Арбаин меояду ин чашм гирён мешавад
Дил хумору зоири қабри шаҳидон мешавад
Ёди Сибти Мустафову ташнакомони бало
Карбало мотамсарои аҳли имон мешавад
Ғуссаҳои Оли Тоҳо дар масири Кӯфа-Шом
Ёди шоми торашон дар кунҷи вайрон мешавад
Боз тоза ғуссаҳои Зайнаб аз Карбу бало
Сайиди Саҷҷод з-ин ғам ашкрезон мешавад
Маҷлиси шоми Язиду лаъли лабҳои Ҳусейн
Кинаҳо бо хайзарон ин дам намоён мешавад
Гӯшаи вайрона гӯӣ ғунчае рӯидааст
Оҳу сад афсӯс ӯ ҳам баргрезон мешавад
Боз гӯё як сари бетан ба назди духтараш
Ё ки хуршеде ба назди моҳ меҳмон мешавад
Боз гӯё духтаре аз шавқи дидори падар
Шикваҳову гиярҳо бинмуда беҷон мешавад
Боз гӯё Ҷобир ояд бо Атия Карбало
Ҳоли ӯ з-ин мотами узмо парешон мешавад
Боз гӯё Зайнаби ғамдида аз Шоми бало
Мерасад бар Карбалову зору нолон мешавад
Корвони Оли Ёсин маҷлисе барпо намуд
Дашти хун бо ашки Зайнаб пур зи борон мешавад
Ғам фузун гашта зи ҳад ғамхори Зайнаб рафтааст
То абад дунёи ӯ тору ғамистон мешавад
Нолаҳои Зайнабу хуни дили Саҷҷоди дин
Тоза аст ҳар рӯз то Маҳдӣ намоён мешавад
Ҳар диле ҳамнолаи Зайнаб шавад дар Арбаин
Дардҳояш рӯзи маҳшар нек дармон мешавад