Раҳоии бандагон аз оташи ҷаҳаннам дар рӯзи Арафа.
Рӯзи Арафа рӯзи нуҳуми зулҳиҷҷа аст, ки ҳоҷиён дар он рӯз аз Мино ба Арафот мераванд ва пас аз завол то ғуруби офтоби он рӯз рукни вуқуфро дар он ҷо анҷом медиҳанд.
Рӯзи Арафа бузургтарин рӯз барои дуо кардан аст. Расули Акрам (с) фармуданд:
خَيْرُ الدُّعَاءِ دُعَاءُ يَوْمِ عَرَفَةَ، وَخَيْرُ مَا قُلْتُ أَنَا وَالنَّبِيُّونَ مِنْ قَبْلِي: لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَحْدَهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ، وَلَهُ الْحَمْدُ، وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Беҳтарин дуо дуое, ки рӯзи Арафа хонда шавад. Он дуое, ки ман ва паёмбарон, пеш аз ман гуфтанд, беҳтарин дуо аст: Ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест. Нест шарике барои Ӯ ва аз они Ӯст мулк. Ва аз они Ӯст ситоиш ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност.(Тирмизӣ)
Дар маънои калимаи «Арафа», ки «эътироф» кардан аст ва ҳоҷиҳо дар рӯзи «Арафа» ба Холиқу Ҷалолу Азамати Аллоҳ Таъоло ва инчунин банда будан, фақир будан ва доимо муҳтоҷ ба Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) будани хешро эътироф мекунанд.
9 зиҳаҷа рӯзи Арафа рӯзи ниёиш ва ибодат аст. Рӯзе ки маърӯф ба бахшиши гуноҳон ва қабӯли тавба аст рӯзе, ки Худованди Мутаъол бандагонашро ба сӯи хӯд ва ба таври вижа фаро мехонад.
Арафа аз идҳои бузӯрги исломӣ аст ва касе ки битавонад ин рӯзро дар саҳрои Арафот бошад тавфиқи бузӯрги дорад. Рӯзи Арафа аъмол ва дӯъоҳои фаровони дорад ва беҳтарин амал дар ин рӯз дӯо аст миллионҳо зоири хонаи Худо дар рӯзи Арафа сафедпӯш ва лабайк гӯён раҳсупори саҳрои Арафот мешаванд.
Дар бораи рӯзаи рӯзи Арафа (9-уми зулҳиҷҷа ) аз Паёмбари Худо(с) суол шуд:Фармуданд: يُكفِّر السنة الماضية والباقية
Дар бораи рӯзаи рӯзи Арафа (9-уми зулҳиҷҷа ) аз Паёмбари Худо(с) суол шуд:Фармуданд: يُكفِّر السنة الماضية والباقية
Кафораи гуноҳони соли гузашта ва соли оянда мешавад. (Муслим: 1162)
Пас эй бародарону хохарон! Фурсатро ғанимат доне два дар рӯзи Арафа рӯза доред, шояд соли оянда барои мо имкони рӯза доштани ин рӯз муяссар нашавад!