард ва ба дигар марокизи муқовимат ҷиҳат бахшид, бо набуди Ӯ на танҳо аз миён нахоҳад рафт, ки ба баракати хуни Ӯ ва дигар шаҳидони ин ҳодиса истеҳкоми бештар хоҳад ёфт.
Зарбаҳои ҷабҳаи муқовимат бар пайкари фарсуда ва рӯ ба заволи режими саҳюнистӣ(Исроил), ба ҳавлу қувваи илоҳӣ кӯбандатар хоҳад шуд. Зоти палиди режими саҳюнистӣ дар ин ҳодиса ба пирӯзӣ даст наёфтааст.
Сайиди муқовимат як шахс набуд, як роҳ ва як мактаб буд ва ин роҳ ҳамчунон идома хоҳад ёфт. Хуни шаҳид сайид Аббоси Мӯсавӣ(раҳбари қаблии Ҳизбуллоҳ) бар замин намонд ва хуни шаҳид Сайид Ҳасан ҳам бар замин нахоҳад монд.
Инҷониб, ба падари бузӯргвор ва ҳамсари гиромии Сайиди азиз, ки пеш аз Ӯ фарзандаш Сайид Ҳодиро низ дар роҳи Худо дода ва ба фарзандони гиромияш ва ба хонаводаҳои шаҳидони ин ҳодиса ва ба якояки афроди Ҳизбуллоҳ ва ба мардуми азизу мақомоти олияи Лубнон ва ба саросари ҷабҳаи муқовимат ва ба маҷмуаи уммати исломӣ шаҳодати Насруллоҳи бузӯрг ва ёрони шаҳидашро табрику таслият арз мекунам ва дар Эрони исломӣ панҷ рӯз азои умумӣ эълом менамоям. Худованд ононро бо авлиёаш маҳшӯр фармояд.
Вассалому ало ибодиллоҳис-солеҳин
Сайид Алии Хоманаӣ
7/07/1403 ҳ.ш.
28/09/2024 м.
 

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст