Иди Қурбон ҷилваи тақарруб ва наздикӣ ба Худо
Иди Қурбон мазҳари бандагии Худо, наздикӣ ба Ӯ ва таслими фармонаш будани иброҳимиён аст. Ин рӯз замони наздикии мусулмонон ба Худои Мутаол дар сояи бандагӣ бо қурбонӣ кардани азизҳо ва чизҳои боарзиши хӯд ба даргоҳи “азизтарин”, яъне Худои Мутаол аст.
Ҳар касе ризояти худро фидои ризояти Худо кунад, аз доштаҳояш барои иҷрои фармони Худо бигузарад ва аз хостаҳои дили хеш дар роҳи ирода ва хости Худо чашм пӯшад ба Худо наздик мешавад.
“Қурбонӣ” василаи қурб ба Худо ва иди Қурбон рӯзи фидокорӣ, ихлосу ишқ ва наздикӣ ба Парвардигор ва озод шудан аз вобастагиҳои шахсӣ ва дунявӣ дар пешгоҳи иродаи Аллоҳ аст.
Ҳазрати Иброҳим аз имтиҳони Худо сарбаланд берун омад ва ҳозир шуд фарзанди дилбандашро дар роҳи ризои Худо қурбонӣ кунад. Ислом низ хостааст, ки мусулмонон ҳар сол иди Қурбонро ҷашн бигиранд, то ин аслу арзишҳои муқаддасро ҳамеша дар назар дошта бошанд ва барои иҷрои фармонҳои Худои Мутаол ва ба даст овардани ризояти Аллоҳ омодаи ҳар гуна фидокорӣ ва аз хӯдгӯзаштагӣ бошанд.
Иди Қурбон нишонае аз таслими комил
Иди Қурбон бо ёдоварии хотираи ҳазрати Иброҳим ва Исмоил (а), нишона ва самбуле аз таслими маҳзу комил барои иҷрои фармони Худоро пеши рӯи муъминон ба намоиш мегузорад ва ба мусулмонон меомӯзад, ки на танҳо бояд фақат бо забону гуфтор, ваҳдонияту ягонагии Худовандро тасдиқ кунанд, балки бояд бо тамоми вуҷуди хеш, таслими маҳзу комили Худо ва ҳаққу ҳақиқат бошанд.
Ҳоҷиён низ бо анҷоми аъмоли Ҳаҷ таслими маҳзу комил будани худро дар баробари Худованд эълон медоранд ва бо Иброҳими Халилуллоҳ (а), раҳбари таслимшавандагони маҳз дар баробари дастуроти Илоҳӣ ҳамроҳ ва ҳамзабон мешаванд.
Хушо онон, ки бо ҳақ ошноянд
Мутеи маҳзи фармони Худоянд
Чу Иброҳим Исмоили худро
Фидои амри Аллоҳ менамоянд
*****
Бигзар аз фарзанду ҷону ҳамсарат,
То Халилуллоҳи давронат кунанд!
Сар бинеҳ бар каф, бирав дар кӯи дӯст,
То чу Исмоил қурбонат кунанд!
*****
Нишонам деҳ сироти равшанамро,
Худамро, боварамро, буданамро
Худовандо, ман аз насли Халилам
Ба қурбонгоҳ меорам «манам»-ро
*****
Сарбаландии Иброҳим, оромиши Исмоил, умедвории Ҳоҷар, сафои замзам, раҳоӣ аз ҳавои нафсу шайтон, касби ризои Худои меҳрубон, атри Арафа ва баракати иди Қурбонро барои шумо орзумандем!
Иди саъиди «Қурбон», шукӯҳи бандагиву таслиму имон, ноумедӣ ва шикасти шайтон ва ҷашни «тақаррӯб ва наздикӣ» ошиқон ба даргоҳи Худои меҳрубон бар ҳамаи мусулмонони ҷаҳон муборак бод!