Тобиши нури ҷаҳон фархунда бод,
 
Рафтани ҷаҳлу гумон фархунда бод
 
Зодрӯзи он шаҳи меъроҷу он,
 
Иллати ҳафт осмон фархунда бод
 
 Ҳафтаи «Ваҳдат» нишони якдилист,
 
Фитна рӯбиҳои он фархунда бод
 
Дасти ваҳдатро ба дасти ҳам диҳем,
 
Дӯстии якдилон фархунда бод
 
Чашми душман зин муҳабат кӯр бод,
 
Кӯрии он фитнарон фархунда бод
 
Байти охирро нисори ошиқон,
 
Мекунам кـин идатон фархунда бод
 
«Зодрӯзи Хотами пайғамбарон,
 
Бар тамоми ошиқон фархунда бод».

Ҳабиби Навбахт 
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст